иқтисод
"ҶУНТАЙ – ДАНҒАРА СИН СИЛУ ТЕКСТИЛ". БЕШ АЗ 12 ҲАЗОР ТОННА РИШТАИ ПАХТАГИН ИСТЕҲСОЛ ШУД
Корхонаи «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» - и ноҳияи Данғара дар 10 моҳи соли равон 12120,1 тонна риштаи пахтагин истеҳсол кардааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 2690 тонна зиёд аст. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 128,5 дарсадро ташкил намуд.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки саҳми корхона дар тавлиди маҷмӯи риштаи пахтагини ҷумҳурӣ дар ин давра 67,5 дарсадро ташкил дод. Дар корхона ташхисгоҳ бо дастгоҳҳои USTER фаъолият дорад.
Гуфта шуд, ки ҶСП «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи ИМА, Швейтсария, Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали ҶСП «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 ва навбати дуюми он 5 ноябри соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.12.2019 №: 231 Мутолиа карданд: 2035