logo

порлумон

ИНТИХОБОТ. МАРҲИЛАИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

Махфират ХИДИРЗОДА, узви Комиссияи
марказии интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди демократия ҳамчун раванди бемайлон тақозо менамояд, ки муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ дар заминаи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шакл гирифта, халқ ҳамчун сарчашма ва манбаи асосии ҳокимият эътироф шавад. Дар ин масир интихобот нақши калидӣ дошта, ҳамчун раванди сиёсӣ ифодакунандаи иродаи давлат баҳри ҷалби васеи мардум дар идоракунӣ мебошад. Мафҳуми васеъ паҳншуда ва эътирофшудаи мардумсолорӣ, ки имрӯз тавсифи он ҳамчун ченаки рушди ҷомеаҳо баҳогузорӣ карда мешавад, маҳз тавассути амалӣ намудани ҳуқуқи интихоботӣ татбиқ мегардад.
Ҳуқуқи интихоботӣ ҷузъи таркибии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, таъмин ва татбиқи самараноки он имконият медиҳад, ки ҳар як шаҳрванд дар доираи муайяни қоида ва арзишҳои сиёсию иҷтимоӣ муносибати худро ба равандҳои сиёсӣ муайян намуда, бо ҳамин роҳ дар идоракунии давлат бевосита ва ё ба воситаи вакилони интихобкардаи худ иштирок намояд.
Масъалаи интихобот ва ташкили раванди муназзами интихоботӣ дар Тоҷикистон ба сифати афзалияти сиёсӣ пазируфта шудааст. Ин бошад якчанд сабаб дорад. Пеш аз ҳама, давлати мо бо эълони худ ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мавқеъгирии худро ба самти рушди мардумсолорӣ нишон дод. Аз ин ҷо, интихобот ҳамчун технологияи маъмулии ташкили ҳокимияти давлатӣ дорои аҳамият ва афзалияти махсуси сиёсӣ мебошад.
Дар ҷаҳони муосир интихобот марҳилаи муҳим дар рушди давлатдории кишварҳои гуногун, аз он ҷумла Тоҷикистони мо маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дуруст интихоб намудану дуруст интихоб шудан ҳам ченакҳое мебошанд, ки сатҳи маърифатнокии сиёсӣ ва фарҳанги сиёсии ҷомеаро нишон медиҳанд.
Ҷанбаи дигари муҳими сиёсии интихоботҳо дар он зоҳир мегардад, ки маҳз тавассути интихоботҳо қонунӣ будани ҳокимият эътироф карда мешавад. Аз ин нуқтаи назар, маҳз интихобот ҳастии ниҳоди намояндагии давлатиро хосияти қонунӣ медиҳад ва тамоми қувваҳои сиёсии дигарро водор месозад, ки қонунӣ ё худ легитимӣ будани онро эътироф намояд. Вобаста ба ин, рушди босуботи ҷомеа таъмин гашта, қудрати сиёсӣ имконият пайдо мекунад, ки аз номи кулли мардум баромад намояд.
Дар назар бояд гирифт, ки интихобот ҳамчун институти сиёсӣ дар ҷомеа қудрати таъмини ҳамгироии иҷтимоиро дошта, муташаккилона роҳандозӣ намудани он баҳри рушди демократия ва фарҳанги сиёсӣ заминаи воқеӣ мебошад.
Кишвари мо аз солҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ баҳри ташаккули низоми мутамаддини интихоботӣ кӯшиш намуда, тавонистааст баҳри самаранок татбиқ намудани ҳуқуқи интихоботӣ ва боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Айни ҳол, дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми омехтаи интихоботӣ амалӣ мешавад. Тибқи моддаи 3 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад». Низоми омехтаи интихобот дар заминаи муайян намудани ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 ҳавзаи якмандата татбиқ мешавад. Тартиби ташкили онҳоро моддаи 21 қонуни конститутсионии мазкур муайян намудааст. Ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз рӯи низоми пропорсионалӣ амал намуда, овозҳои соҳибшудаи ҳизбҳоро аз рӯи фоизи муайяни овозҳои соҳибшуда тақсим менамояд. Тибқи муқаррароти қонун ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд тавассути рӯйхати ҳизбии худ то 28 нафар номзадҳоро пешниҳод намоянд.
Дар ҳавзаҳои якмандата бошад, низоми мажоритарии интихобот амалӣ гашта, 50 дарсад ҷамъи 1 овоз метавонад ғолибияти номзадро таъмин намояд. Мафҳуми «мажоритарӣ» аз забони франсавӣ гирифта шуда, маънои «аксарият» - ро ифода мекунад. Яъне, низоми пропорсионалии тақсимоти овозҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва низоми мажоритарӣ дар ҳавзаҳои якмандата шакли омехта доштани низоми интихоботии моро муайян менамояд. Тибқи муқаррароти моддаи 28 қонуни конститутсионии мазкур, 65 дарсад вакилони Маҷлиси намояндагон – 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд, 35 дарсад вакилон ё худ 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан ба шумораи овозҳое, ки ба рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодгардида дода шудааст, интихоб мешаванд. Чунин тарзи интихоб имконият медиҳад, то интихобкунанда тавонад, ҳам ба хусусиятҳои шахсии номзад ва ҳам ба имконият ва захираҳои ҳизби сиёсӣ баҳо диҳад.
Айни замон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи интихоботии якмандата барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва 5 ҳавзаи бисёрмандатаи интихоботӣ оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Дар интихоботи сатҳи поёнӣ, аз он ҷумла интихоби вакилон ба маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вакилони халқ низоми мажоритарии интихобот татбиқ карда мешавад, яъне ҳар номзаде, ки пешниҳод шудааст, дар сурати гирифтани 50 дарсад ҷамъи 1 овози интихобкунандагон ғолиб ҳисобида мешавад.
Тартиби таъсиси комиссияҳои интихоботиро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» муқаррар намудааст. Тибқи муқаррароти моддаи 7 қонуни конститутсионии мазкур, ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе 70 ҳавзаи интихобот, ба маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия на бештар аз 40 ҳавзаи интихобот ташкил мешавад, ки аз ҳар ҳавза як вакил интихоб мегардад.
Лозим ба зикр аст, ки системаи комиссияҳои интихобот дар моддаи 9 қонуни конститутсионии мазкур муқаррар гашта, тибқи он барои ташкил ва гузарондани интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, комиссияҳои зерини интихобот таъсис дода мешаванд:
- комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят;
- комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;
- комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр;
- комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия;
- комиссияҳои ҳавзавии интихобот;
- комиссияҳои участкавии интихобот.
Системаи комиссияҳои интихоботии тибқи қонуни конститутсионии мазкур муқаррар гардида, назорати фаъолият ва ҳисоботдиҳанда будани комиссияи поёниро дар назди комиссияи болоӣ таъмин намуда, имконият медиҳад, ки раванди интихобот муташаккилона ташкил карда шавад.
Вобаста ба оне, ки интихобот ҳамчун маърака ва раванди сиёсӣ марҳилаи муайяни вақтро дар бар мегирад, қонунгузории интихоботии кишвар муҳлатҳои таъсиси комиссияҳои дахлдорро аниқ муайян намудааст. Чунончи, тибқи моддаи 10 қонуни конститутсионии мазкур комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот на дертар аз рӯзи даҳуми баъди таъйин гардидани интихобот дар ҳайати 7 - 13 узви комиссия, комиссияи ҳавзавии интихобот мутобиқи моддаи 12 қонун аз тарафи комиссияҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ на дертар аз 55 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 узв, комиссияҳои участкавӣ мутобиқи моддаи 14 аз тарафи комиссияҳои шаҳриву ноҳиявии интихобот 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати 5 - 19 узв ташкил мешаванд. Риояи дақиқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонуни конститутсионии мазкур имконият медиҳад, ки мунтазамӣ, системанокӣ ва самаранокии кори комиссияҳои интихоботӣ таъмин шавад. Аз ин рӯ, риояи қонунгузорӣ дар ин самт омили зарурӣ ва муҳими ташкили худи раванди интихобот ба ҳисоб меравад.
Маълум аст, ки ҳар як низоми интихоботӣ бо назардошти воқеияти замон ва пайдоиши зарурати иҷтимоӣ майл ба таҳаввулпазирӣ дорад. Зеро бо боло рафтани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии ҷомеа зарурати такмили низом ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ низ пеш меояд. Дар ин раванд мавқеъ ва нақши Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан муҳим мебошад. Зеро тибқи талаботи муқаррароти моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми комиссияҳои интихобот комиссияи болоӣ ба ҳисоб рафта, тамоми раванди интихоботро ташкил, назорат ва идора менамояд.
Вобаста ба ин, сохтор ва вазъи ҳуқуқии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 19 июли соли 2019, № 1642, аз ҷониби Президенти мамлакат имзо шудааст,  моҳият ва принсипҳои фаъолият, тартиби таъсис ва ҳайат, муҳлати ваколати узви он, қоидаҳои узвият, вазъи ҳуқуқии комиссия, раис, муовин, котиб ва узви он, фаъолияти меҳнатӣ ва тартиби бозхонди раис, муовини раис, котиб ва аъзои он, ташкили фаъолияти комиссия, тартиби пешниҳоди муроҷиатҳо ба он, уҳдадории вазорату идораҳои Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва тартиби фаъолияти дастгоҳи комиссия муқаррар  шудааст.
Тибқи муқаррароти моддаи 1 қонуни мазкур, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми дастаҷамъӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил мебошад, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда нест. Принсипи мустақилият ва ҳисоботдиҳанда набудани комиссия ба мақомоти номбурдаи давлатӣ ва шахсони мансабдор омили муҳимест, ки ба амалӣ гаштани принсипҳои дигар, аз қабили шафоффият, беғаразӣ ва ошкорбаёнӣ, дар фаъолияти КМИР мусоидат менамояд.
Ташкили фаъолияти КМИР низ дигаргун карда шудааст. Агар то ин вақт аъзои Комиссияи марказии интихоб ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ ба таври ҷамъиятӣ дар давраи интихобот фаъолият мекарданд, пас айни ҳол он аз ҳисоби шахсони беҳизбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тасдиқ мегардад. Комиссия ба таври доимӣ фаъолият намуда, аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешавад.
Принсипи беҳизбӣ будани узви комиссияҳои интихоботӣ тибқи тағйиру иловаҳои ба моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида нисбати ҳама комиссияҳои интихоботӣ татбиқ мегардад, ки ин ҳам баҳри ошкоро ва шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботҳои ҳама сатҳҳо мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамаи ин дигаргунӣ ва таҳаввулоте, ки ба низоми фаъолияти комиссияҳо ворид шудааст, пеш аз ҳама, ба он равона гардидааст, ки интихобот ҳамчун институти иҷтимоию сиёсии ҷомеа тавонад функсияи таъмини ҳамгироии ҷомеаро дар сатҳи зарурӣ иҷро намояд. Назария ва амалияи сиёсӣ собит намудааст, ки раванди интихоботӣ марҳилаест, ки ба он фаъолнокии баланди сиёсии ҷомеа, таҳмили иттилооти бениҳоят зиёд ба омма хос аст. Вобаста ба ин, зарур аст, ки дарки баланди масъулият барои дар доираи арзишҳои баланди демократию ҳуқуқӣ баргузор намудани онро ҳар як аъзои ҷомеа ба хубӣ эҳсос намояд. Зеро ҳар як шаҳрванди худогоҳ имрӯз дарк мекунад, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ ба раванди умумии интихоботҳо низ таъсири бевосита расонда, суръати инҳоро метезонад. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, интихоби бошууронаи онҳо тадбирҳои зарурие мебошанд, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ гузаштани интихобот мусоидат намуда метавонанд.
Дар назар бояд дошт, ки интихобот  саҳнаи осоиштаи муборизаҳои сиёсӣ буда, он бояд дар доираи арзишҳои тарғибкунандаи баробарӣ, беғаразӣ ва озодӣ амалӣ карда шавад. Ягон қувваи сиёсӣ ҳуқуқ надорад, ки ин саҳнаро бо мақсади зӯроварию маҷбуран бор намудани иродаи худ истифода барад. Рисолати асосии интихобот, ки имконият додан баҳри амалигардии ирода ва интихоби озоди мардум аст, бояд бечунучаро риоя шавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 1222
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед