logo

фарҳанг

"ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР". ЧАНД ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» барои ҷалби бештару беҳтари аҳли ҷомеа ба китобхониву донишандӯзӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд. Бо назардошти талаботи низомномаи озмуни мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, ноҳияи Фирдавсӣ силсилаи чорабиниҳо баргузор гардиданд. Аз ҷумла, суҳбату вохӯриҳо бо адибон, конференсияи хонандагон бахшида ба санаву ҷашнвораҳои таърихӣ ва намоиши китобу мусаввараҳо, ташкил карда шуданд. Намоиши асарҳои Пешвои миллат, бахусус китоби «Чеҳраҳои мондагор» хеле ҷолибу хотирмон сурат гирифт.
«Чеҳраҳои мондагор» дар асоси зиндагиномаи ибратомӯзи фарзонафарзандони халқи тоҷик, ки ҳар кадом дар пешрафти фарҳангу тамаддуни миллӣ ва башарӣ саҳми босазо гузоштаанд, навишта шудааст.
Он аз бахшҳои «Бунёдгузори давлати мутамаддин» (Куруши Кабир),  «Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол» (Спитамен), «Паёмбари оини ростин» (Зардушт), «Бозтоби нур дар зулмот» ва «Пешвои мардумдӯсти Эрони бостон» (Монӣ ва Маздак), «Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ» (Муҳаммад (с)), «Асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро» (Имоми Аъзам), «Абармарди хираду сиёсат» (Исмоили Сомонӣ), Қофиласолори адабиёти тоҷику форс» (Рӯдакӣ), «Ситоишгари адлу дӯстӣ» (Фирдавсӣ), «Мутафаккири абадзинда» (Сино), «Суханвари бузург ва марди андеша» (Носири Хусрав), «Шахсияти бузург ва камназири олами ирфон» (Шамси Табрезӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ), «Таблиғгари сохтори сулҳ ва ваҳдату субот» (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ),  «Бунёдгузори кохи азими сухан» (Камоли Хуҷандӣ), «Пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон» (Абдураҳмони Ҷомӣ),  «Нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар» (Бедил), «Суханвари номвари адабиёти тоҷик» (Туғрал), қаҳрамонони Тоҷикистон: Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ва «Мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ» (Сотим Улуғзода) иборат аст.
Бисёр хуб мешуд, агар омӯзиши китоби «Чеҳраҳои мондагор» - и Пешвои миллат дар нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ворид карда шавад. Ин иқдом ба афзудани ҳисси худшиносиву ватанпарастии онҳо мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар байни хонандагони синфҳои болоӣ аз рӯи китоби «Чеҳраҳои мондагор» - и Пешвои миллат баргузории озмуну маҳфилҳои гуногун мувофиқи мақсад аст, зеро ҳангоми мутолиаи китоби мазкур шахсро ҳаяҷон фаро гирифта, таърихи пуртазоди миллати тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷик пеши назараш ҷилвагар мешавад ва ифтихор аз тоҷик будан мекунад. Ин китоби пурмуҳтаво аз зиндагӣ ва осори аҷдодони бузургу барӯманди мо – ориёитаборон ҳикоят мекунад, ки номашон дар сафҳаи таърихи башар бо хати заррин сабт гардидааст.
Ба андешаи мо, агар бахшҳои китоби «Чеҳраҳои мондагор» - и Пешвои миллат дар шакли китобчаҳои алоҳида ба нашр расида, дастраси хонандагони сершумори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мегардид, хело хуб мешуд.

Бону ШОДИЕВА, мудири китобхонаи МТМУ № 18, ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2019    №: 229    Мутолиа карданд: 960
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед