logo

фарҳанг

ВАТАН ВАҚТЕ ФАРЗАНДОНИ ҶОННИСОР ДОРАД...

Самараи ҷоннисориҳо ва саъю талошҳои бемисли Шириншоҳ Шоҳтемур, ин арбоби барҷастаи давлатию сиёсат ва дигар ҳаммаслаконаш буд, ки дар асри XX кишваре нав бо номи Тоҷикистон дар  харитаи дунё арзи ҳастӣ  кард. Барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар поягузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон 27 июни соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Шириншоҳ Шоҳтемур  унвони олии Қаҳрамони  Тоҷикистон дода шуд.
Набераи Шоҳтемур Иқболшо  Шокамолов, номзади илмҳои математикаю физика, бо сипос аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳақиқати таърихӣ нисбат ба Шоҳтемур ғалаба кард, ҳамаи он нафароне, ки бо унвони  олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр  гардиданд, ба ин арҷгузорӣ ва ин ном сазоворанд.
Парвози ин уқоби кӯҳистон,  ба сӯйи уфуқҳои дуродури сиёсат  ва ташаккул ёфтани вай ҳамчун шахсияти  барҷастаи таърихӣ аз  кулбаи танги урфии помирӣ - воқеъ дар деҳаи Тишори Ҷамоати деҳоти Поршневи  ноҳияи Шуғнон оғоз гирифт, ки имрӯз ба осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон табдил ёфтааст.
 Дар айёми наврасӣ дар ҳаёти Шириншоҳ воқеае рух дод, ки тақдири минбаъдаи ӯро куллан дигар кард. Марди фозилу донишманд Саидмаъсум истеъдод ва завқи беандозаи ӯро ба донишомӯзӣ  дида, ба нахустин мактаби русӣ, ки дар Хоруғ кушода шуд, тавсия дод.
Муддати чанд соли  таҳсил дар мактаби русӣ  Шириншоҳ  бо зеҳни тез, меҳнатдӯстӣ, хушмуомилагӣ ва  ростқавливу  поквиҷдониаш ном баровард. Соли 1914 афсари рус Димитрий Сергеевич Тапорнин ба Тошканд бармегардад ва Шириншоҳи 15 – соларо ҳамроҳ мегирад.
Ба бовари доктори илмҳои филология Назрӣ Офаридаев, дар ташаккули шахсияти Шириншоҳ Шоҳтемур таҳсил дар Тошканд ва муҳити хонаводагӣ асар гузошта буд. Зеро деҳоти Поршневи Шуғнон, ки айёми кӯдакиву наврасиаш   он ҷо гузашт, макони олимон , фозилон ва шоирон буду ин муҳит ба ҷаҳонбинии Шириншоҳ  бетаъсир намонд.
Фаъолияти сиёсии Шириншоҳ  аз соли 1921, аз давраи таҳсил  дар  дорулмуаллимин, ҳангоме ки ӯро ба  Кумитаи Иҷроияи Марказии Туркистон даъват намуданд, оғоз ёфт. Дар қатори 500 донишҷӯи пролетарӣ, ки дар ҳайати  комиссияи озуқаворӣ ба манотиқи гуногун сафарбар гардиданд, Шириншоҳ намояндаи кумита дар ноҳияи Дилварзини уезди Хуҷанд таъйин шуд. Дар иҷрои ин супориши нахустин, Шириншоҳи ҷавон талоши зиёд ба харҷ дод. Кумитаи озуқаи уезди Хуҷанд Шириншоҳро чунин тавсиф кардаст: «Таҷрибаомӯз Шоҳтемур  одами босавод, устувор, боинтизом ва пухтакор. Ба вай кори мустақилонаро бовар кардан мумкин аст».
Худи ҳамон сол Шириншоҳ ба Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии  Туркистон даъват шуда, бо  супориши махсус ва таъҷилӣ дар ҳайати  сегонаи ҳарбӣ - сиёсӣ  барои  таъсис додани  Ҳокимияти Шӯравӣ дар  марзи Ҳинду Хитой ва Афғонистон ба Помир фиристонда мешавад. Дастаи 250 - нафараи афсарону аскарон бо роҳбарии Дяков, Ҳусейнбоев ва Шириншоҳ Шоҳтемур собитқадамона парчами озодиро то Хоруғ расонданд. Сегона дар муддати кӯтоҳ дар Помир қароргоҳҳои марзбонии холимондаро аз нав пурра намуда, кумитаҳои инқилобӣ таъсис дод ва  ислоҳоти заминро гузаронд.   
 Соли 1923 Шириншоҳ дубора ба Тошканд даъват шуда, инструктори зершуъбаи ақаллиятҳои миллии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Туркистон ва роҳбари бахши тоҷикии он таъйин гардид. Дар ин давра бахши тоҷикӣ нахустин ниҳоди расмии ҳукумати нав буд, ки ба масоили тоҷикон сару кор мегирифт. Шириншоҳ Шоҳтемур нахустин шахсе буд, ки барои китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ ба шуъбаи маориф муроҷиат намудааст ва ҷиҳати камбуди чунин китобҳо худ ташкилотчии интишори  китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ гардидааст.
Дар даврае, ки Шоҳтемур  бахши тоҷикии ақаллиятҳои миллиро намояндагӣ  мекард, тоҷикон зери сахттарин фишор ва тазъйиқ қарор доштанд. Дар Низомномаи Мухторияти Туркистон, ки аз моҳи марти соли 1920 амал мекард, омада буд: «Туркистон - Ҷумҳурии Мухтори халқҳои асосии ин сарзамин - туркманҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо  мебошанд». Пантуркистон  аз мавҷудияти сокинони бумии қадимтарини ин ҳудуд –тоҷикон  қасдан дар  ҳуҷҷатҳое, ки ба Маскав мефиристоданд, ном намебурданд.Ҷонибдорони Туркистони Бузург барои расидан ба ҳадафҳои худ моҳирона аз ҳар маврид, ҳатто  аз бесаводии омма ва ақидаҳои диниаш суиистифода мекарданд. Ба мардум талқин менамуданд, ки касе худро тоҷик нависад, шиа аст,  нигоштааст дар муқаддимаи «Намунаи адабиёти тоҷик»   Камол  Айнӣ.
Ҳодисаҳое ҷой доштанд, ки зери таъсири чунин фишорҳои сахти равонӣ  тоҷикони бархе аз  маҳалҳо, агар  ҳангоми  барӯйхатгирии аввал   худро тоҷик  мегуфтанд, дар рӯйхатгирии такрорӣ  сартосар худро  ӯзбек менавиштанд. Дар чунин давраи ҳассоси тақсимоти миллӣ - ҳудудӣ дар ҳоле ки   аксари роҳбарони  сиёсии миллаташон тоҷик мавқеи нодуруст  ва хиёнати ошкоро пеш гирифтанд, Шириншоҳ, бедудилагӣ ба суоли дар куҷо кор кардан мехоҳед, дар анкета навишта буд: «Куҷое бошад, бо тоҷикон бошам».
Дар чунин давраи сарнавиштсоз ба мақсади таҳким бахшидани худшиносии миллӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Абдураҳим Ҳоҷибоев   ба ташкили рӯзномаи алоҳидаи тоҷикӣ бо номи «Овози тоҷик», ки шумораи нахустини он моҳи августи соли 1924 интишор гардид, муваффақ шуда,  устод  С. Айнӣ  ва  равшанфикрони дигарро  ба кор ҷалб намуданд, ёдовар гардидааст дар суҳбат бо журналист Қурбони Аламшо академик Камол Айнӣ.      
Шириншоҳ Шоҳтемур 16 январи соли 1925 ба ҳайси Комиссари халқии инспексияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Намояндаи ваколатдори Кумитаи Марказии  Ҳизби Коммунисти Ӯзбекистон бо нахустин ҳавопаймо ба Душанбе омад ва деҳаи Душанберо ҳамчун пойтахт ба қабули нахустин Ҳукумати  қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода кард. Ҳукумати нав 15 марти ҳамин  сол  дар Душанбе ба  кор оғоз намуд. Дар митинги тантанавӣ  ба ифтихори ин сана аввал Нусратулло Махсум ва сипас Шириншоҳ Шоҳтемур аз минбари худсохти чӯбин ҳозиронро муборакбод намуданд.
Пешрафти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии мухторро ҳаракати босмачигарӣ,  ки дар ҷануби кишвар авҷ гирифт, бозмедошт. Шириншоҳ Шоҳтемур дар раъси комиссияи махсус  ба Кӯлоб фиристода мешавад. Комиссия таҳти роҳбариаш дар таъсис додан ва пурра намудани ҳайати ревкомҳо дар маҳалҳо, вусъат бахшидани кори  маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ нақши муҳим бозид.
Ба ҳайси ҷумҳурии мустақил шомил шудан ба ҳайати  ИҶШС  орзуву омоли кулли мардуми тоҷик буд, ки Шириншоҳ Шоҳтемур барои амалӣ  шудани он талоши шоиста ба харҷ дод.  Муҳаққиқон, аз ҷумла академик Муҳаммадҷон Шакурӣ Шоҳтемурро нахустин арбоби давлатӣ медонад, ки  оид ба вазъи тоҷикон  ба Сталин мактуб навишт. Ба гуфтаи академик, хизмати Шоҳтемур барои ба ҷумҳурии мустақил табдил додани Тоҷикистон басо бузург аст.
- Аз соли  1926  сар карда, оид ба вазъи тоҷикон ба Сталин якчанд нома рафт, аз номи Нисор Муҳаммад, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нусратулло Махсум, вале нахустини ин номаҳо номаи Шоҳтемур буд, - баён дошт дар суҳбат академик.  
  Ба ҳайси раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар солҳои 1933 - 1937 барои эҳё ва рушди саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳангу тандурустӣ хизматҳои шоиста анҷом дод. Сатҳи саводнокии аҳолии Тоҷикистон дар соли 1936 ба 60 дарсад расида, дар макотиби кишвар аллакай бештар аз 70 ҳазор духтар таҳсил мекард. Бо ташаббуси вай нахустин рӯзномаҳои русизабон дар ҷумҳурӣ  арзи вуҷуд намуда, теъдоди интишори  китобҳо  ба забони тоҷикӣ афзоиш ёфтанд. Ш.Шоҳтемур муаллифи нахустин Конститутсияе буд, ки аз соли 1937 то 1978 дар ҶШС Тоҷикистон амал мекард.
 Соли 1934 бо ибтикори Шоҳтемур  ҳазораи  бузургдошти  аллома Абулқосим Фирдавсӣ  бо тантана таҷлил  гардид. Шоҳтемур  ба устод Айнӣ эҳтироми  махсус дошта, маҳз  бо супориши вай ҳамчун садри ҳукумат соли  1935 манзили истиқоматии  Айнӣ таъмир ва  автомашинаи хизматии сабукрав дар ихтиёраш қарор дода шуд. Ҳамзамонони ин фарзанди фарзонаи миллат ёдовар мешаванд, ки Шоҳтемур дар мансабҳои баландтарин ҳам ҳамеша бо мардум буд. Дар байни коркунони ҳизбию давлатии воломақом нахустин шахсе буд, ки ба мақсади наздиктар сохтани Ҳукумат бо мардум масъалаи  кушодани кабулгоҳи ҷамъиятиро  ба миён гузошт.
 Шириншоҳ Шоҳтемур дар қатори ҳазорон қурбониёни ноадолатӣ  моҳи июни соли 1937 бо иттиҳоми душмани халқ ба ҳабс гирифта шуда, пас аз се моҳ бо ҳукми Коллегияи суди ҳарбии ИҶШС  парронда мешавад. Вале корҳои бузурги анҷомдодаи ин фарзанди вафодор ва ҷоннисори миллат ӯро  Қаҳрамони Тоҷикистон  гардонданд. Қаҳрамони кишваре, ки  бо азму ирода ва талошҳои беназири фарзанди фарзона ва Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон мақом ва  шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт.

Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2019    №: 229    Мутолиа карданд: 918
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед