logo

ҳуқуқ

ҲУКМИ СУД ИҶРО НАМЕШАВАД, ЧАРО?

АЗ ПАЙИ МАКТУБИ ШАҲРВАНД
«Моҳи августи соли 2017 бо сад орзуву ҳавас ҷавондухтареро келин карда, ба хонаам овардам. Вале орзуву умеди мо зуд барбод рафт. Арӯсу домод як моҳ нагузашта аз ҳам ҷудо шуданд. Рӯзе, ки арӯс ба хонаи модараш рафт, шоми моро тираву тор кард. Ҳамон шаб тахминан соати 23 ҳамроҳи аммаҳояш омада, хонаи моро оташ заданд. Дар натиҷаи сӯхтор хонаву айвон, кӯрпаву болишт, либос ва дигар ашёи рӯзгор пурра ба коми оташ рафт. Мақомот маблағи умумии зарарро зиёда аз 77 ҳазор сомонӣ муайян карданд».

Ин дарди дили Бибисоро Болтаева, модари 65 – сола, сокини ноҳияи Темурмалик аст, ки дар номае ба унвони «Ҷумҳурият» навиштааст. Ӯ номаро худ ба идораи рӯзнома овард ва дар суҳбат бо мо далели зуд аз ҳам пошидани оилаи писарашро қисса кард, ки ба мулоҳизаи ахлоқӣ онро нашр накардем.
- Мутаассифона, баъди ба хонаи модараш бурдан Шаҳноза шабона ҳамроҳи аммаҳояш қасдан манзили истиқоматии моро оташ заданд. Дар натиҷа хонаи иборат аз се ҳуҷра, пешайвон ва таҳхона бо амволи дар хона буда, аз ҷумла ду яхдон, ду телевизор, 7 қолин, 4 мошинаи ҷомашӯӣ, 3 телефони мобилӣ, 1 компютер, як миқдор пул, даҳҳо номгӯи дигари ҷиҳози рӯзгор, сарулибоси аҳли хонавода сӯхта хокистар шуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи сӯхтор як қисми хонаи ҳамсояамон- Илёси Умратулло низ ба маблағи беш аз 27 ҳазор сомонӣ зарар дид. Баъди ин ҳодиса шавҳарам ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуд, - нақл кард Бибисоро Болтаева.
Нисбат ба ин амали Шаҳноза Сафарова тибқи моддаи 255, қисми 2, бандҳои «а, в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
Суди ноҳияи Темурмалик баъди баррасии парвандаи ҷиноятӣ ӯро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳкор ҳисобида, ҳукм кард, ки нисбат ба Шаҳноза Сафарова ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол таъйин карда шавад. Сипас, суд бо дастрасии моддаи 71  - и Кодекси ҷиноятӣ ӯро шартан аз адои ҷазо озод карда, ба номбурда 1 сол муҳлати санҷишӣ таъйин кард. Ҳамчунин, дар асоси ҳалномаи суд аз Шаҳноза Сафарова бояд ба фоидаи собиқ шавҳараш Суҳроб Давлатов маблағи зарар ба андозаи 77 ҳазору 465 сомонӣ рӯёнда шавад, ки то кунун ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ барқарор гардидаасту халос.
 - Баъди ин ҳодиса шароити зиндагиамон хеле сангин шуд. Зеро сӯхтор ҳама лавозимоти рӯзгорро аз мо рабуд. Барои дастгирӣ борҳо ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардем, аммо ягон дастгирӣ нашуд. Дар давоми ин ду сол ба мақомоти дигари дахлдор низ муроҷиат кардем, натиҷае ба бор наовард. Дар асоси иҷроварақаи суд иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик вазифадор шудаанд, ки маблағи зарарро рӯёнда, ба мо диҳанд. Аммо то кунун ҳукми суд, ки аз он ду сол гузашт иҷро нашудааст, - мегӯяд Бибисоро Болтаева.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2019    №: 235    Мутолиа карданд: 919
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед