logo

иқтисод

"ЮНИСТРИМ" ВА "КОНТАКТ". ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ БЕ МАМОНИЯТ

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, оғоз аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ шуда истодаанд. Айни замон низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд ва аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассути ин низомҳо бе мамоният интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, теъдоди зерини нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли маблағҳо дар қаламрави Федератсияи Россия амал намуда истодаанд:
Низоми “ЮНИСТРИМ” ҳамагӣ 15788 нуқтаи хизматрасонӣ, аз онҳо:
• МТС – 4300 адад;
• Теле 2 – 2150 адад;
• агентҳои бонкии пардохтӣ – 1696 адад;
• марказҳои хизматрасонии “Почта банк” – 4600 адад;
• “Росселхозбанк” – 1335 адад;
• шабакаи худии “Юнистрим” – 207 адад;
• марказҳои хизматрасонии дигар ташкилотҳои қарзӣ – 1500 адад.
Инчунин, интиқоли маблағҳо тавассути сомонаи расмӣ ва барномаи мобилии “ЮНИСТРИМ” анҷом дода мешавад.
Низоми “КОНТАКТ”  дорои зиёда аз 8 500 адад нуқтаи хизматрасонӣ буда, тавассути нуқтаҳои хизматрасонии бонкҳо, шабакаи худии КИВИ бонк, агентҳои бонкии пардохтӣ, терминалҳои пардохтии КИВИ, аз ҷумла барномаҳои мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ, амалиётҳои интиқоли маблағҳоро анҷом медиҳад.
Тарофаҳои (комиссияи) низоми пардохтии “ЮНИСТРИМ” вобаста аз маблағи интиқол, нуқтаҳое, ки тавассути он интиқол анҷом дода мешавад (масалан, нуқтаҳои хизматрасонии МТС, Теле 2 ва дигар агентҳо, нуқтаҳои хизматрасонии “Почтабанк” ва дигар бонкҳо, инчунин, шабакаи худии “Юнистрим”) ва асъори интиқол аз 0,99 фоиз то 1,5 фоизро ташкил медиҳад.
Тарофаҳои низоми пардохтии “КОНТАКТ” барои интиқоли  маблағ аз нуқтаҳое, ки тавассути он интиқол анҷом дода мешавад, 1 фоизро ташкил медиҳанд.
Ғайр аз интиқоли маблағҳо тавассути низомҳои зикргардида, интиқоли маблағҳо аз Федератсияи Россия ба кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” - и ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” тавассути барномаи мобилии “Сбербанк онлайн”, инчунин, терминалҳои КИВИ ва нуқтаҳои хизматрасонии “Связной” ва “Мегафон” имконпазир мебошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2019    №: 235    Мутолиа карданд: 1237
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед