logo

иқтисод

ВАНҶ. АВЛАВИЯТ БА ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ

Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатї саноатикунонии босуръати кишварро њадафи чоруми стратегии кишвар эълон намуданд. Доир ба амалї гардидани ин њадафи миллї дар ноњияи Ванҷ кадом корњо анҷом дода шудаанд? Хабарнигори рўзнома дар  ин  бора бо Ҷаббори Ќосим, раиси ноњия,  суњбат орост.

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тайи солҳои  ахир дар ноҳия  қариб ду баробар  афзуд. Кадом омилҳо ба рушди истеҳсолии  маҳсулоти саноатӣ мусоидат намуданд?
- Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия давоми ёздаҳ моҳи соли равон ба 9,5 миллион сомонӣ расид. Афзоиш, асосан, аз ҳисоби истеҳсоли санги мармар, хишти пухтаю сементӣ, мум (асфалт) ва барқ ба даст омада, айни ҳол раванди саноатикунонӣ дар ноҳия суръат гирифтааст.
Ванҷро ватани санги мармар меноманд, зеро дар ин ҷо конҳои бузурги мармарҳои гуногунранг мавҷуданд. Мармареро, ки  дар  корхонаи маҳаллии Даштаки ноҳия истеҳсол мегардад, ҳанӯз дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври фаровон дар ороиши биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳо истифода мебурданд. Вале дар солҳои навадуми асри гузашта бар асари бесарусомониҳо ин корхона ва конҳои  дигари мармари ноҳия аз кор монданд. 
Ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни яке аз сафарҳояшон ба ноҳияи Ванҷ ва мулоқоташон бо масъулони мақомот ва соҳибкорон ба эҳёи корхонаҳои саноатии минтақа асос гузошт. Истихроҷи мармар аз нав оғоз ёфта, ҶДММ «Ҷаҳонгир» бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти  хушсифат ва бозоргир аз  хориҷи кишвар  таҷҳизоти муосир дастрас намуд.
Корхонаи дигар бо номи «Мармар стоун» технологияи муосирро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид кард. Таҷҳизоту технологияи замонавӣ бо кумаки мутахассисони хориҷӣ насбу васл гардид ва 10 нафар коргарони маҳаллӣ тарзи истифодаи онро азхуд намуданд. Ҳоло ин корхона, ки пештар фақат тахтасанг мебаровард, бо истифода аз технологияи муосир дар баробари варақсанги мармар аз хокаи  он 5 намуди маҳсулоти сохтмонии босифату бозоргир  истеҳсол  намуда,  пешкаши муштариён мегардонад.
Кони «Пойи мазор»  захираи  бузургтарини санги мармари ороишӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Мармари сафеди барфӣ ва ҷигарии он, ки нарму мулоим буда, коркардаш осон ва дар истифода ҳам қулай аст, хеле серхаридор мебошад. Чанде қабл дар деҳаи Пойи Мазори ноҳия бо ширкати раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бунёди се корхонаи истихроҷ ва коркарди санги мармар оғоз ёфт.ҶДММ «Хрустал» итминон дод, ки корхонаҳои мазкур то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор медароянд ва бештар аз 100 нафар ҷавонони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Ширкат дар ҳалли масоили иҷтимоии сокинони маҳаллӣ ҳам саҳм гузошта то ҳол 8 километр роҳи ҳудуди деҳоти Ровандро тахту ҳамвор намуд. «Хрустал», тибқи нақша,  то охири сол дар ин кон бояд 750 метри мукааб блоки мармар, ки  дар дохил ва хориҷи кишвар муштариёни зиёд дорад, истеҳсол намояд,
Дар баробари корхонаҳои зикршуда, ҳамчунин, бунёди корхонаҳои саноатии истеҳсоли ангат, хишти сементӣ, коркарди меваю сабзавот, дӯзандагӣ, коргоҳҳои хурди дигар ва таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ нишони қадамҳои  устувори ноҳия дар роҳи рушди саноатианд.
Ноҳия, ҳамчунин, дорои захираҳои бузурги никел ва мису платина буда, аҳамияти саноатӣ доштани онҳо ҳанӯз дар гузашта аз ҷониби мутахассисон исбот гардидааст. Дар мавзеи  Язгулом имконияти коркарди тиллои пошхӯрда мавҷуд аст.
 - Ҳамчунин қарор буд, ки дар ноҳия корхонаи сементбарорӣ бунёд гардад. Лутфан бигӯед, ки ин тарҳ дар кадом ҳолат аст?
- Мутахассисони «Тоҷикгеология»  се моҳ дар мавзеи Сурхсангов ва гирду атрофи он таҳқиқот гузаронда, ба натиҷае расиданд, ки дар ин ҷо захираи кофии ашёи хоми  зарурӣ барои истеҳсоли семент мавҷуд аст. Ашёи хоми маҳал босифат буда, дар ҷойҳои ҳамвор мавҷуд аст, яъне интиқоли он тавассути нақлиёт хароҷоти зиёдро талаб намекунад. Аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ба манзури баровардани мол ба бозори дохилу хориҷ мавзеи Сурхсангов қулайтарин ҷой барои сохтмони корхонаи семент буда, ҷиҳати дур  будан аз маҳалҳои аҳолинишин ба муҳити зист  ҳам таъсири  манфӣ  нахоҳад дошт.
Бо назардошти авҷи сохтмонҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва талаботи афзоянда ба масолеҳи сохтмонӣ ва, ҳамчунин, имконияти мусоиди содироти масолеҳи сохтмонӣ ба маҳалҳои марзии Афғонистон бовар дорам, ки соҳибкорони маҳаллӣ ва маблағгузорони дохилу хориҷи кишвар барои ҳамкорӣ дар амалисозии ин тарҳ ҳавасманданд ва чунин корхонаи зарур барои мардуми вилоят дар ояндаи наздик бунёд мегардад.

- Барои саноатикунонии ноҳия  неруи  барқ  кофист?
- Ба кор даромадани чархаҳои аввалини НБО «Роғун» бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бинокорони ватандӯсти кишвар башоратест ба тамоми ҷаҳониён аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар Тоҷикистон.
Дар ин замина, дар Ванҷ ҳам корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат се неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 760 кВт - соат ва НБО «Ванҷ-2» бо маблағи 5 миллиону 755 ҳазор сомонӣ ва иқтидори 900 кВт - соат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Сокинони ноҳия бо барқи доимӣ таъминанд. Вале  барои саноатикунонии босуръат ноҳия дар марҳилаи аввал ба 5 ҳазор кВт - соат барқ ниёз дорад. Айни ҳол ҷараёни пайвастшавӣ ба шабакаи ягонаи барқи “Помирэнержи”, ки хати  баландшиддати он аллакай то водии Язгуломи ноҳия расидааст, идома дорад. Анҷоми ин амал ба камбуди барқ дар ноҳия пурра хотима мегузорад ва имконияти истифодаи саноатии он муҳайё мегардад. Гомҳои устувор дар амалӣ шудани истиқлолияти энергетикӣ барои  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои дигари  саноатӣ дар ноҳия  шароити мусоид  фароҳам  меоранд. 

- Дар доираи рушди саноат дар ояндаи наздик дар ноҳия кадом иқдомҳо амалӣ мешаванд?
- Дар партави Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва тибқи қарори  раиси ВМКБ аз 31 декабри соли 2018 «Дар бораи нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар ВМКБ барои соли 2019» ва қарори раиси ноҳияи Ванҷ аз 15 январи соли 2019 дар ин бора, раванди саноатикунонӣ дар ноҳия таҳким меёбад. Соҳибкории истеҳсолӣ дар заминаи коркарди рустаниҳои шифоӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ боз ҳам тараққӣ ёфта, корхона ва коргоҳҳои нав бунёд мешаванд.  
Солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати истиқрори сулҳ, амну субот ва  таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ҳамаи соҳаҳои иқтисоди ноҳия рушд намуда, сокинон шоҳиди бунёди пулу неругоҳҳои барқӣ, мактабу муассисаҳои тиббӣ, варзишгоҳу қасри фарҳанг, биноҳои маъмурии идораву муассисаҳо ва дигар иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ гардиданд. Симои ноҳия куллан дигаргун шуд. Акнун раванди устувори  саноатикунонӣ дар ноҳия  оғоз ёфт ва онро бояд бештар суръат бахшем.
Агарчи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия афзоиш ёфтааст, вале имконоту захираҳои фаровони истифоданашуда ҳанӯз зиёданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз майлу хоҳиш ва иродаи тамоми ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар  коркард ва истифодаи самараноки манбаъҳои табиии ноҳия ҳисса гузоштан мехоҳанд, истиқбол ва бо онҳо барои дар хизмати мардум гузоштани сарватҳои саршори минтақа  ҳамкорӣ мекунад. Итминони комил дорем, ки дар ҳамкорӣ бо сокинони шарафманди ноҳия 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифта, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ ва ба минтақаи саноатӣ табдил додани ноҳия, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 1010
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед