logo

иқтисод

ХАТЛОН. ҶАНГАЛЗОР ДОМАН МЕЗАНАД

Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон” соҳаи ҷангалпарвариро ривоҷ дода, барои васеъ кардани майдони пистазорҳо 163 ҳазор бех ниҳол омода кардааст.
Ба гуфтаи Сафаралӣ Атовуллоев, сардори муассисаи мазкур, барои парвариши 360 - 420 бех ниҳоли писта як гектар замин лозим аст. Ҳоло дар мавсими  ниҳолшинонӣ муассиса  ба  4 - 4,5 ҳазор гектар замини теппаю доманакӯҳҳо ниёз дорад. Пистапарварӣ аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, васеъ кардани масоҳати боғоти он  дар мавзеъҳои кӯҳӣ  бобати таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Дар заминҳои минтақаҳои кӯҳии вилоят  пистаи равғаннокиаш 67 дарсад парвариш меёбад, ҳол он ки тибқи таҳлилу санҷиши мутахассисон, равғаннокии аз ҳама баланди пистаи аз хориҷи кишвар воридшаванда  ҳамагӣ 47 дарсад аст.
Ҷангалпарварон тӯли 10 моҳи соли равон  дар ҳудуди вилоят  228 гектар ҷангалзори нав бунёд карда, 449 гектар ҷангалҳои куҳнаро барқарор карданд. Аз ҷамъи умумии ҷангалҳои навбунёд  дар 17 гектар чормағз, 112,3 гектар писта,  11,86 гектар бодом,  10 гектар хуч,  4,5 гектар анор, 10 гектар саксаул ва дар 62,14 гектар навъҳои дигари дарахтони мевадиҳанда  шинонда шудаанд. Барои васеътар гардондани ҷангалзор ва ба ин васила қонеъ сохтани талаботи бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ҷангалзори мамлакат заминҳои муассиса бояд пурра истифода шаванд. 
Анвар ҲАФИЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2019    №: 240    Мутолиа карданд: 1083
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед