logo

маориф

ЗАБОНДОНӢ. РОҲ БА СӮИ МАЪРИФАТРО КӮТОҲ МЕКУНАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро муҳим арзёбӣ карда, таваҷҷуҳи бештарро ба ин самти фаъолият зарур ҳисобиданд. 
Дар ҳамин радиф, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Забони русӣ яке аз шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки ба омӯзиши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ман ҳамчун  омӯзгор, пешниҳоди Пешвои муаззамро ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунам. Ҷонибдори он ҳастам, ки ҷавонон бояд ҳадди ақал як забони муоширати байналмилалиро донанд. Имрӯзҳо қисме аз онҳо орзуи дар мамлакатҳои хориҷ таҳсилу кор карданро доранд, аз ин рӯ, забони ин кишварҳоро донистан барояшон ҳатмӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон, аз ҷумла омӯзиши забони русиро, муҳим мешуморанд. Ин нуктаро Пешвои миллат дар ҳар суханрониву вохӯриашон бо аҳли зиё ва донишҷӯёну устодони макотиби олӣ таъкид менамоянд. Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат мо - омӯзгоронро водор мекунад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем. 
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро, тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар назди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ташкил намудани Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ барои муассисаҳои таълимӣ  аз фанҳои забони русӣ  ва англисӣ  ва кушодани шуъбаҳо доир ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи тарҷумонӣ  дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  барои омӯзгорони фанни забони русӣ шароити хубро фароҳам овардааст.

Анна  ДАВЛАТОВА, омӯзгори гимназияи № 74, шаҳри  Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2019    №: 240    Мутолиа карданд: 2362
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед