logo

иқтисод

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИФТИХОРИ МАНУ МО

Мувофиқи  гузориши  Созмони Милали Муттаҳид,  давоми  панҷоҳ соли  охир дар ҷаҳон 507 муноқишаи марбут ба масъалаи об ба қайд гирифта шудааст. Бархӯрдҳои ҳарбии соли 1975 миёни Сурия ва Ироқ барои истифодаи оби дарёи Фурот, соли 1994 байни неруҳои  ҳарбии Миср ва Судон барои зери назорат гирифтани  оби  дарёи Нил, ки таъминоти асосии аҳолии Миср бо оби нӯшоӣ аз он вобаста аст, баҳсу муноқишаҳои байни  Эфиопия,  Судон  ва  Миср барои тақсими оби дарёи Нил аз ин ҷумлаанд.

Маҳз бо дарки муҳимияти ин масъала Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро борҳо ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об даъват карданд. Ин пешниҳодҳои башардӯстона  аз  ҷониби  Маҷмаи умумии  СММ  бо  тарафдории  кулли давлатҳо  пазируфта  шуданд ва соли  2003 «Соли  байналмилалии  оби  тоза»,  солҳои 2005-2015 Даҳсолаи  байналмилалии амалиёти «Об барои  ҳаёт», соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон  гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 5-уми ҷаҳонии об, ки 16 - 22 марти соли 2009 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия баргузор шуд, ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳон дар  ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии об ширкат варзида, зимни суханронии худ масоили гармшавии иқлим, коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳои азим,  истифодаи бенизому бебозгашти захираҳои обро аз мушкилоти асосӣ  дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд. Ба андешаи Сарвари давлат, 40 дарсади оби минтақа ҳангоми обёрӣ  бебозгашт масраф мешавад, аз ин рӯ,сохтмони обанборҳо ва неругоҳҳои обӣ барои истеҳсоли неруи  барқ ва захираи об ба манфиати кулли кишварҳои минтақа мебошад.
Соли 2015 Президенти мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар Форуми ҷаҳонии об, ки дар Ҷумҳурии  Корея баргузор гардид, ташаббуси  нав  - Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об  барои  рушди  устувор, солҳои 2018 - 2028»  - ро эълон доштанд. 21 декабри 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» -ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд.
Моҳи августи  соли 2016 дар  шаҳри Душанбе бо иштироки  намояндагони  беш  аз  90  кишвар  ва  созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ Ҳамоиши байналмилалии  сатҳи  баланд  оид  ба  ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди  Устувор  зери унвони «Таъмини  дастрасии  умум  ба  об  ва  беҳдошт» баргузор гардид.  Ҳадафи  асосии  ҳамоиш  табодули  афкор ва таҷриба дар самти  беҳбудии  дастрасӣ  ба  об,  тозагии  он, ҷорӣ  намудани ҳамгироии идораи захираҳои об, коҳиш  додани  ифлосшавии захираҳои  об  ва амсоли инҳо буд. Моҳи  марти  соли  2018 бо қатъномаи МУ СММ татбиқи амалии ташаббуси нави Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  Даҳсолаи  байналмилалии  амал   “Об  барои  рушди  устувор, солҳои  2018 - 2028”  оғоз гардид. 
Ташаббусҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  доир  ба  масъалаҳои  ҷаҳонии  об  ба нафъи кулли мардуми сайёраанд ва аз хирадмандию башардӯстӣ шаҳодат медиҳанд. Ҳамин аст, ки Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  сатҳи  байналмилалӣ  ҳамчун  як  сиёсатмадори  қавиирода,  дурандеш,   инсондӯст,  ташаббускор  ва  пешсафи  ҳалли  масоили  ҷаҳонии  вобаста  ба   истифодаи  босамари  захираҳои  об шинохта  шуда, барои саҳми бузургу мондагорашон бо ҷоизаҳои қадрмандтарини  СММ сарфароз гардидаанд. Ба  гуфтаи  муовини  Дабири кулли СММ:  «Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  дарро  барои  ҳалли  масъалаҳои  муҳими  ҳамкориҳои  байналмилалӣ  дар  соҳаи  захираҳои  об  васеъ  кушод,  ки  он  минбаъд  чун  қувваи  ҳаракатдиҳандаи  рушди устувор  дар  рафъи  камбизоатӣ  хизмат  мекунад».
Мувофиқи  маълумоти  Созмони Милали Муттаҳид,  дар  дунё  зиёда  аз  800  миллион  нафар  ба  оби  нӯшоӣ ва зиёда  аз  дую ним  миллиард  нафар  ба    беҳдошт  (санитария)  дастрасӣ  надоранд. Ҳар  сол  то  сесад  ҳазор  нафар  кӯдак  дар  синни  то  панҷсолагӣ  бо  иллати  набудани  дастрасӣ  ба  об ва  беҳдошт  ба  ҳалокат  мерасад. Имрӯз  дар ҷаҳон  зиёда  аз  ду  миллиард  нафар  аз  норасоии  об  танқисӣ  мекашад.
Тибқи  пешгӯии  коршиносон, то соли  2050  ин  нишондиҳанда  метавонад  то  панҷ  миллиард  нафар (тақрибан  ба  нисфи  аҳолии  сайёра) афзояд.
Мувофиқи  маълумоти Бонки  ҷаҳонӣ, талаботи  солонаи  молиявӣ  барои  иҷрои  танҳо  ду вазифаи ҳадафи  шашуми  Ҳадафҳои Рушди  Устувор,  яъне  дастрасии аҳолӣ  ба  оби тоза ва беҳдошт  то    114  миллиард  доллари  амрикоӣ  мерасад.
Мо, сокинони  Тоҷикистони биҳиштосо,  ки дар саргаҳи об қарор дорем, бояд бо ифтихор аз Сарвари башардӯсту шарафманди худ дар ҳалли масъалаҳои об бетараф набошем, дар амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” саҳми худро гузорем, тамоми  сарчашмаҳои  обиро оқилонаю самаранок  истифода  намоем ва   обро покиза нигоҳ дорем. Об    сарчашмаи  ҳаёт ва  неъмати  бебаҳои  табиат  аст.  Мо  бояд  ба  қадри  ин  неъмат бирасем. 

Беҳрӯз НИЁЗОВ, ассистенти  кафедраи  фаъолияти  гумрукии  ДДМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 842
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед