logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ДУ ИНШООТИ НАВ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароити корӣ ва имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нави “Амонатбонк” бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфта, дар ҳудуди он шароити замонавии кор ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бино дорои 121 ҳуҷраи корӣ буда, барои 500 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии бонк пешбинӣ гардидааст.
Дар ошёнаи аввали бино маркази хизматрасонии мизоҷон ва департаменти пардохти нафақаву кортҳои пластикӣ ҷойгир мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари ифтитоҳи бино, ҳамчунин, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ба тозагӣ соҳиби дастгоҳи чоп ва омодасозии кортҳои пластикӣ шуд, ки ин имконият медиҳад, минбаъд дар ҳамин ҷо кортҳои пластикӣ омодаву дастраси мизоҷон гардад.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳуҷраҳои кории кормандон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Иншоот бо дарназардошти талаботи замони муосиру меъёрҳои байналмилалии бонкдорӣ бунёд гардида, аз толору маҷлисгоҳ ва утоқҳои мулоқоту қабули меҳмонон иборат мебошад. Аз ҷумла, бинои навбунёд дорои толор барои нишастҳои матбуотӣ ва толори хурди маҷлис буда, барои гузарондани ҳамоишу чорабиниҳо як толори дигар низ бо 200 ҷойи нишаст бунёд шудааст. Ҳамзамон, бо дарназардошти талабот 4 утоқи машваратӣ низ сохта шуда, бо дастгоҳҳои зарурӣ ва аёниятҳои корӣ таъмин мебошанд. Ҷиҳати таъмини бехатарӣ дар бонк 300 камераи муосири назоратӣ насб шудааст ва рафти фаъолияту омадурафти кормандону мизоҷон ба таври қатъӣ зери назорат қарор дорад. Дар маҷмӯъ, дар дохили иншооти тозабунёд 9 ҳуҷраи техникӣ ташкил гардидааст.
Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз осорхонаи бонк, ки дар ошёнаи 10 - ум қарор дорад, дидан намуданд. Дар он дастоварду натиҷаҳои кории “Амонатбонк”, ки таърихи беш аз 130- сола дорад, маҳфуз дошта мешавад. Осорхона бо усули муосири меъморӣ бунёд ёфта, ҳамчунин, барои гузарондани конфронсҳои хурд дар ин ҷо имконият фароҳам аст. Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат дар китоби меҳмонони олиқадри осорхона соядаст гузоштанд.
Зикр гардид, ки дар ду ошёнаи зеризаминии бино таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ, анбор ва таҳвилхона бунёд шуд.
Дар маҷмӯъ, бинои нав аз 10 ошёна ва 2 ошёнаи зеризаминӣ иборат буда, намои берунаи он бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ сохта шудааст. Гирду атрофи иншоот ва роҳравҳои он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зебу оро ёфта, ба зебоии хиёбони Рӯдакӣ ҳусни дигар зам менамояд.
Дар толори бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони бонк мулоқоти самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи иншоотро ба онҳо таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки “Амонатбонк” дар низоми бонкдории мамлакат нақши калидӣ бозида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шарту шароити кории он тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоот баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор намуданд, ки саъю кӯшиши худро баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ равона созанд.

Имрӯз, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аснои шиносоӣ аз шароити фароҳамшуда дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Бинои асосии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ошёна иборат буда, дорои 182 ҳуҷраи муосиру барҳаво барои кору фаъолияти кормандон аст.
Ҳамчунин, дар бинои навбунёд толори барҳаво бо 300 ҷойи нишаст бунёд шудааст, ки барои гузарондани ҷамъомад ва маҳфилу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ мебошад.
Дар ин ҷо, ҳамзамон, 2 ҳуҷраи конфронсию машваратӣ ва ошхонаи замонавӣ сохта шудааст.
Бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои китобхонаи муосир мебошад, ки бо адабиёти соҳавӣ ва бадеӣ таъмин аст. Кормандони агентӣ метавонанд аз китобхонаи электронӣ низ, ки бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошад, ба таври васеъ истифода баранд.
Масоҳати бино 12 ҳазору 216 метри мураббаъ буда, аз биноҳои 7 ва 2 - ошёнагӣ бо таҳхонаву таваққуфгоҳ иборат аст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми бинои асосӣ китобхона, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, навбатдорӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва корӣ мавҷуд аст.
Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯз ба кормандони агентӣ 175 компютер тақдим гардид.
Аз иқдомҳои шоиставу беназири Сарвари давлат ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият кулли кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари онҳо ҷавонони соҳибтахассус ва дорои қобилияти баланди касбӣ мебошанд, изҳори супосу миннатдорӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои нави агентии мазкур моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида, бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кории раёсатҳои агентӣ ҷой гирифтаанд ва таҳхонаи он барои бойгонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар бинои нав барои машқу тамрин ва обутоби бадани кормандон толори барҳавои варзиш низ сохта шудааст, ки коргарон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.
Тавре иттилоъ дода шуд, барои таъмини бино бо неруи барқ ва гармӣ зеристгоҳи барқӣ бо ду трансформатор ва таҷҳизоти гармидиҳӣ насб гардидааст.
Бинои нави агентӣ дорои гузаргоҳи назоратӣ, 143 нуқтаи камераҳои дохилӣ ва 19 нуқтаи камераҳои мушоҳидавии берунӣ мебошад.
Дар баробари корҳои сохтмонӣ ба масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии агентӣ корҳои мушаххас анҷом ёфтааст.
Гирду атрофи бино чароғон ва ободу зебо гардонда шуда, гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамоварда дар бинои навбунёд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 769
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед