logo

иқтисод

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ХАВФҲО ВА ТАДБИРҲО

Олимони набототшиноси  тоҷик дар ҳудуди мамлакат беш аз 23 ҳазор навъи набототу ҳайвонотро маълум намудаанд, ки ин захираи бойи генетикии мамлакат ба шумор рафта, асоси ба даст овардани маводи ғизоӣ, истеъмолӣ, табобатӣ ва истеҳсолӣ ба шумор меравад. Вале бо тағйир ёфтани иқлим ин захираҳои генетикӣ метавонанд коста гарданд. Аз ин лиҳоз, мутобиқшавӣ ба ин раванд  пешбинӣ намудани чорабиниҳои нави илмӣ ва амалиро тақозо дорад. Дар робита ба ин мавзӯъ ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта, Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, доктори илмҳои кишоварзӣ, андешаҳои худро чунин баён намуд: 

Дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим ҳифзи захираҳои  генетикӣ ва пиряхҳои мамлакат вазифаҳои муҳимтаринанд. Коста гаштани захираҳои обӣ хатари аз байн рафтани гуногунии биологиро пеш меорад. Бинобар ин, масъалаи нигоҳдории захираҳои пиряхҳо ва гуногунии биологӣ бо ҳам зич алоқаманд буда, мушкили нигоҳдории онҳо зарурати ба роҳ мондани тадқиқоти нави илмию амалиро пеш овардааст.
Дар ҳақиқат, солҳои охир масъалаи глобалии тағйирёбии иқлим дар рӯи Замин ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, зеро он вайроншавии ҳолати кунунии экосистемаҳо, аз байн рафтани пиряхҳо ва гуногунии биологӣ, афзоиши бемориҳо ва зараррасонҳои зироатҳо, коҳиш ёфтани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва иқтисодиёти кишварҳоро дар пай дорад. 
Натиҷаи таҳлилу омӯзиши олимони ҷаҳон нишон медиҳад, ки то охири асри XXI эҳтимол ҳарорати миёнаи ҳавои сайёра 3 - 5 дараҷа баланд гардад. Тибқи  маълумоти илмӣ,  дар  Осиёи Марказӣ низ шӯршавии хок ва паст гаштани ҳосилнокии зироатҳо мушоҳида мегардад ва давом ёфтани ин раванд аз эҳтимол дур нест. Мутаассифона, яке аз мушкилоте, ки дар натиҷаи баланд гаштани ҳарорати ҳаво дар кишвари мо ба амал меояд, ин обшавии пиряхҳо ва кам гаштани захираҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад. Бинобар ин, пеш аз ҳама, бояд дар саросари кӯҳистону биёбонҳои кишварамон сабзондани ҷангалзорҳои нав, дарахтзору буттазор ва алафзорҳо афзоиш дода шавад. Ба ин васила эрозияи хок ва намии заминро дар кӯҳистон нигоҳ доштан мумкин аст.
Аз ҷониби  дигар, раванди таъсири антропогении фаъолияти баъзе одамон дар минтақаи кӯҳистон сабаби аз байн рафтани алафу гиёҳҳои табобатӣ ва буттаю ҷангалзорҳои ҷавон гардидааст, ки чунин ҳолат боиси зиёд гаштани ҳолатҳои бодхӯрдашавии хок, осебпазир гардидани экосистемаҳои мавҷуда ва коҳиш ёфтани гуногунии биологии кишварро зери хатар гузоштааст. Махсусан, бе маврид ҷамъоварӣ намудани гиёҳҳои маҳал, бе чарогоҳгардон ва нодуруст чарондани чорво дар чарогоҳҳо, буридани буттаю дарахтон, боиси бенур ва коста гаштани захираҳои табиии диёри зебоманзари кӯҳистон шуда истодаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба мардуми кишвар гаштаю баргашта фаҳмонем, ки нисбати захираҳои манотиқи кӯҳистон - рустанӣ, гулу буттаю дарахтон ва оқилона истифода намудани онҳо мулоҳизакор бошанд.
Ба гуфтаи табибон, истеъмоли меваҷоту сабзавот,  лӯбиёиҳо ва гиёҳҳои ғизоию табобатӣ ба саломатии инсон манфиати зиёд дорад. Бинобар ин, дар тафаккури насли наврас фаҳмиши аз истеъмоли миқдори зиёди гӯшт ба истеъмоли зиёди меваҷоту сабзавот рӯй оварданро месазад тарғиб намуд. Дар аксари кишварҳои олам одамон аз истеъмоли гӯшти чорво даст кашидаанд ва умри онҳо нисбат ба умри одамоне, ки гӯштро бештар истеъмол менамоянд, дарозтар мебошад.
Раванди мураккаби мутобиқшавӣ ба ҷараёни тағйирёбии иқлим дар назди олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир додани самти корҳои илмию амалиро баҳри мутобиқшавӣ, бахусус дар корҳои тадқиқотӣ дар бахшҳои генетика, селексия, физиология, биохимия, биотехнология ва дигар самтҳои илми муосир ,ба миён овардааст. Инчунин, масъалаҳои омӯзиши мутобиқшавии рустаниҳо ба шароити тағйирёбии иқлим, баҳодиҳии устувории рустаниҳо ба норасоии намии хок, шӯрии баланди хок, ҳарорати баланди ҳаво ва ғайраҳо бояд дар мадди аввали корҳои илмии минбаъдаи олимон қарор дошта бошанд. Аз олимони соҳа тақозо карда мешавад, ки баҳри зудтар ба даст овардани навъҳои нави ниҳолҳо ба ҳарорати баланди ҳаво тобовар, тезпаз, серҳосил ва ба об камталаб кӯшиш намоянд, дар корҳои илмию эҷодӣ аз дастовардҳои илмҳои муосири замонавии генетика, биотехнология ва биохимияи муосир самаранок истифода баранд.
Зарур аст, ки минбаъд корҳои селексионӣ ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат ба роҳ монда, дар ин мавзеъҳо навъҳои нави рустаниҳо ба даст оварда шаванд. Бояд дар минтақаи кӯҳии мамлакат истеҳсолотро тақвият бахшида, баҳри таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ заминаи боэътимоди истеҳсолӣ ба вуҷуд орем.
Мувофиқи маълумоти бодуҳавосанҷон, дар Тоҷикистон баланд гаштани ҳарорати миёнаи ҳаво ва дар ин замина ба амал омадани хушксолӣ аз эҳтимол дур нест. Дар робита ба ин, раванди ҳолати кунунии тағйирёбии иқлим тақозо менамояд, ки дар мамлакат захирасозии намии хок ба роҳ монда шавад. Кишоварзону деҳқонон бояд дар тамоми заминҳои кишоварзӣ, алалхусус дар қисми водии ҷумҳурӣ, обмонии захиравӣ ва дар минтақаҳои кӯҳистон гузарондани яхобмонӣ ва минбаъд гузарондани обмониҳои захиравиро оммавӣ гардонанд.
Барои мутобиқ гаштан ба тағйирёбии глобалии иқлим ва паст намудани таъсири манфии он ба соҳаи кишоварзӣ ба олимони тоҷик зарур аст, ки дурнамои тадқиқоти илмиро дар муддати солҳои 2020 - 2030 тақвият бахшида, баҳри бадастовардани навъу тухмиҳои нави ояндадори зироати кишоварзӣ, ки аломатҳои ирсии тезпазӣ, устуворӣ ба касаливу шӯрии хок, камталабӣ ба об  ва серҳосилиро доро бошанд, дар корҳои илмӣ ба роҳ монанд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2019    №: 237    Мутолиа карданд: 714
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед