logo

маориф

РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

Мутафаккир, донишманди шаҳири тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китоби машҳури худ “Захират-ул-мулук” оид ба оини сарварӣ андешаҳои ҷолибро баён карда, нуҳ шарти сарварӣ, давлатсолорӣ, сиёсатмадориро хеле муъҷаз баён доштааст. Яке аз шартҳои оини сарвариро Ҳамадонӣ чунин мешуморад, ки сарвар, ҳоким, подшоҳ дар ҷараёни ҳаллу фасли корҳои давлатӣ ҳамеша ба илму маърифат, яъне уламо ва донишмандон такя менамояд.
Оини сарварӣ, давлатдорӣ, мардумсолорӣ, рафтору амали Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин фармудаҳои Ҳамадонӣ созгор ва пойдор аст. Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин қадамҳои хеш ба арсаи сиёсат ҳамеша ба илму хирад, маърифат, дониш, адлу инсоф такя намуда, зимоми давлатдориро бо дасти хирад идора мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи дуюми ба сифати Сарвари давлат ба пойтахти ҳанӯз ноорому нобасомон - Душанбе омаданашон нахуст бо аҳли илму адаб мулоқот ва маслиҳату машварат ороста буданд. 
Мулоқотҳои анъанавии Пешвои муаззами миллат бо аҳли зиё дар арафаи Наврӯзи Аҷам ва Дарси сулҳи Президент дар Рӯзи дониш, дар оғози соли нави таҳсил далели хираддӯстӣ, маорифпарварӣ ва адабпарварии ин Сарвари наҷиб аст.
Мулоқоти навбатии Президенти мамлакат бо намояндагони аҳли маориф, олимон ва зиёиён, ки дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябр баргузор гардид, аз собитқадамии сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Дар ин мулоқот андешаҳои созандаву хирадмандона ва ҳидоятҳои раҳнамунсоз садо доданд.
Пешвои миллат дар суханронии худ вазъи кунунии ҷараёни ислоҳот дар соҳаи маориф ва рушди онро хеле дақиқ таҳлил намуда, аз пешравиҳо, комёбиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ёдрас шуданд. Зикр намуданд, ки имрӯз масъалаи аз ҳама муҳим ва калидӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва меъёрҳои ҷаҳони муосир мебошад.
Президенти кишвар ба омӯхтани илмҳои дақиқ, забонҳои русиву англисӣ, мутолиаи бештари китоб, аз худ кардани забони модарӣ, таъриху фарҳанги миллӣ, донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, устодони макотиби миёнаву олиро ба баланд бардоштани сатҳи касбияти худ даъват намуданд.
Мувофиқи ҳидоятҳои Сарвари давлат, устодон, омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф баҳри таҷдиди назар ба соҳаи маориф, таҳияи барномаҳои нави ислоҳот, таълиму тарбия кӯшиш намоянд ва дар ободиву пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд.

Шавкат ШАРИФОВ,
Иброҳим ҶАББОРОВ,
устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2019    №: 230    Мутолиа карданд: 2673
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед