logo

туризм

ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ САЙЁҲӢ

Тоҷикистонро дар олам ҳамчун кишвари обҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбарафлок, ёдгориҳои қадима ва дорои фарҳанги пурғановат мешиносанд. Аз як ҷиҳат таъриху тамаддуни Тоҷикистон ба сайёҳон ҷолиби диққат бошад, аз ҷониби дигар релйеф ва ҷуғрофиёи Тоҷикистон барои намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили  кӯҳнавардӣ, экологӣ, шӯхпаймоӣ, табобатӣ ва таърихиву фарҳангӣ, созгор мебошад. 
Ин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушд ва тақвият бахшидани соҳаи сайёҳӣ як қатор санад ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Консепсияи “Рушди туризм барои солҳои 2009 – 2019”, “Дар бораи барномаи рушди туризм дар Тоҷикистон давраи солҳои 2015 – 2017”, “Дар бораи нақша чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардидаанд. 
Дар баробари ин,  баҳри боз ҳам тақвият бахшидани корҳо дар ин самт моҳи майи соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис ёфт. Ҳамзамон,  ба хотири ҷалби бештари сайёҳон ҳуҷҷатгузории электронӣ роҳандозӣ гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма иқтидори сайёҳии кишвар тарғибу ташвиқ мешавад ва инфрасохтори соҳа тибқи талаботи байналмилалӣ бунёду навсозӣ мегардад. Аз ҷумла, тайи солҳои ахир дар кишвар зиёд намудани хатсайрҳо, бунёди меҳмонхонаҳои муосир ва таъмиру таҷдиди роҳҳо авҷи тоза касб намуда, симои Ватани маҳбубамонро ба куллӣ тағйир додаанд. Ҳамчунин, бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба мавзеъҳои таърихӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар гӯшаву канори гуногуни мамлакат зиёда аз 70 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва меъморӣ барқарор гардид.
Ин тадбирҳои андешидаи  Ҳукумати кишвар самараи нек ба бор меоваранд ва сол ба сол теъдоди ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон меафзояд. Чуноне иттилоъ дода мешавад, беш аз ҳама ба сарзамини биҳиштосои мо сайёҳон аз Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Хитой, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Фаронса, ИМА ва Олмон меоянд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ солҳои оянда Осиёи Марказӣ ба яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии ҷаҳонӣ дар қораи Осиё табдил хоҳад ёфт. Ва ин бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон метавонад бо имкониятҳои фарохи сайёҳии худ дар наздиктарин фурсат суди зиёд ба даст оварад.

Парвина РАҶАБЗОДА,  судяи Суди Олии иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 2316
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед