logo

сиёсат

30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ҶАШНЕ, КИ ОЯНДАСОЗ АСТ

Бо қаноатмандӣ ва итминони комил иброз медорам, ки мардуми деҳоти Пушинг дар ҷодаи заҳмати созанда ба хотири таҷлили ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон намунаи ибрати дигарон хоҳанд буд. Бовар дорам, ки сокинони заҳматпешаи ноҳияи Данғара, аз ҷумла деҳоти Пушинг, барои дар сатҳи баланд ва бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ истиқбол гирифтани Ҷашни муқаддаси 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон дучанд заҳмат кашида, ноҳия ва деҳоти худро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободонӣ бомаром ҷараён доранд. Бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону ҷавонмардони баору номуси ноҳияи Данғара, хусусан деҳаи Пушинг, дар қатори ҳамватанони худ барои ободии ноҳия камари ҳиммат бастаанд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, соли равон Пешвои миллат бо сафари корӣ ба деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо буридани лентаи рамзӣ як қатор иншооти таъйиноти гуногунро мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла, бо иштироки Пешвои миллат, роҳи мошингарди Данғара - Пушинг ба масофаи 18 километр ба истифода дода шуд. Ин роҳ, ки қариб 30 сол харобу валангор буд, бо дастури Роҳбари давлат навсозӣ  гардида, мушкили сокинон ҳал шуд. Ҳамчунин, роҳҳои дохилии деҳаи Пушинг ба масофаи зиёда аз 16 километр мумфаршу чароғон гардида, дар атрофи онҳо ҳазорон бех дарахтони ороишиву сояафкан шинонда шуд.
Пешвои миллат, инчунин, дар маркази деҳа мактаби замонавиро ифтитоҳ намуданд, ки  барои 1520 хонанда бо 30 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ ва толору майдончаи варзиш қомат афрохта, дар он барои таълиму тарбияи насли наврас шароиту имкониятҳои беҳтарин фароҳам оварда шудаанд. Илова бар ин, аз ҷониби соҳибкорони саховатманди деҳа барои беҳсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳо ва коҳиш додани сатҳи фавти модару кӯдак маркази саломатӣ навсозӣ гардида, дар шафати он таваллудхона бунёд гардид.
Бо мақсади дар тамоми фаслҳои сол бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ, аз канали асосӣ ба масофаи 7,5 километр хати оби ошомиданӣ кашида шуда, обанбор бо ғунҷоиши 500 метри мукааб бунёд ёфт. Сокинон бо истифода аз ин имконот обёрии 500 гектар замини лалмии деҳа ва парвариши дарахтони мевадиҳандаро ба роҳ монда, барои минбаъд беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот сардхона бо ғунҷоиши 100 тонна маҳсулот сохтанд. Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз доштанд, ки мардуми шарафманди ноҳияи Данғара ва деҳоти Пушинг солҳои охир бо рӯҳияи баланди миллӣ ва заҳмати софдилонаашон исбот карда истодаанд, ки метавонанд бо амалҳои неки ободгаронаашон барои фарзандони худ як мулки ободу пешрафтаро ба мерос гузоранд.
Иншооти дигаре, ки бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Пушинг бунёд карданд, маҷмааи майдони Парчаму Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад. Дар ҳудуди майдони Парчам ва Нишон, ки 2,5 гектарро ташкил медиҳад, гулгашт, боғи фароғатӣ, варзишгоҳ бо 2500 ҷойи нишаст ва растаи ҳунармандон эъмор шудааст. Барои сайругашти шомгоҳии мардум 20 чароғ гирдогирди майдон насб гардида, барои ороиши мавзеъ 1000 ниҳолҳои гуногуни сояафкан шинондаанд. Акнун имкон аст, ки дар ин майдон сокинон бозиҳои гуногун ва барномаҳои бошукӯҳи идона доир намоянд.
Барои истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини боғи Парчам ва Нишони давлатӣ дар зери нишастгоҳҳои варзишгоҳ барои ҳунармандон 18 дукон сохта, ба сокинони деҳа ройгон пешкаш шудааст, то ин ки устоҳои чӯбу оҳан, дӯзандаҳои моҳир аз он самаранок истифода бурда, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.
Илова бар ин,  боғи фарҳангӣ – фароғатӣ бо ҳавзи парвариши моҳӣ ба фаъолият шурӯъ кард.  Масоҳати умумии тамошогоҳ 6 гектарро ташкил медиҳад. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд. Дар ҳудуди мавзеи сайругашти сокинон 2,5 ҳазор дарахтони гуногуни ороишию сояафкан шинонда шуд. Барои мусоидат ба истироҳату фароғати мардум 4 суҳбаткада, 4 кат ва 30 курсӣ гузошта шудааст. Аз ду тарафи роҳравҳои ин мавзеи хушбоду ҳаво лавҳаҳои шеъру андарзҳои бузургон, шиору навиштаҷоти пур аз панди рӯзгор аз классикони тоҷик насб гардидааст, ки барои тарбияи насли ҷавон бисёр бамаврид мебошад.
Барои ба шуғл фаро гирифтани занони хонашин дар деҳа маркази атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ низ амал мекунад, ки бо дастгоҳҳои корӣ муҷаҳҳаз аст. Бонувони хонашин имкон доранд, ки дар курсҳои кӯтоҳмуддат ҳунар омӯхта, ба ин васила дар пешбурди рӯзгори хонавода саҳм гузоранд.  
Дар деҳоти Пушинг эъмори наздик ба 40 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди онҳо, аллакай, мавриди  истифода қарор доранд. Ин иқдом аз ҷониби ҷавонмардони деҳа боз идома дошта, теъдоди иншооти ҷашнӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад, ки боиси хушнудист. Ҷараёни корҳои ободонӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара гувоҳи равшани дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ обод гардидани як гӯшаи Ватанамон, бо шуғл таъмин шудани сокинон ва дастҷамъона амалӣ кардани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мо - сокинони деҳаи Пушинг аз бунёди иншооти нав, ки боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, шароити таълим ва, дар маҷмӯъ, ҳалли мушкилот гардид, шукргузор буда, ба Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорону шахсони  саховатманди деҳа изҳори миннатдорӣ менамоем. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ваъда медиҳем, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои милливу дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ба хотири фардои боз ҳам дурахшони Тоҷикистони маҳбуб саҳми шоистаи худро хоҳем гузошт.

Мавзуна САМАДОВА,
омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
сокини деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2019    №: 230    Мутолиа карданд: 1597
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед