logo

фарҳанг

МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ

Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар поёни қарни гузашта ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намудани Тоҷикистон рӯйдоди нодиру бузурге ба шумор меравад, ки воқеан дер боз тоҷикон интизори ин фасли ҳузури сабзи соҳибдавлатӣ бо гузашти наздик ба 1100 соли давлатдории Сомониён буданд.

Агар ба сарнавишти таърихи  давлатдории тоҷикон мурур шавад, равшан мегардад, ки ба таъбири Пешвои муаззами миллат: “Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муқтадиру мутамарказу муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хати муштарак ва  расму оини муштаракро бунёд гузоштанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрд. Тақдири давлатдории Куруш ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон хеле шабоҳат дорад, ки рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдгузориву ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангиҳост”.
Ҳамин тавр, агар ба сайри таърихии давлатдории тоҷикон бар пояи манобеи таърихӣ руҷӯъ шавад, маълум мегардад, ки ба ифодаи Пешвои миллат сароғози он ба номи Куруши Кабир пайванд ёфта, баъдан дар замони Сомониён бори дувум тавассути талошҳои Исмоили Сомонӣ насиби мардуми шарифи тоҷик гардид. Ҳамакнун, марҳилаи нави соҳибдавлатии мо ба поёни асри гузашта ва таҳкими он дар ибтидои ҳазораи нави милодӣ марбут аст, ки бешак ба ном ва пайкорҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад.
Ҳарчанд Истиқлолияти давлатӣ дар оғози хеш ба мушкилот ва муаммоҳои фаровон мувоҷеҳ шуд, аммо такя бар хиради азалии мардуми тоҷик ва таҷрибаҳои нодири таърихи давлатдории миллии мо ба сиёсатмадори тавонои асри имрӯз - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки аркон ва пояҳои давлати навини Тоҷикистонро пас аз ҳазорсолаҳо бори дигар истеҳком бахшида, тавассути ташаббусҳои омӯзандаи сатҳи ҷаҳонӣ, хосса таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ,  талош дар ҳаллу фасли муаммоҳои мубрами сайёра, ки ба тақдири тамоми сокинони он марбутанд, дар сатҳи матлуб муаррифӣ намоянд. Эътирофи Тоҷикистон ба унвони давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявиву ягона аз сӯи кишварҳои олам, баробари ин истиқболи шоёни шумораи зиёди давлатҳои ҷаҳон аз ташаббусҳои сарнавиштсоз ва бузурги Пешвои миллати мо дар самти эълони ду даҳсолаи бузурги марбут ба ҳалли масъалаҳои оби тоза, муқовимат ба вабои аср - терроризму ифротгароӣ гувоҳи он аст, ки имрӯз новобаста аз маҳдудаҳои марзиву ҷуғрофӣ обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад.
Пешвои миллат дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”  барҳақ фармудаанд: “Тоҷикистони азизи мо дар ин харитаи кураи арз мисли донаи регест, ки базӯр менамояд ва дар дили Осиё қарор дорад. Ва воқеан, дар қиёси кишварҳои паҳновару сернуфуси олам – Россия, Чин, Ҳиндустон, Амрико басо хурду назарногир менамояд. Вале аксари ин давлатҳои бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон назар ба давлатдории аҷдодии тоҷикон дертар падид омада, бо гардиши айём мақоми устувори геополитикӣ ва геостратегӣ пайдо намуданд”.
Бо таваҷҷуҳ ба ин андешаҳои созанда ва афкори судманди Пешвои миллат роҷеъ ба таърихи давлатдории миллии мо ва Тоҷикистони навин метавон бо ифтихор ин ҳарфи саодат ва шарафро ба забон овард, ки агар низоми давлатдории миллии мо ба номи Куруши Кабир пайванд ёфта, дар даврони ҳукумати Исмоили Сомонӣ марҳилаи тозаеро бо анҷоми ташаккулёбии халқи тоҷик паси сар намуд, дар асри навин бо сипарӣ гаштани бештар аз 1100 сол тавассути талошҳои пайгиронаи меросбари асили ин шахсиятҳои барҷастаи таърихи тамаддуни ҷаҳон – Эмомалӣ Раҳмон дубора бар маснади таърихии хеш нишаст. Истиқлол ва ҳузури мунаввари Тоҷикистон ба унвони давлати миллӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон ормони деринтизори мардуми азизи мо, тамоми тоҷикони ҷаҳон буд, ки маҳз ин шарафи бузург дар замони имрӯз барои мо, шаҳрвандону сокинони ин кишвари меросбари тамаддуни ориёиву Оли Сомон, насиб гардид.
Имрӯз бо камоли ифтихор ин се шахсияти бузург - Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони пайкараҳои таърихи давлатдории миллӣ, худогоҳии миллии мардуми тоҷик ном мебарем, ки дар мароҳили мухталиф тарҳи давлатҳои миллии моро бунёд ниҳодаанд. Хоссатан, дар асри навини таҳаввулоти таърихӣ ва айёми ҷаҳонишавии замони муосир бо камоли садоқат ва унсу ихлос бо такя бар таҷрибаи ниёгони шарафманди хеш дубора ба хостгоҳи бузурги таърихии худ нишастани мардуми тоҷик ва эҷоди давлате бо номи Тоҷикистон, ки чун мероси беназири ҳамон давлатҳои миллии куҳан маҳсуб мешавад, ба корномаҳои қаҳрамононаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад. Ин ҳақиқати таърихиро ҳатто чандин тан аз сиёсатмадорону олимони сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла намояндагони форсизабонони ҷаҳон ҳам, эътибор ва ба маҷмӯи ибтикороти ин сиёсатмадори барҷаста баҳои баланд доданд. Аз ҷумла Ҳумер Абрамиён, муҳаққиқи эронии муқими Австралия, дар ҷараёни баргузории ҳамоиши байналмилалии “Пажӯҳиши тамаддуни бостон: Аз дирӯз то имрӯз” бо камоли садоқат изҳор дошт, ки имрӯз дар ҳеҷ як кишваре аз меросбарони фарҳанги Наврӯзу Меҳргон ин оинҳои миллӣ бад - он шукӯҳе, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, доир намешавад. Абрамиён бо пешниҳоди таъсиси  Донишгоҳе ба номи Куруши Бузург дар Душанбе таъкид дошт: “Ҷойе дар ҷаҳон, ки ба рӯи Донишгоҳи Куруши Бузург оғӯш боз кунад, на Амрико, на Канада, на Аврупо ва на Эрон аст. Танҳо хоки хуби Тоҷикистон метавонад мизбон ва хонаи Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Бузург бошад.”
Барҳақ, имрӯз бо бунёди бузургтарин қасру кӯшкҳои ифодакунандаи манзалати таърихии миллати тоҷик, чун “Кохи Наврӯз”, ки пайкарае аз тахти таърихии Ҷамшед маҳсуб мешавад,  боғи “Куруши Кабир”, бунёди чандин наврӯзгоҳҳои ифодакунандаи асолати таърихии тамаддуни бостон дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Данғара ва дигар суннатҳои нодири марбут  ба эҳёи аносири фарҳанги миллӣ дар партави корномаҳои Пешвои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ҳақиқати ин эътирофи ҷаҳониёнро аз Тоҷикистони азизи мо ба унвони меросбари ин мероси бузурги тамаддуни ориёӣ  тафсир мекунанд.
Ба ин хотир, мо, ҳама сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки барҳақ, хонаи умеди ҳамаи мо тоҷикон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ин сарзамини муқаддас аст, дар пешорӯи таърих вазифадор ва қарздор ҳастем, ки пеш аз ҳама ин Ватан, ин хоку оби муқаддас ва мероси бузургро самимона дӯст дорем, ҳифз намоем ва барои наслҳои оянда бо ҳамон шукӯҳу манзалати таърихӣ ба мерос гузорем.
Ин ҳарфу каломи Пешвои миллат дар шоҳроҳи бузурги созандагӣ чароғи ҳидояти мо, наслҳои имрӯзу фардо, хоҳад буд, ки бояд дар пештоқи хонаи қалбҳоямон, дар раҳгузори барномаҳои ватандӯстӣ ва дар фарози осмони ин хонаи умеди ҳамаи мо, ки номаш Тоҷикистон аст, бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шавад: “Таърих баъд аз ҳазор сол  моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёкони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ ва миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо ваҳдати мардуми Тоҷикистон, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои пешқадами дунё моро ба ояндаи пурсаодат мерасонанд”.

Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 975
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед