logo

маориф

МАОРИФ. ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Воқеан, раванди омода кардани мутахассисони ояндасоз аз мактаб оғоз мегардад. Бинобар ин, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намудан ба сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҷавоби ғамхориҳои Ҳукумат ва Сарвари давлат аз ҷониби омӯзгорон мебошад.
Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз муҳимтарин мақсадҳои меҳварии Паём маҳсуб мешавад, ки дар ҷавҳари он тадбирҳои дурандешона ва пайванди мустаҳкам бо амалкарди ҳадафҳои ояндасоз қарор гирифтаанд. Пешвои миллат бо ин мақсад ду муаммои аслии соҳаро ба таври зайл муқаррар намуданд: “Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар”.
Дарвоқеъ, мо ба ҳадафҳои наҷиби хеш ва татбиқи ин барномаҳои бузурги давлатӣ дар сурате мушарраф мешавем, ки мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замони имрӯз омода намоем. Масъулияти тайёр кардани чунин мутахассисон, пеш аз ҳама, ба дӯши омӯзгори соҳибкасб, хирадманду ороста ба тамоми донишҳои замони муосир дар ҳама зинаҳои таҳсилот вогузор аст. Тавре борҳо Пешвои миллат бар ин нукта низ таъкид доштаанд, дар ҳақиқат, омӯзгор ҳуқуқи хато намудан надорад ва бояд дар амри иҷрои рисолати пешбарандаи ҷомеа будани хеш талош варзад. Ин дастури ҳидоятсоз ва раҳнамои Пешвои миллат масъулияти ҳамаи мо - омӯзгоронро дар назди ҷомеа ва фардои миллат дучанд мегардонад, то бори дигар ба фаъолият ва корномаҳои хеш аз нигоҳи талаботи имрӯз таҷдиди назар намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ояндаафрӯзи Тоҷикистон тамоми талошу кӯшиши хешро равона созем.
Имрӯз давлату Ҳукумати кишвар барои омӯзгорон  шароити хуби корӣ муҳайё намудааст, ки боиси хушбахтии мост. Омӯзгоронро мебояд, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия саъй намоянд, то ки шогирдон ҳамчун мутахассисони забондон ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир ба камол расанд. Иқдом ва талошҳои ҳар нафар омӯзгор дар замони нуфузи донишҳои муосир ва афзалияти маълумот барои боло бурдани сатҳу сифати таълим заминаи муҳиме дар роҳи расидан ба мақсадҳои бузурги мо хоҳад гузошт.
Паёми Пешвои миллат, воқеан, як дастурамали омӯзишию корбарӣ ва маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда барои аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад. Амалишавии нуктаҳои он барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба ин масъалаи ниҳоят муҳим бо камоли масъулият муносибат намоянд.

Моҳпора ХАЙРУДДИНОВА,
директори МТМУ № 49, ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2019    №: 235    Мутолиа карданд: 2139
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед