logo

ҳуқуқ

БАҲСИ МАНЗИЛ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ Ё ЧАРО СУД ШАРТНОМАИ ХАРИДУФУРӮШРО БАЪДИ 10 СОЛ БЕКОР КАРД?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон 21 ноябри соли равон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки фаъолияти нокифояи судӣ дар аксар маврид боиси норозигии шаҳрвандон гашта, онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти болоӣ бо арзу шикоят муроҷиат менамоянд.
Бибироҳила Ҳакимова, сокини Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» муроҷиат карда, аз ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ норозигӣ кард.  
- Соли 1993 шавҳарам ҳангоми кори сохтмонӣ фавтид. Ману се фарзандам бесарпаноҳ мондем. Ман маҷбур шудам, ки дар мағозаи бародарам Маҳмадсабур Тағоев, ки гирифтори бемории фалаҷ буд, ба савдо машғул шуда, рӯзгори худу фарзандонамро пеш барам ва ба бародарам низ ёрӣ расонам. Соли 1997 дар хонаи якҳуҷрагиам, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фарзандонам зиндагӣ мекардам. Чун фарзандон калон шуданд, хона барояшон танг шуд.  Аз ин рӯ, хонаи якҳуҷраамро фурӯхта, бо иловаи пасандозҳоям соли 2010 аз шаҳрванд Нурулло Бафоев манзили истиқоматиаш иборат аз ду ҳуҷраро харида, дар идораи нотариалии давлатӣ  расман ба қайд гирифтам. Вақти харидани манзил собиқ соҳибхона ба ман забонхат дод, ки дар он бародарам Маҳмадсабур Тағоев ҳамчун шоҳид имзо гузоштааст. Вале намедонистам, ки рӯзе ин шоҳидӣ байни ману писараш баҳси судиро ба миён меорад, - гуфт Бибироҳила Ҳакимова.
Духтари калонии Бибироҳила низ ҳамроҳи модараш ба савдо машғул шуда, рӯзгорро якҷоя пеш мебурданд. Соли 2014 Аҳмад Мирзоев аз маҳаллаашон бо сабаби зарурат хонаи дуҳуҷраашро ба фурӯш мемонад. Бибироҳила бо сабаби ба камол расидани фарзандон ва танг шудани шароити зист хонаи ӯро низ харида, дар идораи нотариалии давлатӣ расман сабт мекунад.
Ба гуфтаи Бибироҳила Ҳакимова, моҳи октябри соли 2018 пас аз бемории тӯлонӣ бародараш вафот кард. Пас аз вафоти ӯ ҷанҷоли хонаҳои харидаи ӯ бо писари бародараш сар шуд. Писари бародараш ба суди ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи бекор кардани шартномаҳои харидуфурӯши манзилҳои истиқоматӣ муроҷиат намуда, даъво овардааст, ки гӯё хонаҳои ман аз ҳисоби пулҳои бародарам - падари ӯ харида шудаанд. Суд парвандаро бе иштироки ман баррасӣ карда, баёнотҳои Нурулло Бафоев ва Аҳмад Мирзоевро ҳамчун далел эътироф намуда, пас аз 10 сол бо ҳалномаи судӣ шартномаҳои харидуфурӯши хонаҳои харидаи маро беэътибор донист. Гӯё дар маҷлиси судӣ Н. Бафоев ва А. Мирзоев тасдиқ намуда бошанд, ки пули хонаҳои харидаи маро бародарам Тағоев Маҳмадсабур додааст.
Ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки, агар хонаҳои харидаи ӯ аз бародараш бошанд, пас чаро ӯ ҳангоми дар қайди ҳаёт будан онҳоро ба номи ҳамсару фарзандонаш накарда, ба номи ман ба расмият даровард? Ӯ иддао дорад, ки шахсони иштирокчии парванда бо ҳамдигар шиносоӣ ва муносибати хешутаборӣ дошта, бо додани баёнотҳои бофта, манзилҳои истиқоматии ӯро аз худ карданианд. Ба гуфтаи ӯ, далели дигар он аст, ки вақти харидани хона, ба ғайр аз шартномаи харидуфурӯш ба тариқи нотариалӣ, боз соҳибхонаи қаблӣ ба ман дар ҳузури шоҳидон, аз ҷумла бародарам М. Тағоем забонхат дод, ки маблағи пули хонаро аз ман гирифтааст.
Аз рӯи гуфтаи ӯ, бо гузашти 10 сол имрӯз Нурулло Бафоев, соҳиби қаблии яке аз хонаҳо, дар суд ҳамчун ҷавобгар баёнот додааст, ки пули хонаро на аз ман, балки аз бародарам Маҳмадсабур Тағоев гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ман бо сад азобу машаққат ва меҳнати ҳалол хонаи якҳуҷрагиамро фурӯхта, аз ӯ ва Аҳмад Мирзоев манзилҳои истиқоматиро харидаам.
Бибироҳила Ҳакимова мегӯяд, ки ба тантанаи адолат бовар дорад ва умед аст, ки баъди нашри арзи дилаш дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақомоти суд ба доди ӯ мерасанд ва ҳақ ба ҳақдор бармегардад.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2019    №: 240    Мутолиа карданд: 716
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед