барқияҳо
Барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст:
Солгарди ҷашни инқилоби исломии Эрон имконеро фароҳам сохтааст, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ин муносибати таърихӣ табрику таҳният гӯям.
Пайвандҳои қавии таърихӣ ва фарҳангии мо аз муҳимтарин омилҳои рушду густариши сареъи муносибатҳои ду кишвари дӯст дар замони истиқлоли Тоҷикистон гардиданд. Ва ман бо камоли мамнуният зикр карданиам, ки нумӯъ ва равнақи ин муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштараки мост.
Нишонаи возеҳи ҳамкориҳои муваффақонаи Тоҷикистону Эрон, ки имрӯз сатҳи баланд касб кардаанд, сафари ба наздикӣ анҷомдодаи Шумо ба Тоҷикистон аст, ки он тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари бародарро аён сохт. Умедворам, ки тавофуқоти ҳангоми сафар ба даст омада комилан амалӣ гардида, намунаи дигаре аз баракати ҳамкориҳои мо хоҳад гардид.
Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ва бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон – хушрӯзӣ, сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4732