logo

энергетика

НУРИ РАҲМОНӢ БА "РОҒУН" ҲАМ РАСИД

Неругоҳи барқи обии “Роғун” самараи истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ - Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин туҳфа ба мардуми шарифи Тоҷикистон буд.

“Роғун” ҳамчун иншооти тақдирсоз натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди кишвар мебошад, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бунёд гашта истодааст.
Мегӯянд, миллатеро, ки Худо дӯст дорад, роҳбари оқилу доноро насибаш мегардонад. Маҳз ақлу заковат, ҷасорату ҷуръат, фидокориву ҷоннисорӣ, меҳандӯстиву раиятпарварии Сардори давлат буд, ки мо - мардуми волофарҳанги тоҷик ба чунин рӯзҳои хуш расидем.
Воқеан ҳам, Пешвои муаззами миллат, ҳамчун шахсияти таърихсоз дар марҳилаи кунунии дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии мо тавонист ҳар қавлеро, ки ба мардумаш дода буд, сарбаландона иҷро намояд. Тоҷикистонро аз харобаҳои баъдиҷангӣ бурун сохта, ба кишвари чароғону обод табдил дода, роҳ ба сӯйи рушди устуворро пеш гирифт. Ҷавонии худро фидои ҳамеша ҷавон мондани Тоҷикистон ва мардуми тоҷик намуд. Сидқан дӯст доштани Ватану миллатро ба ҳамагон бо амалашон омӯхт. Устуворӣ дар роҳи ба даст овардани мақсад, иродаи матин ва рӯҳафтода нашудан дар назди мушкилиҳо аз накутарин хислатҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо Пешвои муаззами миллат дар шароити пурталотуми ҷомеаи ҷаҳонӣ давлатдории миллии моро беосеб пеш бурда истодаанд.
Ба василаи мушкилнописандӣ ва рӯҳи қавию иродаи устувори  ӯ  мо имрӯзҳо шоҳиди ба воқеият мубаддал гаштани афсона ва орзую ормони миллат гашта истодаем. Кору пайкор ва фаъолияти таърихсозиаш аз корномаи як шахсияти бузурги таърихӣ дар масири бунёди давлатдории миллӣ дарак медиҳад, ки аз ин метавон ифтихор кард. Бо пурра бунёд гаштани Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғози боз як марҳилаи нави таърихӣ моро дар пеш аст, ки имкониятҳои бештареро баҳри таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва рушди устувор фароҳам оварда, халқро дар роҳи бунёдкорию созандагӣ раҳнамун ва рӯҳбаланд месозад. «Роғун» шаҳодати ҳамдилии Пешвои миллат бо ҷомеа аст, ки имрӯз муваффақиятро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ таъмин намуда истодааст.
Пешвои миллат,  барҳақ таъкид мекунанд:
«Он рӯз дур нест, ки дар партави нури "Роғун" Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт». Воқеан он рӯз расид, ки ба воситаи нури Раҳмонӣ партави нури «Роғун» Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷиконро ҷилои тозае бахшид.
Бешубҳа, тақдири сохтмони ин иншооти азими аср ба Пешвои миллат тааллуқ дорад ва аз ин лиҳоз, месазад, ки ба хотири хизматҳои шоён ва нотакрораш НБО «Роғун» ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ шавад!

Исфандиёр БАДАЛОВ, докторанти PhD-и Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2019    №: 229    Мутолиа карданд: 13617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед