logo

иқтисод

КАМБУДИҲО БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Посух ба матлаби «Шаҳритуз. Айб дар ош аст ё дар мош?», ки 30 октябри соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 204 (23807), нашр шудааст.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби  «Шаҳритуз. Айб дар ош аст ё дар мош?» - ро, ки дар он  рӯзноманигор дар баробари масъалаҳои санитарию эпидемиологӣ, инчунин, риоя нагардидани қоидаҳои нигаҳдории маҳсулоти хӯрока ва савдои кӯчагиро дар назди бозори марказии ноҳияи Шаҳритуз матраҳ намудааст, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.
Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба тартибу низом даровардани вазъ ва тақвият бахшидани корҳои назоратӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби мутахассисони маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шаҳритуз ва дигар мақомоту масъулони соҳа дар бозори марказӣ санҷиш гузаронда шуд. Дар рафти он ҳолатҳои риоя нашудани меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ, тарзи нигоҳдории маҳсулоти хӯрока, ҷой доштани савдои кӯчагӣ ва дигар камбудиҳо ошкор гардиданд.
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳо нисбат ба масъулони бозор ҳуҷҷатҳои эътиноӣ тартиб дода, дар байни фурӯшандагону харидорон ҷиҳати риояи тартиботи қонунгузории соҳа суҳбату вохӯриҳо доир карда шуданд.
Ҳамзамон, масъулони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ  ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва мудири озмоишгоҳи таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритуз аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ барои дуруст ба роҳ мондани фаъолият ва роҳ надодан ба чунин камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ ҷиҳати зери назорат қарор додани қоидаҳои беҳдоштӣ, пешгирии ҳолатҳои ба истеъмол баровардани маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои истеъмолӣ ва аз байн бурдани фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ дар роҳравҳо чораҳои судманд меандешад.

Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА, раиси Кумитаи бехатарии
озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 892