номаҳо
ЗИНДАГӢ ХАТОРО НАМЕБАХШАД!
Кӯдакони ақлан заиф ва ё имконияташон маҳдудро ҳар рӯз мебинаму барои сарнавишташон ғам мехӯрам. Оре, агарчи онҳо дар мактаби махсус хуб таълим мегиранду тарбия меёбанду ҳамеша дар паноҳи давлатанд.
Аммо, агар ин гурӯҳ ҳам солим ба дунё биёянд, ба манфиати ҳамаи мо ва давлату миллат нест? Мо - волидон дар бораи насли солим на танҳо бояд биандешем, балки ҳамаи тадбирҳоро роҳандозӣ намоем. Нафъи ин кӯдакон, агар тандуруст ба дунё меомаданд, ба яқин, барои ҷомеа бештар мерасид ва ҳам онҳо ноҳинҷор намешуданду аз маъюб буданашон ғам намехӯрданд.
Медонам, аксари волидон дар ин маврид масъулияташонро фаромӯш мекунанд ва сабабро аз сарнавишт ҷӯё мешаванд. Ҳол он ки худ гунаҳгоранду пеши роҳи гуноҳи баъдиро низ гирифтан намехоҳанд. Бо ин ки мутахассисон, табибон ҳушдор медиҳанд, огоҳ мекунанд, бо хешовандони наздик оила бунёд насозанд, акси ҳолро мебинему мушоҳида менамоем. Он замон афсӯс мехӯрему пушаймон мешавем, ки кор аз кор гузаштаву оташ бар буттаамон афтодааст. Чаро сарнавишти ин гурӯҳ барои дигарон панд намешавад?
Бо дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд сол аст, ки пеши роҳи ин амалро расман гирифтаанд. Навхонадорон ҳатман аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Бо вуҷуди ин бархе бо роҳҳои гуногун саъй ба харҷ медиҳанд, то бе гузаштан аз ташхис ва гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ оила бунёд созанд. Намеандешанд, ки анҷоми амали мазкур ҳаргиз ба нафъашон нест.
Дар бораи рӯзгордорӣ, зиндагӣ, тарзи нигоҳдории кӯдаки дар батнбуда, тарбияву нигоҳубини он низ бисёре аз модарон маълумоти заруриро надоранд.
Сари ин ҳақиқат намеандешанд, ки андак ғафлат барои андак замоне метавонад, тамоми зиндагии хонаводагиро бо доштани кӯдакони маъюб ногувору талх бигардонад.
Тавлиди чунин кӯдакон, яъне ақлан заифу имконияташон маҳдуд, гувоҳ бар ин ҳақиқат аст, ки ҳанӯз ҳам корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар сатҳи зарурӣ нест. Зиндагӣ бошад, ҳеҷ ғалату хаторо аз ҳеҷ кас на қабул дорад ва на мебахшад.
Заррина НУСРАТОВА, омӯзгори мактаб - интернати махсуси
таҳсилоти асосии № 2, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2019 №: 238 Мутолиа карданд: 3876