logo

номаҳо

ЗАБОН. ЧАНД ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

Суханронии Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (4 октябри соли 2019) дар маркази диққат  ва омӯзиши мо – омӯзгорон, хосса омӯзгорони забон қарор дорад. Бо ин васила ба таърих, мақом ва маданияти ин забони ноб бештар аз пештар ошно гардидем. Бешак, боиси ифтихор аст, ки забони мо забони тоҷикӣ аст ва кишварамон Тоҷикистон ном дорад. Аз ин рӯ, набояд фирефтаи ҳар гуна иғвоҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва душманони ин забону ин давлат бишавем.
Охир, бояд шукр бигӯем, ки соҳибдавлатему истиқлол дорем ва давлатеро бо ин ном мешиносанду эътироф менамоянд. Парчами давлатии мо дар бисёр чорабиниҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву варзишӣ барафрохта мешавад. Ҳол он ки баъзе аз миллатҳо, халқиятҳо инро орзу мекунанд. Дар ин маврид бояд сипосгузор аз Пешвои миллат бошем. Забони давлатӣ пас аз истиқлолияти кишвар маҳз дар даврони сарварии ӯ  мавқеи сазовори худро соҳиб гардид. Забони расмии коргузорӣ тоҷикӣ шуд.
Дар ин суханронӣ, аз ҷумла таъкид доштанд: «Мо бояд барои устувор гардондани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем». Ин суханони пурмуҳтаво ва муҳимро мо бояд чун дастури кору рӯзгор бипазирем ва дар пайи иҷроишаш пайваста, бо шинохти масъулият саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳем.
Воқеан, ин забон дар тӯли таърих омили муҳимтарини  муттаҳидкунандаи миллат ба шумор мерафт. Имрӯз низ забони давлатӣ ҳамин рисолатро дорад. Ба ин хотир эътироф гардид, ки  забони миллат ҳастии миллат аст.
Вобаста ба ин суханронии пурмуҳтаво чанд пешниҳод дорам. Пеш аз ҳама, он бояд дар шакли китоби алоҳида ба нашр ва дастраси тамоми омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гардад. Омӯзгоронро зарур аст, ки  аз он дар дарсҳо самаранок истифода баранд. Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ, ки бовар дорам, бо ислоҳ аз нав нашр мешавад, бояд китоби рӯимизии ҳар муаллим бошад.
Ба табъ расондани фарҳангҳои тафсирӣ низ бисёр зарур аст. Нархи онҳоро набояд баланд бинамоянд, то имкони хариданашонро дошта бошем.

Рӯзафзун ДОДАРҶОНОВА, омӯзгор, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2019    №: 228    Мутолиа карданд: 4027
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед