logo

ҳуқуқ

АРЗИШИ ОЛӢ. ДАР БОРАИ ИНСОН, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ Ӯ

Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд.
Ин таъкид ва ё муқарраротест, ки дар моддаи 1 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дарҷ гардидааст. Моддаи аввали ин ҳуҷҷати танзимкунандаи ҳуқуқи инсон ишорат ба он дорад, ки эътирофи шаъну шарафи шахс, доштани ҳуқуқҳои баробар, озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон асосҳои меҳварии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар маҳсуб мешаванд.
Бояд гуфт, ки ин эъломия яке аз санадҳои байналмилалии меҳварии Созмони Милали Муттаҳид ба шумор рафта, бо Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ аз 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардидааст. Он аз 30 модда иборат буда, ҷанбаҳои мухталифи ҳуқуқи инсонро танзим мекунад. Маҳз ҳамин хусусият аст, ки эъломия дар миёни дигар асноди ҳуқуқӣ нақши арзишманд дорад. Он барои поймол нагардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамаи давлатҳои аъзоро ҳушдор дода, ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва аз зулму ситам эмин будани онҳо таъкид мекунад.
Тавре маълум аст, дар асоси Эъломияи умуми ҳуқуқи башар ду паймон: Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қабул гардид. Аз соли 1950 бо қарори СММ дар миёни ҳамаи давлатҳои аъзои созмон 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад.
Тибқи таҳлилҳои доираҳои ҳуқуқшиносӣ бештар аз 90 кишвари олам тавсияҳои эъломияро дар меъёрҳои конститутсияҳои хеш истифода кардаанд. Зеро ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки асоси эъломияро ташкил медиҳад, дар раванди демократисозии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати комилҳуқуқ ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар Конститутсияи худ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 5 Конститутсия омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Ҳар сол чун дигар давлатҳо дар кишвари мо низ 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил гардида, ба ин муносибат нишасту чорабиниҳои гуногун доир мегарданд, ки, бешубҳа, ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат мекунанд. Ба ин муносибат, ҳар сол дар коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов бо иштироки устодону донишҷӯён маҳфили хос доир гардида, дар он перомуни ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва дар навбати худ уҳдадориҳои ҳар инсон дар назди қонун маърузаҳои муҳим пешниҳод мешаванд.  
Мунира МИРЗОЕВА, донишҷӯи коллеҷи фарҳанги
ҷумҳуриявии  ба номи П. Буйдоқови
ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2019    №: 231    Мутолиа карданд: 1381
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед