номаҳо
ЯК ПЕШНИҲОД
Тоҷикистони озоду ободро ҷавонон нерубахшанду дурнамои мусаффояшро низ онҳо таъмин месозанд. Барҳақ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии кишвари соҳибистиқлол фаъолона, бо иқдому ташаббусҳои созанда иштирок намоянд, зеро имрӯзу фардои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост. Даъватҳои Сарвари давлат аз ҷониби ҷавонон дастгирӣ меёбанду самари ин ҳамкориҳо ободиҳои зиёд, созандагиҳои рангоранги диёри азизамон мебошанд, ки мо бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунем.
Аммо дар урфият гуфтаанд: «Гул бе хор намешавад». Мушоҳидаҳо аз ҳаёти ҷавонон инро собит месозанд. Миёни садҳо ҳазор ҷавонони меҳанпарасту бонангу номус ҳастанд ашхосе, ки ҳанӯз мавқеву вазифаи худро дар ҷомеа аниқ накардаанд, фикру андешаи мустақилонаи хешро надоранд. Фирефтаи ақидаҳое мешаванд, ки ҷамъият онро қабул надораду маҳкум менамояд ва шомили ҳаракатҳое мешаванд, ки зидди давлат равона гаштаанд.
Ҳамин аст, ки солҳои охир аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҷавонон бо ҷурми пайвастан ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳоло ҳодисаҳое ба чашм мерасанд, ки чанд тан ҷавонони фирефтаи мо дар амалиётҳои гуногуни экстремистиву террористӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бешубҳа, ин ҳолат ҷомеаи сулҳпарвари моро сахт ба ташвиш овардааст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, феълан зиёда аз 1000 нафар ҷавон аз Осиёи Миёна дар кишвари Сурия меҷангад, худро мусалмон медонаду аз номи ислом сухан мегӯяд, вале аз моҳияти он фарсахҳо дур аст.
Бинобар ин, падару модарон, омӯзгорон, тамоми афроди ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандорӣ диққати бештар диҳанд, корҳои таблиғотию ташвиқотиро пурзӯр намоянд. Дар он сурат, мо дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти нангини экстремизми динӣ натиҷаи мусбат ба даст меорем.
Н. СОБИРОВА, омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.12.2019 №: 231 Мутолиа карданд: 4483