logo

иқтисод

ХАТЛОН. ХАРГӮШПАРВАРӢ МЕТАВОНАД АЗ СОҲАҲОИ АФЗАЛИЯТНОК БОШАД

Харгӯшпарварӣ ҳамчун соҳаи сердаромаду камхарҷ метавонад яке аз манбаъҳои таъминоти аҳолӣ бо гӯшт бошад. Иқлими вилояти Хатлон барои нигоҳубини  12 намуди харгӯш  мусоид буда, бо назардошти таҷрибаи мутахассисон ба роҳ мондани ин кор  дар  минтақа аз ҷиҳати даромаднокӣ  бисёр муфид аст.
Бо мақсади  таъмини гӯшти парҳезӣ, тайёр намудани  маҳсулоти ниёзи мардум аз пӯсту мӯинаи харгӯш дар партави татбиқи барномаи  давлатии «Рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019 -2023» аз 9 июни соли 2019 қарори раиси вилояти Хатлон  ба тасвиб расидааст. Ин иқдом  ҷиҳати беҳдошти солимиву тавонбахшии  ҷомеа ва аз ҷониби  дигар омода намудани маҳсулоти ватаниву дарёфти ҷойи кор барои шаҳрвандон иқдоми саривақтист. Афзалияти  харгӯшпарварӣ дар он аст, ки ин ҷонвари фоидаовар дар зарфи ҳамагӣ 45 рӯз беш аз 15 сар насл медиҳад. Вазни харгӯш  ба зот, намуд ва самти парвариши он алоқаманд аст. Харгӯшҳои  зоти зудрасро дар 65 - 70-рӯзагӣ ба гӯшт месупоранд, ки ин бобати таъминоти маҳсулоти гӯштӣ ва муътадил нигоҳ доштани  нархи он муҳим аст. Хӯроки  харгӯш  аслан  юнучқа, эспарсет, омехтаи лӯбиё, ғалладона, караму сабзӣ ва  маҳсулоти дигари полизӣ мебошад, ки онҳо  дар кишвари мо фаровонанд. 
Яке аз зотҳои сердаромад зоти сафеди азимҷусса (великан) буда, дар як зоиш то 8 насл медиҳад, ки он зуд калон ва сергӯшт мешавад. Ҳоло талаботи  парасторони харгӯш ба ин намуд  меафзояд. Зоти шаншила низ  аз ҷиҳати  наслдиҳиву пашми хуб доштанаш талабгори зиёд дорад, ки арзиши як сари он  аз 150 то 400 сомонӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ,  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то  1 ноябри соли равон  37 ҳазору 374 сар харгӯш  аз ҷониби  аҳолӣ парвариш ёфта истодааст, ки  нисбат ба соли гузашта 562 сар зиёд мебошад.
Яке аз харгӯшпарварон Абдусалом Раҷабов, сокини ноҳияи Вахш, изҳор дошт, ки бо истифода аз интернет  аз мутахассисони соҳа оид ба тарзи дуруст нигоҳубин кардани харгӯш пайваста маслиҳатҳо мегирад, ки ин ба ривоҷ ёфтани кораш мусоидат менамояд. 
- Харгӯшпарварӣ мисли моҳидорӣ асабро ором мекунад ва ба кори он неру мебахшад. Гӯшти ҳаргӯш витаминҳои зиёд  дошта, аз гӯшти дигар ҳайвоноту  парандагон бо вижагиҳои худ бартарӣ дорад. Баробари ин, бисёр узвҳои харгӯш, махсусан талхаву дилу ҷигар ва ҳамчунин,  хуни он тибқи нишондоди илми тиб, барои табобати як қатор касалиҳо  хеле муфид аст. Яъне, ба роҳ мондани парвариши харгӯш на танҳо барои дастрасӣ ба гӯшти парҳезӣ, балқи ҷиҳати фаровонии ашёи хоми табобатӣ мусоидат менамояд. Барои вазн гирифтани харгӯш ҷуворимакка, ҷав, хӯроки омехта истифода шуда, ғизои маъмулиаш аз ҷумла  сабзӣ, карам, юнучқаву дигар сабзавот мебошад. Ҷиҳати пешгирии касалиҳои мавсимиву тавонбахшӣ  барояш дар вақтҳои муайян нӯшокии махсус  дода мешавад. Агар харгӯш дуруст парвариш ёфта, ғизояш сари вақтӣ таъмин бошад, дар як сол тақрибан 6 - 7 маротиба то 9 насл медиҳад. Аз ин ҳисоб дилхоҳ оила метавонад рӯзгорашро пеш барад ва ҳам сармояашро афзун гардонад.  Ман низ бо ин роҳ  вазъи иқтисодии оилаамро беҳтар намуда, пайваста кӯшиш мекунам, ки  шумораи харгӯшонамро зиёд намоям”, - гуфт А. Раҷабов.
Бо назардошти шуғли судманд буданаш нафарони зиёд дар вилояти Хатлон ба нигоҳубини харгӯш машғуланд ва талош ба  вусъат бахшидани фаъолияташон доранд.  Онҳо  тасмим доранд, ки дар оянда ассотсиатсияи харгӯшпарварони  вилоятро таъсис дода, бо ин васила  корашронро ривоҷ бахшанд. Аммо дар муқоиса ба имкониятҳои вилоят ва талаботи бозори гӯшт саршумори кунунии харгӯш чандон зиёд нест ва наметавонад дар таъмини бозори истеъмолӣ мавқеъ дошта бошад. Ҳадди ақал дар вилоят як хоҷагии махсуси харгӯшпарварӣ мебуд, мо аз фаъолияти масъулони соҳаи кишоварзии минтақа дар ин самт қаноатманд мешудем.
Ба гуфтаи Одил Ашӯров, сармутахассиси раёсати чорводории сарраёсати кишоварзии вилоят, набудани мутахассиси хуб  монеаи асосии соҳаи харгӯшпарварӣ  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
Воқеан, агар дар заминаи таҷрибаи мавҷуда ҳадди ақал як фермаи алоҳидаи харгӯшпарварӣ ташкил ёбад, барои дар оянда бунёд намудани даҳ хоҷагии дигари харгӯшпарварӣ роҳ мекушояд. Аз ин рӯ, хуб мешуд,  роҳбарияти сарраёсати кишоварзӣ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда роҳи ҳалли масъалаи ташкили хоҷагии алоҳидаи харгӯшпарвариро дарёфт менамуданд.

Анвар ҲАФИЗ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2019    №: 234    Мутолиа карданд: 911
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед