logo

ҳукумат

Фаъолияти ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» баррасӣ гардид

10 феврали соли 2010, нимаи дуюми рӯз, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки  дар он беш аз 15 масъалаи муҳим, аз ҷумла фаъолияти ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлис роҳбарияти ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун», ҳамаи ширкатҳо ва ташкилоту муассисаҳои ватанию хориҷии  сохтмонию лоиҳакашии ин иншооти азим ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли 2009 ҳисобот доданд.
Дар ҳисоботи директори генералии ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» Нурулло Шулашов, аз ҷумла, бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли 2009 дар ин иншооти бузург дар ҳаҷми 532,5 миллион сомонӣ корҳои барқарорсозӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонию васлгарӣ иҷро шуданд. Айни ҳол ҳар моҳ бо маблағи 40-45 миллион сомонӣ корҳо анҷом меёбанд. Имрӯз дар бунёди нерӯгоҳи Роғун беш аз 7200 коргару мутахассис, 630 адад мошину механизм ва 59 ширкат ва корхонаю муассисаҳои гуногуни соҳибэътибор машғули коранд.
Дар маҷлис ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони тамоми  ширкатҳо ва ташкилоту муассисаҳои лоиҳакашию сохтмонӣ, ки наздики 10 – тоаш аз Федератсияи Русия мебошад, шунида шуд.
Чунонки маълум гардид, барои ҳамаи онҳо шароити хуби корӣ муҳайёст, бо ҳаҷми корҳои зарурӣ таъмин мебошанд ва ин боиси қаноатмандӣ ва бо дили гарм заҳмат кашиданашон гаштааст. Аз ҷумла намояндагони Интерстрой - Акмал Усманов, институти Гидропроекти шаҳри Маскави Федератсияи Русия - Николай Кисилев ва Трести гидромонтажи Русия - Алексей Прокопенко аз шароит ва ҳаҷми корҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин таъкид доштанд, ки ният доранд боз мутахассисони зиёди баландпояи ин cоҳаро  аз гӯшаҳои гуногуни Федератсияи Русия ба кор даъват кунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба суръат ва сифати сохтмони нерӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, дар назди сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ва ташкилоту идораҳои он вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ба сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогашта, таъмини шаффофият дар ин кор ва сарфаю сариштакорӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Сипас дар ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои ду  қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гражданӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011, Низомнома дар бораи тартиби гузарондани ташхиси иҷтимоии барномаҳои давлатии мақсаднок ва инвеститсионии таҳияшаванда дар самти таъсири онҳо ба таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ ва як зумра санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд», Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи иктишофӣ-геологии ашёи радиоактивӣ» таъсис дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5745
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед