logo

иқтисод

“ЮНИСТРИМ”. ИМКОНИЯТИ НАВ ДАР РУШДИ БОЗОРИ ИНТИҚОЛҲОИ ПУЛӢ

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо президенти низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳо “Юнистрим” ҷаноби Кирилл Палчун мулоқоти корӣ анҷом дод. 

Ҷонибҳо масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва васеъ намудани доираи хизматрасонӣ, арзон ва осон кардани хизматрасонии интиқоли маблағ ва дигар хизматрасониҳоро тавассути низоми пардохтии “Юнистрим” дар ҳамкорӣ бо низоми бонкии кишвар баррасӣ намуданд.
Кирилл Палчун дар навбати худ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаи худро баён намуда, даъвати Бонки миллии Тоҷикистонро дар хусуси кам кардани ҳаққи хизматрасониҳои интиқолҳо барои вусъат ёфтани ҳамкориҳои минбаъда ва самарабахш хуш пазируфт. Зикр шуд, ки то ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ҳаққи хизматрасонии “Юнистрим” ба ҳисоби миёна ба Тоҷикистон 1,5 дарсадро ташкил медод, баъд аз пайваст шудан ба маркази мазкур ҷиҳати дастгирӣ намудани пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби президенти ин низом ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳо аз 6 декабри соли 2019 то ба 0,99 дарсад поён фароварда шуд. Тибқи пешниҳоди Ҷамолиддин Нуралиев ва мувофиқа бо президенти низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” ҷаноби Кирилл Палчун, минбаъд ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағи то 5 ҳазор рубли русӣ, ки қаблан 100 рубли русиро ташкил медод, 50 дарсад тахфиф шуда, 50 рубли русиро ташкил хоҳад дод, ки ин имтиёз дар шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии “Юнистрим” имконпазир аст. Тавре зикр шуд, низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” шабакаи васеи хизматрасониро барои мизоҷонаш муҳайё карда, дар Федератсияи Россия беш аз 15 ҳазор нуқтаҳои интиқоли маблағ (МТС-4300; Теле2-2150; ПочтаБанк (Почта России) - 4600 ва ғайраҳо) дорад. Ҷаноби Кирилл Палчун барои васеъ кардани доираи фаъолият бо ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, фаъол шудан дар бозори кортҳои пардохтӣ, аз ҷумла “Корти миллӣ” изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки ҳамкорӣ бо низоми пардохтии “Юнистрим” дар доираи Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ҷиҳати татбиқи ислоҳоти Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ шуда, имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқолҳои пулӣ таъмин менамояд, барои Бонки миллии Тоҷикистон муҳим мебошад.
Президенти низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” ҷаноби Кирилл Палчун фаъолияти Маркази миллии протсессингиро, ки ҳамтои худро дар ҷаҳон надорад, навоварӣ дар самти бонкдорӣ дониста, онро барои рушди бозори хизматрасониҳои интиқолӣ, ки таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳоро кафолат медиҳад, муҳим арзёбӣ намуд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.12.2019    №: 232 - 233    Мутолиа карданд: 994
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед