маориф
ТАҶРИБАИ РӮЗГОР. ФАРЗАНДОНРО ДАР РӮҲИЯИ ЭҲТИРОМ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ТАРБИЯ НАМОЕМ
Расидан ба қадри неъматҳое чун сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, дарки арзишҳои муқаддастарини Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, пос доштани онҳо, шинохт ва омӯзиши зиндагинома ва осори шахсиятҳои бузурги халқи тоҷик қарз, шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш мебошад.
Надонистани сарнавишти таърихӣ ва мероси маънавию фарҳангии миллати худ, шахсро ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолият оварда мерасонад. Бинобар ин, ба души мо - волидону омӯзгорон ва дар умум ҷомеа масъулияти бузурге гузошта шудааст, то фарзандонро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси миллӣ тарбия намоем.
Агар ба мероси адабии ниёгонамон ба дидаи таҳқиқ назар андозем, ба чунин хулоса меоем, ки онҳо аксаран панду насиҳатанд, ки аз таҷрибаи рӯзгор гирифта, ба таълиму тарбияи насли наврас нигаронда шудаанд.
Устод Рӯдакӣ мефармояд:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Асарҳои панду ахлоқӣ аз осори Малик – уш – шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, то «Насиҳатнома» - и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон» - и Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар асарҳо маҳз фарогири тарбияи ахлоқианд, ки моро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд.
Аз ин ҷост, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 қабул гардид, маҳз масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудаанд. Дар қонуни мазкур маъулияти асосӣ ба зиммаи оила, пеш аз ҳама, волидайн гузошта шудааст. Воқеан, нақши оила, бахусус падару модар дар тарбияи фарзанд бузург аст. Ҳамчунин, нақши муассисаҳои томактабӣ дар тарбияи зеҳнӣ ва маънавии кӯдакон хеле барҷаста мебошад. Аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2018 таъкид карданд: «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем».
Мавриди зикр аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Дар акси ҳол надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавию фарҳангӣ шахсро ба инкори ҳақиқат ва гумроҳӣ мерасонад. Ҳамагон шоҳиди он будем, ки солҳои 2014 – 2016 баъзе аз ҷавонон аз рӯи ҷаҳолату нодонӣ, гумроҳӣ ва тақлиду пайравии кӯр – кӯрона ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, бахусус гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастанд ва ҷони худро аз даст доданд. Зану фарзандони онҳо бо ҷурми “убури ғайриқонунии марз ва ҳамзистӣ ва кӯмак ба террорист” дар кишварҳои Ироқу Сурия ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум гардидаанд. Фарзандони онҳо бо модарони зиндониашон дар шароити ногувор ба сар мебурданд. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 апрели соли равон 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан баргардонда шуданд. Ҳукумати кишвар барои ин кӯдакон тамоми шароитро муҳайё кардааст ва онҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Зебуннисо МИРЗОШОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 97, ноҳияи Сино,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2019 №: 235 Мутолиа карданд: 2433