logo

фарҳанг

БУНЁД РАҲНАМО САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ..."

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …», ки аз 11 то 14 декабри соли ҷорӣ аз рӯи чор номинатсия ва рақобат барои шоҳҷоиза идома дошт, натиҷагирӣ гардид.

Чорабиниро раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ бахшида, иброз дошт: «Озмун аввали соли ҷорӣ бо Амр ва  сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни умумимиллии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа эълон гашта буд. Он аз ноҳияҳо оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ гузаронда шуд. Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, ҷаҳони маънавӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки ҳақиқатан мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошад”.
Ғолибони чор номинатсияи озмун ва соҳиби шоҳҷоиза муаррифӣ гардиданд. Аз номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик» ҷои якум бо 30 ҳазор сомонӣ ба Имрониддин Сарфарозиддин, ҷои дуюм ва 25 ҳазор сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек ва ҷои сеюм бо 20 ҳазор сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо насиб гардид.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик» ҷои якум ва 30 000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова, ҷои дуюм бо 20 000 сомонӣ ба Рухшона Нурова, ҷои сеюм ва 15 000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода муносиб дониста шуд.
Аз рӯи номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» ҷои якумро бо 25 ҳазор сомонӣ Муҳаммад Раҳнамо, ҷои дуюм ва 17 ҳазор сомониро Зебонисои  Азизиён ва ҷои сеюмро бо 13 ҳазор сомонӣ Бинямони Илҳом соҳиб гаштанд.
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» ҷои якум ва 30 000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева, ҷои дуюм бо 20 000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова, ҷои сеюм ва 15 000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева насиб шуд.
Бунёд Раҳнамо, хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо», бо гирифтани 225,5 хол ғолиби мутлақи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» гардида,  соҳиби шоҳҷоизаи озмун  ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ  шуд.
Инчунин, хонандаи синфи 6 – и  МТМУ № 44 ноҳияи Ишкошим Азизмо Пайшанбеева барои маҳорату дониши хуб нишон додан, аз ҷониби ҳакамон барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод гашт.
Ҳамзамон, чанд нафар ятимон ва хурдсолон Озодаи Саид, Ҷӯрахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Ҳумайнӣ Кароматуллоҳ, Аҷикуллоҳ Ҳусейнов ва Сайрам Файзова, ки дар озмун донишу маҳорати хуб нишон доданд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадр гардиданд. Ғолибони дигари озмун соҳиби диплому ифтихорнома шуданд.
Ёдовар мешавем, ки маросими тантанавии ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» супурдани ҷоизаву мукофотпулиҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ охири моҳи декабри соли ҷорӣ бо баргузории як барномаи бошукӯҳи консертӣ доир мегардад.

Б. КАРИМЗОДА,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 813
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед