logo

фарҳанг

ХАТЛОН. РОҲХАТИ 40 НАФАР БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ..."

Ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷараён дорад.

Чанде пеш дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, чеҳраҳои саршиноси илму адаб даври вилоятии озмун дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.
Лоиқи зикр аст, ки дар марҳалаи вилоятии ин озмуни пурнуфуз наздики 400 нафар ширкат варзида, аксарашон бо сухандониву суханварӣ ва маҳорати волои қироати порчаҳо аз осори шеъриву насрии шоирон ва нависандагони классику муосири тоҷик дили ҳакамон ва, дар умум, кулли иштирокдоронро тасхир намуданд. Баргузории озмун бори дигар собит месозад, ки миёни намояндагони гуногуни қишри ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, нафарони бозаковату лаёқатманд зиёданд.
Тибқи муқаррароти озмун, ҳакамон ба донишу маҳорати довталабон аз рӯи меъёрҳои баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ ва наққолӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он, дарки дурусти мазмуну муҳтавои асар, таассурот аз хондани осор баҳо гузоштанд.
Пас аз баррасиву натиҷагириҳо, дар номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик, аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик, аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик, аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон мутаносибан Сафармоҳи Аҳмадбек (Ёвон), Маҳсумаи Маҳмурод (Ёвон), Нурбону Ятимова (Ёвон) ва Майсуна Муминова (Данғара) ғолиб дониста шуданд. Султон Каримов (Ёвон), Банда Талбакова (Кӯлоб), Ширини Мирбадал (Бохтар), Фарзона Темурова (Ёвон), Ҳумайнӣ Кароматзода (Данғара), Мадина Ҷабборова (Кӯшониён), Робия Қодирова (Кӯлоб) ва Файзулло Қадамов (Кӯшониён) сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки ғолибон бо шаҳодатнома ва 5000 сомонӣ, шахсоне, ки ҷойҳои дувуму сеюмро гирифтанд, бо шаҳодатнома ва мутаносибан 3000 ва 2000 сомонӣ сарфароз гаштанд. Инчунин, 28 иштирокчии дигар, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ёфтанд, ҳар яке бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ қадр  шуданд. Ба 34 иштирокдори фаъол, ҳарчанд ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат наёфтанд, сипоснома ва 500 сомонӣ  тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ аз вилояти Хатлон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» 40 нафар роҳхат гирифт.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.12.2019    №: 232 - 233    Мутолиа карданд: 1196
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед