logo

иқтисод

"ОМОР. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ"

Агентии омор мақолаи «Омор. Андешаҳое, ки бояд гуфт» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти № 234 (23 837) аз 10 декабри соли 2019 ба нашр расидааст, мавриди таҳлил қарор дода, чунин вокуниш манзур менамояд:

Баҳисобгирии омори расмӣ аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи омор, «Барномаи корҳои оморӣ» ва методологияи муқарраршуда  ба амал бароварда мешавад. Ҳисоботи аввалияи оморӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи омори давлатӣ» аз воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ дар ҳаҷми нишондодашуда ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти омор ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва нашр мегарданд.
Вобаста ба масъалаи талаботи аҳолии кишвар ба равғани рустанӣ, ки рӯзноманигор аз се ниҳод рақам овардааст, ки кадоме аз онҳо қобили эътимод аст, чунин шарҳ дода мешавад:
Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ маълумот гуногун буда метавонад, яъне маълумоти маъмурӣ ва расмӣ. Маълумоте, ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав мисол оварда шудааст, яъне дар ҳаҷми  97 ҳазор тонна, маълумоти расмӣ нест. Ин нишондиҳанда танҳо  истеҳсол ва воридотро дар бар мегираду халос. Вале ин ҷо гап дар бораи талаботи солонаи аҳолӣ меравад, ки дар ин нишондиҳанда ба замми истеҳсол, содирот, воридот ва захира, инчунин, меъёрҳои истеъмолие, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидаанд, ҳисоб карда мешавад. Бинобар ин, мутобиқи маълумоти омори расмӣ, талаботи аҳолӣ ба равғани рустанӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 123,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин рақам аз ҷониби рӯзноманигор дар мақола оварда шудааст.
Ҳамзамон, дар мақола рӯзноманигор дар такя ба ҳисоботи нимсолаи  мақомоти андоз оид ба саҳми соҳаи саноат дар ММД 38 дарсад ишора  намудааст, ки дар воқеъ, ҳиссаи соҳаи саноат дар ин  давра 18,7 дарсадро ташкил дода буд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ ба 24,7 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 13 дарсадро ташкил додааст. Новобаста аз он ки ҳиссаи таҳқиқоти оморӣ ё ин ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи соҳибкорони инфиродӣ дар ҳаҷми умумии соҳаи саноат коҳиш ёфта бошад ҳам, афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатӣ ба назар мерасад. Мувофиқи барномаи саноатикунонии босуръати кишвар ва пешгӯии мутахассисони соҳаи саноат, ҳиссаи соҳаи  саноат то соли 2025  ба 22 дарсад ва то соли 2030 ба 30 дарсад ба нақша гирифта шудааст.
Илова ба ин, ҳаҷми фурӯши моҳӣ, ки рӯзноманигор онро дар такя ба маълумоти КВД «Моҳии тоҷик» овардааст ва гӯё аз ҳисоби оморӣ берун мемонад, нодуруст аст. Мутобиқи методологияи омори соҳаи савдо, шахсони ҳуқуқӣ ҳисоботи омори расмиро ба мақомоти омор пешниҳод менамоянд. Ҳамзамон, тибқи методологияи зикршуда, аз соҳибкорони инфиродӣ, ки ба фурӯши молу маҳсулот машғуланд, тариқи таҳқиқоти оморӣ маълумот ҷамъоварӣ карда мешавад. Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар соли 2018 дар гардиши савдо ба маблағи 54211,7  ҳазор сомонӣ савдои моҳӣ ва маҳсулоти моҳӣ нишон дода шудааст.
Дар мавриди мушкилоти умдаи кадрӣ рӯзноманигор назари худро ба дӯши Асматбекзода Ф. гузошта, дар бораи норасоии мутахассисон гуфтааст, ки асоси воқеӣ надорад. Дар ин самт бояд зикр намуд, ки Агентии омор ҳамасола барои баланд бардоштани касбияти кормандони мақомоти омори давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар семинар - омӯзишҳо ташкил менамояд. Ҳамасола теъдоди зиёди кадрҳои мақомоти омор дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик бозомӯзӣ намуда, дар сохтори марказӣ ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Ба ақидаи мо, барои инъикоси фаъолияти соҳаҳо дар асоси маълумоти оморӣ густариши ҳамкорӣ миёни рӯзноманигорон ва мақомоти омор зарур мебошад.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 968
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед