logo

сиёсат

ДЕҲИ МАН ЯК ПОРАИ ХОКИ ВАТАН

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мардуми сарбаланди тоҷик тақдири минбаъдаи рушди давлатдориро ба дасти хеш гирифта, тавонист асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии сохти идоракунии давлатро  мустақилона поягузорӣ намояд. Дар ин замина, қабули Конститутсия бо фарогирии меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқӣ, аз ҷумлаи нахустин шоҳкориҳо дар таърихи давлатдории навини тоҷикон буд, ки минбаъд таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи давлатдориву давлатсозии миллии моро мунаввар сохт.
Дар даврони истиқлолият бо назардошти рушди ҳаёти ҷомеа идоракунии маҳаллӣ ба таври зарурӣ рушду таҳким ёфта, худидоракунии маҳаллӣ дар низоми санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии ҷумҳурӣ бо назардошти салоҳияти худ ҳамчун субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар идоракунии давлатӣ мавқеи худро пайдо намудааст. Худидоракунии маҳаллӣ яке аз падидаҳои ҳуқуқӣ - конститутсионӣ буда, дар ин ё он сатҳ ва шаклу мазмун дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон арзи вуҷуд дорад.
Ин падида дар низоми ҳуқуқии мо низ ба миён омада, мувофиқи  муқаррароти қисми шашуми моддаи 78 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат мебошад.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми беназирест, ки баробари ҳалли дигар масъалаҳо дар низоми идоракунии маҳаллӣ низ муносибатҳои навро ба вуҷуд оварда, ба рушди деҳот такони тоза мебахшад.
Зеро ҳадаф аз ин пешниҳоди созандаи Президенти маҳбуби кишвар бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини дастрасии аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободонии мамлакат аст.
Бояд зикр намуд, ки ин ташаббуси Сарвари давлат, пеш аз ҳама, аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаву ватандӯсти кишвар ҳамовозии гарму самимӣ пайдо карда, то имрӯз аз тарафи онҳо бунёди садҳо иншоот сурат гирифтааст, ки қобили тавсиф аст.
Намунаи барҷастаи рушди деҳот тавассути заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаро мо дар кору пайкори соҳибкорони саховатпешаву сокинони деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара дидем, ки чӣ гуна дар фурсати муайяне ба ободкориҳои қобили таваҷҷуҳ даст ёфтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 2019 дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон қисмати зиёди иншооти сохташударо дар деҳаи Пушинг мавриди истифода қарор дода, зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилоят заҳмати созандаи мардуми деҳоти Пушингро намунаи ибрат хонданд.
Албатта, ободии ҳар як гӯшаи диёр дар маҷмӯъ ободии кишвар буда, вусъати корҳои созандагӣ дар ҳама шаҳру деҳоти мамлакат, ки ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ идома доранд, аз баракати рӯзгори оянда ва зиндагии пурсаодати мо башорат медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар шоҳроҳи тараққиёти устувор қарор дошта, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ метавонем кишвари худро неруманд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам шинохтатар гардонем.

Саидумар МАҶИДЗОДА,  ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 766
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед