logo

иқтисод

ТАЛОШҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ НАҶОТИ САЙЁРА

Об чун ҳаво барои инсон зарур аст. Бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Вале, муҳим он аст, ки аз ҳаҷми умумии обҳои кураи Замин, ки баробар ба 1 миллиарду 400 миллион километри мукааб аст, танҳо 2,5 дарсад, яъне зиёда аз 35 миллион километри мукааб оби ошомиданӣ мебошад. Пас, моро зарур меояд, ки ба қадри ин неъмат бирасем. Вагарна норасоии оби тоза ҳаётро метавонад  торафт мушкилтар созад.

Ташаббускори масъалаҳои вобаста ба об дар арсаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ маротибаҳои зиёд ҷомеаи ҷаҳониро дар самти мазкур ба ҳамкории дастаҷамъона даъват кардаанд.
Айни замон беш аз 40 дарсади аҳолии Замин аз норасоии об танқисӣ дорад. Қисми зиёди захираҳои оби ошомиданиро пиряхҳо ва барфҳои Антарктидаву Гренландия ташкил медиҳанд. Сарчашмаи асосии оби нӯшокӣ кӯлҳо, дарёҳо, обҳои зеризаминӣ ва, инчунин, пиряхҳо маҳсуб меёбанд. Вале масъалаи дигаре, ки ба норасоии оби ошомиданӣ сабаб шуда метавонад, афзоиши аҳолӣ аст. Тибқи таҳлилҳои коршиносон, шумораи  аҳолӣ  дар   сайёра то соли 2100 -ум ба 11 миллиард нафар хоҳад расид. Бинобар ин, мушкилии об торафт мураккаб мегардад. Муддати 20 соли давраи рушди саноат аз беаҳамиятӣ 43 дарсади кураи Замин ба биёбон табдил ёфтааст.
Имрӯз беш аз 700 миллион нафар дар зиёда аз 40 кишвар аз норасоии оби нӯшокӣ ранҷ мекашад. 1,6 дарсади аҳолии дунё бошад, боре ҳам оби тоза нанӯшидаанд.
Давоми 50 сол зиёда аз 500 муноқиша  вобаста ба норасоии  оби нӯшокӣ рух додааст, ки аз ин шумора 21  ҳолат  бо истифода аз силоҳ аст. Дар асри нав шумораи гурезагон аз минтақаҳои хушкшуда бештар ба назар мерасад.
Аз ҳама захираҳои обии кам дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, қисми шимолии Амрико, Африқо ва Австралия ба назар мерасад. Мутобиқи маълумот, истеъмоли оби бе сифат боис ба марги 3,5 миллион нафар аҳолии рӯи Замин дар як сол мегардад. 84 дарсад аз ин шумораро кӯдакони то синни 14 ташкил медиҳанд.
«Об барои ҳаёт» иқдоми бузург ва саривақтӣ буд. Дар ин замина, бисёре аз мушкилиҳои вобаста ба об дар сайёра роҳи ҳалли худро пайдо карданд. Махсусан, дар  Тоҷикистон тайи ин солҳо корҳои зиёде ҷиҳати таъмини аҳолии мамлакат бо оби ошомиданӣ ба сомон расонда шуданд. Соли оби тоза барои мардуми тоҷик хушбахтӣ ва обруи дигар овард. Дар ин сол баҳри бартараф сохтани камбудиҳо, тозаву покиза нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо ва, дар маҷмӯъ, таъмин намудани мардуми кишвар бо оби нӯшокӣ корҳои зиёд анҷом пазируфтанд.
Соли 2013 ҷиҳати тақвияти муносибатҳо ташаббуси «Ҳамкорӣ дар самти об» пешниҳод гардид. Ин сол низ саҳми худро дар таъмини оби нӯшокӣ гузошт. Дар ин давра ҳама ташкилоту созмонҳои марбута ҳамкориҳоро хуб ба роҳ монда, дар таъмини оби ошомиданӣ саҳм гузоштанд.
Камбуди об дар сайёра ва ранҷ доштани қисме аз аҳолии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетараф нагузошт. Маҳз ба хотири наҷоти ҳаёт дар дунё маротибаи навбатӣ таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид ва аз тарафи зиёда аз 190 кишвари олам дастгирӣ ёфт. 22 марти соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ он расман ба фаъолият шурӯъ намуд.
Раванди иҷрои ин даҳсола имкон медиҳад, ки бисёр мушкилоти норасоии оби нӯшиданӣ, пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо, биёбоншавии минтақаҳои бузургҳаҷм дар рӯи Замин ва дигар мушкилоти экологӣ роҳи илмию амалии ҳалли худро пайдо намоянд. 

Илҳом АЛИЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2019    №: 237    Мутолиа карданд: 694
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед