logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ. АРЗИШҲОИ МИЛЛИРО ПОС ДОРЕМ!

Аз қадимулайём то кунун мардуми соҳибмаърифати тоҷик ба омӯхтану сайқал додани касбу ҳунарҳои аҷдодӣ, аз ҷумла оҳангарӣ, мисгарӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, кулолӣ, шонатарошӣ, кордсозӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, на танҳо дар зинда нигоҳ доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, балки дар тарғибу муаррифии фарҳанги ғании мардуми куҳанбунёдамон саҳм мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз марказҳои қадимии аҳолишини кишвар будани Саразмро таъкид намудаанд: «Дар Саразм ҳунармандӣ, аз ҷумла коркарди мис, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, заргарӣ равнақ ёфта будааст. Саразмиён ба тамоми марказҳои аҳолишини Шарқи Наздику Миёна алоқаҳои тиҷоратӣ ва маданӣ барқарор карда буданд».
Муаррихи бар-ҷаста, академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси бозёфтҳои таърихиву археологӣ ба ҳунару истеъдоди мардуми Бохтари қадим руҷӯъ намуда, менигорад: «Истеъдоди санъаткории бохтариёни қадим, ҳунари заргарии ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи «Дафинаи Амударё» ба таври барҷаста муҷассам гардидааст».
Мутафаккирони бузурги форсу тоҷик анвои ҳунару ҳунармандонро дар асару эҷодиёти гаронарзиши хеш тавсиф намудаанд. Ҳар як чакидаи бузургони илму адаби тоҷик мо – имрӯзиёнро ба омӯзиши илму ҳунар талқин менамояд. Чуноне Саъдии Шерозӣ мефармояд: «Ҳунарманд ҳар ҷо равад, қадр бинад ва дар садр нишинад» ё «Ҳунар чашмаест зоянда ва давлати поянда ва гар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст».
Бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир ҳунарҳои миллии тоҷикон, ба монанди кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ҷиҳакбофӣ, бофтани намудҳои гуногуни сарулибосу ҷиҳози хона, тарзи тайёр намудани анвои хӯроки миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, заргарӣ, ороиши боғу бӯстон ва ҳавлӣ равнақ ёфтааст. Дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва ғайра омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба таври густурда ба роҳ монда шуда, аксаран ҳунармандии оилавӣ рушд кардааст. Хусусан, пас аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018,  таваҷҷуҳи мардум ба рушди ҳунармандӣ дучанд гардид. Омилҳои бештар рӯ овардан ба касбу ҳунарҳои мардумӣ аз ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва озод намудани онҳо аз пардохти ҳама гуна намудҳои андоз, инчунин, таъсис ва равона намудани маблағҳои грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои соҳибкорзанону созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳунармандони дигар маҳсуб меёбад.
Омили дигари таъсиргузор ба рушди ҳунарҳои мардумӣ афзоиши пайвастаи шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто мувофиқ ба табъу завқи ҷаҳонгардон омода намудани маҳсулоти ҳунармандӣ ва мунтазам такмил додани он тақозои замон мебошад, зеро ба ин васила ба ҷаҳониён фарҳанги ғании миллӣ  муаррифӣ карда мешавад. Эҷод намудан ва такмил додани маҳорати офарандагии ҳунармандон боиси бозоргирии маҳсулот ва ривоҷи ҳунару ҳунармандӣ ва мустаҳкамии вазъи иқтисоди оила низ хоҳад гашт.
Мавриди зикр аст, ки давлату Ҳукумати кишвар баҳри омӯзиши ҳунарҳои аҷдодӣ ва касбу ихтисосҳои муосир як қатор тадбирҳои судмандро роҳ-андозӣ намудааст. Имрӯз ҷавонони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, коллеҷу марказҳои таълимӣ ба омӯзиши беш аз 800 намуди касбу ҳунар машғуланд, ки ин низ дар эҳё намудани ҳунарҳои аҷдодӣ нақши муассир мебозад.
Ҳоло ҳунармандони тоҷик, махсусан заргарону атласдӯзони шаҳри Хуҷанд, қолинбофони шаҳри Гулистон, кандакорону кордсозони Истаравшан, чакандӯзони Кӯлоб, ҷуроббофони Бадахшон, бо маҳсули дасташон таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро ҷалб намудаанд.  Устодони чирадаст дар эҷоди ҳунарҳои амалии мардумӣ бештар аз анъанаҳои фарҳанги миллӣ бо омезиш ба суннатҳои аврупоӣ кор мегиранд.
Зикри ин нуктаро низ зарур мешуморам, ки бояд бештар ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шаванд. Зеро яке аз омилҳои пошхӯрии оилаҳоро метавон ба бекасбию бекории аъзои хонавода рабт дод. Ҳолатҳоеро ҳам ба мушоҳида мегирем, ки ё ҷавон шуғли муносиб надорад ё зан маҳорати кадбонугӣ. Барои ҳамин ҳам бояд омӯзиши касбу ҳунар ба таври оммавӣ ба роҳ монда шавад, то мероси имрӯзро бе каму кост ба фардо расонему арзишҳои фарҳангии хешро пос дорем.   

Ф. ҲОДИБОЕВ,
номзади илмҳои фалсафа,
дотсент, сардори Маркази иттилоот
ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2019    №: 240    Мутолиа карданд: 803
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед