logo

энергетика

ЭНЕРГЕТИКА СОҲАИ ПЕШБАРАНДАИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

Пешрафти энергетикаро дар Тоҷикистон олимони иқтисодшинос барои нигоҳдории рушди босуботу устувори иқтисодиёт, аз ҷумла афзоиши неруи содиротии кишвар, ғанӣ гардондани Буҷети давлатӣ, коҳиш додани таъсири хатарҳои буҳрони иқтисодӣ, пойдории қурби пули миллӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ аввалиндараҷа меҳисобанд. Истифодаи захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ метавонад Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба давлати содироткунандаи азими неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил диҳад.
НБО «Роғун», ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои мардуми шарифи кишвар бунёд мешавад, тарҳи азим ва заминаи мустаҳкамест барои истифодаи захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон– Тоҷикистон. Ифтитоҳи  агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли 2018 дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муждае аз марҳилаи нави рушд буд.  Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд. Ҳамин тавр,  9  сентябри соли равон ба муносибати Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми неругоҳ ба кор даромад.
Моҳи марти соли равон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон созишнома ба имзо расид, ки боз як қадами дигар дар ҷодаи рушди энергетикаи мамлакат мебошад.
Ҳамчунин, лоиҳаи таҷдиди  Неругоҳи барқи обии “Норак” дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он дар ояндаи наздик ба кор андохта мешавад. Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз куҳантарин неругоҳҳои калони кишвар  буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди ин неругоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гаштааст. Татбиқи лоиҳа соли оянда оғоз меёбад. Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда сарфи беш аз 8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бунёди пурраи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мо имкон медиҳад, ки ба истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ гардида,  корхонаҳои азими саноатӣ таъсис диҳем ва тавассути содироти неруи барқ ба кишварҳои минтақа Буҷети давлатро ғанию диёри худро ободтар созем. 
Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати хешро нишон ва аз рисолати азалии созандагӣ дарак дод. Баъди  ба кор даромадани чархаҳои аввали НБО «Роғун ва рӯи кор омадани иқтидорҳои нави энергетикӣ умеди мардум ба ояндаи  дурахшон боз ҳам қавитар гардид. Сокинони кишвар  аз ин корнамоию пешравиҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, пайи якдилона обод сохтани Ватан камари ҳиммат мустаҳкамтар бастаанд.

Бахтиёр ҚУРБОНОВ, донишҷӯи  факултети молия ва қарзи ДДМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 12725
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед