logo

иқтисод

ДАНҒАРА. ТАЪСИСИ БЕШ АЗ 1000 ҶОЙИ КОР

Тайи 11 моҳи соли равон ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Данғара барои пайдо намудани ҷойи кор 1546 нафар муроҷиат карда, тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 1006 шаҳрванд, аз ҷумла 306 зан, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардид.

Салим Нуралиев, сардори шуъба, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки ҳоло бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани корҷӯён, баланд бардоштани сатҳи огоҳии бонувон дар маҳалҳо ва рушд додани соҳибкории хонаводагӣ, инчунин, ҷалби духтарону занон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
- Мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҳисоби корҷӯён 366 кас ба курсҳои омӯзишӣ, аз ҷумла ба  дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, қолинбофӣ, дуредгарӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ, асосҳои омӯзиши кор бо компютер, кафшергарӣ, омӯзиши забони чинӣ ва ороиши мӯй ҷалб шуда, соҳибкасб гардид, - гуфт Салим Нуралиев.
68 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гашт. Ба 49 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи беш аз 172 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд ва онҳо айни замон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла чорводорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, хизматрасонӣ фаъолият доранд.
Аз ҳисоби ҷавонон ва оилаҳои серфарзанд 47 нафар дар шуъбаи маориф ва беморхонаи марказии ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт. Ҳамчунин, ба 198 нафар, аз ҷумла ба аскарони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргашта ва шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда, дар ҳаҷми умумии  85 ҳазору 380 сомонӣ кумакпулии яквақта пардохт гардид.
Бо мақсади дарёфти ҷойи кор бо ҷалби ташкилоту муассиса, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корфармоён 12 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд. Аз ин ҳисоб 141 корҷӯ бо кори доимӣ таъмин ва нафарони зиёд, хусусан ҷавонон барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2019    №: 240    Мутолиа карданд: 1090
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед