logo

сиёсат

ЯЗГУЛОМ. ҚАДАМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ

Имрӯзҳо аҳли деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз муваффақиятҳои бадастомадаи сол хеле хушнуданд. Хурду калони ин водии пурганҷ аз он изҳори шукрона мекунанд, ки ба шарофати сиёсати инсондӯстонаву халқпарваронаи Сарвари давлат дар ин гӯшаи дурдасти диёр дар фазои сулҳу амонӣ ободониву созандагиҳо вусъати тоза гирифтаанд.

Ба гуфтаи раиси деҳоти Язгулом Валиҷон Маҳмадуллоев, хизматҳои Пешвои миллат ҳамчун Роҳбари сатҳи байналмилалӣ, абармарде, ки тамоми ҳастии хешу неруи созандаашонро баҳри гул - гулшукуфии Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Ванҷ, бахшидаанд, хеле бузург мебошад. Барои ҳамаи ин заҳматҳо, ободкориҳои беқиёс, хислатҳои наҷибона ва олиҳимматонаашон Президенти кишвар азизи ҳар хонадони Язгулом мебошанд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Язгулом аз он фараҳманд ва шукргузоранд, ки дар тӯли 28 соли Истиқлолияти кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин деҳоти баландкӯҳу дар гузашта назарногир даҳҳо иншооти самтҳои гуногун бунёд гардида, ин раванд то рафт вусъати тозаро касб мекунад.
- Мардуми Язгулом, - иброз дошт Валиҷон Маҳмадуллоев,- чун дигар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бебаҳотарин хизмати Ҷаноби Олиро барои мардуми сарзамини кӯҳистони ҳазорон сол дар бунбасти коммуникатсионӣ қарордошта дар ташаббускорӣ ва роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тасмим ва бунёди шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб – Кулма мебинад. Солҳои пеш мардуми мо дар мавсими зимистон бо марказ ва дигар манотиқи ҷумҳуриамон робитаи нақлиётӣ надошт. Аввалҳои моҳи ноябр ағбаи Хобу Рубот баста мешуду бо ҳамин дигар сокинони вилоят наметавонистанд бо мошин ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ сафар намоянд, ки ин мушкилоти зиёдеро пеш меовард. Ҳоло бо шоҳроҳи мазкур ронандагону мусофирон бо нақлиёт роҳи 480 - километраи Язгулом - Душанберо дар даҳ соат мепаймоянд. Бо таҷдид ва азнавсозии қитъаи роҳи Дарвоз – Ванҷ - Рӯшон фосилаи вақти ҳаракати мошинҳо дар ин масири роҳ боз ҳам камтар мегардад. Ҳар як ташрифи Пешвои маҳбуб ва муаззами миллат ба ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла деҳоти Язгулом, авҷу барори баланди амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳои зиёдеро рӯи кор меорад. Натиҷаҳои сафари нахустини Роҳбари давлат ба ин водӣ, ки дар гузашта пои қадами ягон роҳбари давлат , ҳатто ягон корманди дастгоҳи марказии ҷумҳурӣ ба ин ҷо нарасида буд, ба он мусоидат намуд, ки дар ин ҷо нахустин Неругоҳи барқи обии хурди «Андарбак» ба кор даромад. Ин воқеаи таърихӣ соли 1998 рух дод, сокинони деҳоти Язгулом онро оғози дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии водӣ маънидод мекунанд.
Ҷамоати деҳоти Язгулом дорои 753 хоҷагӣ ва 6661 нафар аҳолӣ мебошад. Он 7 деҳаро дар бар гирифта, аз шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ - Кулма, дашти Язгулом то охирин нуқтаи водӣ - Мазордара 70 километр тӯл мекашад. Соли 1954 мардуми водӣ ба Вахш муҳоҷир шуд. Кӯчи умумӣ ба иқтисодиёт таъсири манфӣ расонда, мушкилоти зиёдеро пеш овард. Норасоии қувваи барқ, харобии роҳҳои нақлиёт, биноҳои муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии водӣ маҳсуб меёфтанд. Танҳо баъди Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба рушди водии Язгулом, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии он равона гашт. Соли 1998 Неругоҳи барқи обии “Андарбак” бо иқтидори 300 кВт ба кор даромад, соли 2016 иқтидори НБО “Андарбак” ба 350 кВт расонда шуд, ҳамзамон, бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди неругоҳи “Мотравн” оғоз ёфт. Соли 2018 Язгулом ба шабакаи ягонаи барқии вилоят пайваст гардида, ниёзмандии водӣ ба барқ комилан барҳам дода шуд. Айни ҳол сокинон дар як шабонарӯз 24 соат барқ доранд.
Имрӯз дар деҳот 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 1337 хонанда амал мекунад, ки аксарияти онҳо бо биноҳои таълимии замонавӣ, кадрҳои омӯзгорӣ таъмин мебошанд. Соли 2018 барои хатмкардагони Язгулом ба ғайр аз квотаҳои муқаррарии президентӣ ба таври илова боз 40 квота ихтисос дода шуд, ки ин аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат ба таълиму тарбияи ҷавонон дарак медиҳад.
Баъди сафари кории Пешвои миллат ба водӣ, ки соли 2016 ба вуқӯъ пайваст, корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифтанд. Имрӯзҳо дар ин ҷо сохтмони бинои маъмурии ҷамоати деҳот иборат аз 12 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо шабакаи гармидиҳии мутамарказ идома дорад. Ба ҳусни маркази деҳот - рустои Будун биноҳои тозабунёди замонавии зершуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши “Амонатбонк” ҳусни нав мебахшанд. Ба истифода додани толори варзиш, пули мошингузари Шавуд - Будун, роҳи ҳашткилометраи автомобилгарди Жамаг - Зайч, кашидани хати обгузари ҳашткилометраи Мотравн - дашти Язгулом, насби дастгоҳҳои алоқаи мобилии гуногун дар ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишин, бунёди боғҳои нав номгӯи нопурраи корҳое мебошанд, ки баъди сафарҳои кории Ҷаноби Олӣ ба Язгулом рӯи кор омада, аҳли деҳоти Язгулом ин нуктаро бо арҷгузорӣ аз илтифот, ғамхориву меҳрубониҳои Пешвои муаззам пайваста ба забон меоранду сиёсати пешгирифтаи Сарвари азизашонро сидқан ҷонибдорӣ мекунанд.
Роҳбари дилсӯз ва ғамхори миллат моҳи сентябри соли рафта дар сафари корӣ баҳри ободии минбаъдаи деҳот, аз байн бурдани иморатҳои пастаки назарногири канори роҳу кӯчаҳо, бунёди иншооти ҳозиразамони соҳаи иҷтимоӣ, рушди кишоварзӣ, нигаҳдории себу ноки фаровони боғҳо, равнақи сайёҳӣ тавсияҳо ва маслиҳатҳои судбахш доданд, ки имрӯз сармашқи кори ҳамаи аҳли ноҳия мебошанд.
Аз рӯи нақша - чорабиниҳо то Ҷашни пурифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар водии Язгулом, даҳҳо иншооти самти иҷтимоӣ, 3 пули нақлиётгузар, корхонаҳо ва манзилҳои истиқоматии ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъмории ҷаҳонӣ ва шаҳрсозӣ бунёд мегарданд. Роҳ аз шоҳроҳи Душанбе - Кулма ҷониби Язгулом тахту ҳамвор ва мумфарш мешавад. Барои ҳамаи ин дастгириҳо ва ғамхориҳои беназир, ободгарӣ ва созандагиҳои беқиёс мардуми водии Язгулом аз Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе шоду мамнуну сипосгузоранд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2019    №: 234    Мутолиа карданд: 926
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед