logo

сиёсат

ҲХДТ. НЕРУЕ, КИ ВАТАНПАРАСТИРО ТАЛҚИН МЕКУНАД

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон зуҳур ва фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки имсол аз таъсиси  он 25 сол пур шуд, барои мардуми тоҷик дастоварди сарнавиштсоз ва неруи пешбарандаи ҳаёти осоишта маҳсуб меёбад. Ғояи таъсиси ин ҳизби мардумӣ аз ҷавҳари тафаккур, муҳаббати самимӣ, ифтихори баланди ватандорӣ ва матонату ҷасорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст. Ҳизб тӯли 25 сол амалан собит сохт, ки ҳадафи ягонаи он таъмини сулҳу субот, амният ва пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз мебошад.  

Ба таъкиди Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади асосӣ: «аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳофар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд».
Нахустин анҷумани ҳизб 10  декабри соли 1994 баргузор гардида, 15 декабри ҳамон сол дар Вазорати адлия ҳамчун Ҳизби Халқии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашт, баъдан бо пешниҳоди роҳбари ватанпарасту озодандеши он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро гирифт. 
Ҳизб  ҷаҳду талоши худро, пеш аз ҳама, барои таъмини сулҳу осоиш, амнияту оромӣ, бунёди устувори давлат, бахту саодати мардум равона карда, давоми фаъолият ба ҳизби маҳбуби мардум мубаддал шуд.
Воқеан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварии хирадмандона тамоми неру, донишу заковати аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстию ватанпарастии аҳли ҷомеа равона карданд, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳизби мазкур пешоҳанги раванди демократикунонии кишвар  гардид. Саҳми ҲХДТ дар таъмини сулҳу оштӣ, ваҳдату амнияти миллӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёди тоҷикон хеле бузург ва шоистаи таҳсин мебошад. Бинобар ин, ба таъкиди Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир аксари мутлақи ҳодисаҳои муҳиму умдаи таърихи навини Тоҷикистон, бешубҳа, ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ доранд.
Имрӯз бо гузашти солҳо бо итминон гуфта метавонем, ки ҳизби мо рисолати хешро дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дод ва ба неруи тавонову созандаи ҷомеа табдил ёфт».
Ба сифати ташаккули умдаи сиёсӣ ва ҳизби пешбарандаву аксари парлумонӣ табдил ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кори осон набуду нест. Роҳи ташаккул ва такомули ҳизби мазкур шебу фароз ва  мушкилоту монеаҳои худро дорад. Чунки дар айёми пешниҳоди ғояи таъсиси ин ҳизби мардумӣ вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат ниҳоят мураккабу муташанниҷ буд. Дар кишвар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад. Ҳукумати қонунии Тоҷикистон, ки дар Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардид, нав қомати худро рост мекард. Зиёда аз як миллион нафар  аз Ватани худ гуреза шуда, аксарияти онҳо ба кишвари Афғонистон, ки он ҳам даргири ҷанги шаҳрвандӣ буд, қарор гирифтанд. Аз ҳама мушкил фаъолияти тахрибкорона, ошӯбангезонаву хиёнаткоронаи бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои навзуҳури сиёсӣ буд. Ба гуфтаи доктори илмҳои фалсафа, сиёсатшинос Саидмурод Фаттоҳзода: «Онҳо қабл аз ҳама ба ваҳдати миллии тоҷикон зарбаи ҷонкоҳ заданд. Мухолифати нисбатан шадидтар дар заминаи ду идеология: коммунистӣ ва исломгароӣ сурат гирифт, ки ҳар ду фирқа бо ҳам комилан оштинопазир буданд. Ҳизбҳои мазкур ва ҷонибдоронашон мехостанд, ки дар кишвар ҳокимияти мутлақи сиёсиро дар заминаи арзишҳои барои миллати мо бегона таҳмил кунанд».
Табиист, ки дар чунин вазъ мардуми Тоҷикистон аз ташкили ҳизб дилхаставу ноумед шуда буданд. Ҳизбсозиро як ҳангомаи нави сиёсӣ дониста, аз он канораҷӯӣ мекарданд. Ин ба раванди ташкили ҳизб аз як ҷониб монеаи ҷиддӣ буд. Аммо, аз ҷониби дигар, дар чунин вазъ: «зарурати таъсиси ҳизби наве, ки бояд арзишҳои дунявӣ (секулярӣ) ва динию мазҳабиро бо ҳам оштӣ медоду, ҷавҳараш аз арзишҳои миллӣ ва башарӣ сарчашма мегирифт, ба миён омад. Пешвои миллат ин заруратро сари вақт эҳсос намуданд ва бунёди як неруи тозаи сиёсии идеологӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пеш гирифтанд».
Ниҳоят саъю кӯшиш ва ҷаҳду талоши Сарвари ҷонфидои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои нек ба бор оварданд. Дар муттаҳидӣ бо фарзандони содиқи халқ ва пайравону ҳамсафони воқеиаш дар чорчӯбаи талаботи  Конститутсияи мамлакат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Басо рамзӣ ва ҷойи ифтихор аст, ки ҳизби номбурда ҳамсоли нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, баъди 34 рӯзи қабули ин бахтномаи миллат ташкил ёфтааст ва  дар таъмини волоияти Конститутсия  саҳми бағоят бузург дорад.
Дар маҷмӯъ, таҳлилу ташреҳи муқаррароти оинномавию фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баёнгари он аст, ки ин неруи қавии сиёсӣ дар кори худ ҳамеша ғояҳои наву созанда ва ватандӯстонаро амалӣ месозад. Он ҳизбест, ки барои дастгирӣ, равнақу ривоҷ ва инкишофи озодонаи «арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ» ҳамаҷониба талош менамояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муқтадири миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин сифатҳои вижаи худ ва фаъолияти амалии аъзои худ роҳи ташаккулу такомулро паймуда, бо дастовардҳои олӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  мардумро ба сӯи фардои дурахшони Ватан ва бахту саодати абадӣ раҳнамун мекунад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади
илмҳои педагогӣ,
вакили Анҷумани 13-уми ҲХДТ
аз ноҳияи Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2019    №: 234    Мутолиа карданд: 1400
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед