logo

фарҳанг

ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. ГАНҶИНАИ МИЛЛАТ

Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангии кишвар ба ҳисоб рафта, дар самти ҷамъоварии ёдгориҳои нодир, осори хаттӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон нақши муҳим дорад. Он ганҷинаи бузурги мероси таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, муаррифгари табиат, таърих, фарҳанг, санъати миллӣ мебошад.

Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шумораи тамошогарони экспозитсияи осорхона афзуд. Таҳлили омори экскурсионии осорхона дар соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки шумораи тамошогарони дохилӣ 2456 (41,93 %) ва тамошогарони хориҷӣ 1012 нафар (39,73 %) нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бештар шудааст. Афзоиши шумораи тамошобинони дохилӣ гувоҳӣ медиҳад, ки сайёҳии дохилӣ низ дар кишвар дар ҳоли равнақёбист.
Нишондиҳандаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз мавзеъҳои муҳими сайёҳии кишвар буда, сол ба сол шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ барои дидани осори ниёгони миллати тоҷик ба ин муассиса бештар мароқ зоҳир мекунанд. Чунончи, соли ҷорӣ 78966 нафар тамошогар аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дидан намудааст, ки аз ин 4256 нафарро меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон ташкил медиҳад. Шумораи экскурсияҳои дохилӣ 808 ва экскурсияҳои хориҷӣ ба 283 адад бештар гардид.
Дар афзоиши омори мазкур, пеш аз ҳама, омилҳое чун ҷолиби диққат будани сохти бино ва экспозитсияи осорхона, дар шакли экспозитсионӣ пешкаш ва муаррифӣ намудани табиат ва мероси миллии таърихию фарҳангӣ, тавассути васоити ахбори омма пайваста тарғибу ташвиқ кардани экспозитсияҳои муассиса таъсиргузор мебошанд.
Ташрифи меҳмонони хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ низ васеъ гардид. Агар соли 2018 намояндагони 46 кишвар аз Осорхонаи миллӣ дидан намуда бошанд, ин рақам соли ҷорӣ ба 66 кишвар расид, ки онҳо шаҳрвандони Австралия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Бразилия, Британияи Кабир, ИМА, Индонезия, Канада, давлатҳои назди Балтика, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Корея, Миср, Мозамбик, Олмон, Россия, Фаронса, Филиппин, Чин, Ҳиндустон, Ҳолланд, Ҷопон, Швейтсария мебошанд. Ин шаҳодат медиҳад, ки таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар соли ҷорӣ ба намояндагони бештари олам муаррифӣ гардидааст.
Бахусус, соли ҷорӣ беш аз 30 гурӯҳи меҳмонони сатҳи олӣ ва давлатӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, ноиби Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Сарвазири Ҷумҳурии Корея, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон, намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигарон мебошанд.
Яке аз роҳҳои беҳтару хубтар муаррифӣ намудани осори ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ин пешбурди экскурсияҳо бо забонҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар осорхона ҳамарӯза аз ҷониби роҳбаладон бо забони давлатӣ, 4 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид - англисӣ, арабӣ, русӣ, чинӣ, ҳамчунин, забонҳои урду ва ҳиндӣ сайри осорхонавӣ гузаронда мешавад.
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо миёни аҳолии кишвар, махсусан ҷавонон, шабакаҳои иҷтимоӣ нуфузи бештар пайдо намудааст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон баҳри муаррифии табиат, мероси бою қадимаи таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик аз сомона ва шабакаҳои интернетӣ низ истифода менамояд. Осорхона ғайр аз сомонаи расмӣ саҳифаҳои расмии хешро дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук», «Твиттер», «Вконтакт», «Инстаграмм» ва шабакаи «Ютуб» фаъол намудааст, ки дар онҳо маводи нави марбут ба осорхона сари вақт ворид карда мешаванд.

Фаридун КЕНҶАЕВ, сардори шуъбаи экскурсионӣ
ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.12.2019    №: 232 - 233    Мутолиа карданд: 1471
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед