logo

ҳуқуқ

ПУЛ - БОЗОР Ё ФУРӮШГОҲИ БАҲСБАРАНГЕЗЕ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Пули тақрибан 40 - 45 метрае, ки ҳанӯз солҳои шӯравӣ дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади пайваст намудани Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ бо маркази шаҳр ҷиҳати осон намудани рафтуомади сокинон сохта шудааст, зиёда аз даҳ сол аст, ки ба сифати «бозор» низ хизмат мерасонад. Қаблан он ҳамчун пули мошингузар мушкили сокинонро осон менамуд, аммо баъдан фурӯшандаҳое, ки ба савдои кӯчагӣ машғуланд, болои онро комилан «ғасб» карданд. Кӯшишҳои мақомоти маҳаллӣ низ ҷиҳати бартараф сохтани ин ҳолат ва кушодани болои пул то имрӯз ягон натиҷа надодааст.
Вобаста ба ин мушкилот Хуҷамурод Гулмуродов, сокини шаҳри Ваҳдат, бо мактуб ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» муроҷиат кард. Муаллиф дар мактуби худ, аз ҷумла чунин менависад: «Дар болои пули назди бозори «Хайриён» фурӯшандаҳо молҳои худро худсарона ба фурӯш гузоштаанд, ки эҳтимоли фурӯ рафтани пулро ба вуҷуд меорад. Партовҳоро низ ба дарёи Кофарниҳон, ки аз зери ин пул мегузарад, мепартоянд. Аҳвол то ҷое расидааст, ки аз болои ин пули ба ном мошингузар ҳатто имкони пиёда гузаштан ба осонӣ даст намедиҳад. Борҳо ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардем, аммо аҳвол ҳамонест, ки қаблан буд».
Мо барои пайгирии мактуби ин шаҳрванд ва инъикоси вазъ ба шаҳри Ваҳдат рафтем. Дарвоқеъ, мушоҳида нишон дод, ки камбудии ҷойдошта хеле нигаронкунанда мебошад. Агар аз як тараф банд кардани болои пул аз ҷониби фурӯшандаҳо бошад, аз ҷониби дигар партовҳои дукону ошхонаҳост, ки ба дарё ва соҳили он партофтаанд. Ин дар ҳолест, ки аз поёноби ин дарё даҳҳо ва шояд садҳо ҳазор нафар истифода мебаранд. Чунин ҳолат аз маърифати пасти баъзе шаҳрвандон ва назорати сусти мақомоти дахлдори соҳа дарак медиҳад.
Мақомот мегӯянд, ки фурӯшандаҳои болои пул дар қайди ягон ниҳод нестанд. Аз он тарафи дарё, яъне баъди гузаштани пул ҶДММ бозори «Хайриён» ҷойгир аст. Фурӯшандаҳо дар суҳбат гуфтанд, ки ҳамарӯза масъулони ҶДММ бозори «Хайриён» аз ҳар кадоми онҳо ба маблағи 5 сомонӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Онҳо расидро низ пешниҳод карданд, ки гуфтаҳояшонро пурра тасдиқ мекунад.
Масъулони ҶДММ бозори «Хайриён» дар суҳбат аз шарҳи пурраи вазъи мавҷуда худдорӣ карда, танҳо гуфтанд, ки онҳо ҷамъоварии маблағро аз ин фурӯшандаҳо ба наздикӣ сар кардаанд ва ин гӯё дар асоси қонун аст. Қаблан дигар кас аз онҳо пул ҷамъ мекардааст. Ба қавли ҳамсуҳбати мо ҳамаи онҳое, ки дар болои ин пул бо тиҷорат машғуланд, дар дохили бозор нуқтаи савдо доранд. Ва гӯё онҳо ин панҷ сомониро барои нуқтаҳои савдои дар дохили бозорбуда мегиранд.
- Ба хотири он ки савдои кӯчагӣ аз андоз озод аст, фурӯшандаҳо тарки бозор карда, болои пулро интихоб намудаанд. Мо ҳам ҷонибдори онем, ки онҳо дар дохили бозор бо тиҷорат машғул шаванду болои пулро озод намоянд, вале сабаби асосии ба бозор надаромадани онҳо халосӣ аз андоз аст. Феълан дар дохили бозор беш аз ҳазор нуқтаи холӣ дорем, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Як фурӯшандаи болои пул, ки худашро Нурулло муаррифӣ кард, посухи масъулони ҶДММ бозори «Хайриён» - ро рад карда гуфт: «Кайҳост, ки нозири бозори мазкур ҳар рӯз аз онҳо 5 сомонӣ мегирад. Ҳамчунин, иброз дошт, ки ӯ ва ҳамроҳонаш дар дохили бозор ҳеҷ гуна нуқтаи савдо надоранд ва иддаои масъулони бозор танҳо худсафедкунист». 
Дар болои пул ташкили чунин нуқтаҳои савдо ва онро комилан барои рафтуомади аҳолӣ банд кардан қатъиян манъ аст. Аммо сабаб дар чӣ бошад, ки фурӯшандаҳо хоҳиши тарк кардани болои пулро надоранд?
- Пули мазкур ду бозорро бо ҳам мепайвандад ва мардум зимни бозгашт аз маркази шаҳр ба деҳоти худ аз болои он гузашта, сарироҳӣ маҳсулоти лозимии худро мехаранд. Мо дар ҳақиқат борҳо ба дохили бозори «Хайриён» рафта ҳафтаҳо шиштем, аммо савдо нашуд. Мардум вақтро сарф карда ба бозор намедароянд, мекӯшанд аз сари роҳ харид карда, зудтар ба деҳаҳои худ раванд, - гуфт Нурулло.
Аз гуфтаи савдогарон метавон хулоса кард, ки онҳо аз болои ин пул даромади бештар меёбанд ва рӯзгори худро аз ҳамин ҳисоб пеш мебаранд. 
Шокир Икромзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат иддаои муаллифи мактуби шикоятиро оид ба садамавӣ будани пули мазкур рад кард. Ӯ танҳо мушкилоти болои пулро тасдиқ карда, гуфт, ки дар ин самт борҳо корҳои санҷишӣ гузаронда, фурӯшандаҳоро аз болои он ба бозор бурдаанд, аммо баъди чанде дубора баргаштаанд. Шуъбаи ҳифзи муҳити зист борҳо бархеи онҳоро барои партофтани партов ҷарима низ кард, аммо пинҳонӣ бурда мепартоянд. Ба гуфтаи муовини раиси шаҳр, барои ҳалли ин мушкилӣ гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ҳоло дар пайи ислоҳи вазъи баамаломадаанд. Вале, шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар ҳалли ин мушкилот талошҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр то имрӯз бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2019    №: 234    Мутолиа карданд: 1048
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед