logo

ҳуқуқ

"ҲАЛНОМАИ БАҲСБАРАНГЕЗ Ё ҲАҚ БА ҶОНИБИ КИСТ?"

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби шаҳрвандон Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараевро, ки таҳти унвони «Ҳалномаи баҳсбарангез ё ҳақ ба ҷониби кист?» 26 ноябри соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор дод.
Дар натиҷа муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 16 ноябри соли 2018 аризаи даъвогии Диловаршо Ҳазараев дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво, беэътибор донистани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ аз 26 марти соли 1993, таҳти № 9Д-938, ки байни М. Я. Безродная ва Олимшо Ҳазараев баста шудааст, инчунин, беэътибор донистани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ аз 15 сентябри соли 2006, таҳти № 1111- 1174, ки байни Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараев ба расмият дароварда шудааст, эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкии Диловаршо Ҳазараев ва кӯчондани Олимшо ва Шодмон аз манзили баҳсӣ бидуни додани хонаи дигари истиқоматӣ қонеъ шудааст. Зимнан, аризаи Шодмон Ҳазараев оид ба татбиқи муҳлати даъво нисбат ба парвандаи мазкур рад гардидааст.
Аз болои ҳалномаи суд О. Ҳазараев ва Ш. Ҳазараев шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудаанд, ки бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2019 он бетағйир ва шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шудааст.
Аз ҳолатҳои кор бармеояд, ки Диловаршо Ҳазараев аз М. Я. Безродная манзили истиқоматии баҳсиро харидорӣ намуда, онро 26 марти соли 1993 ба номи бародараш Олимшо Ҳазараев ба расмият дароварда, маслиҳат кардаанд, ки баъдан манзили баҳсиро ба номи Диловаршо Ҳазараев ҳуҷҷатгузорӣ менамоянд.
Ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштани Д. Ҳазараев бародараш Олимшо Ҳазараев, тибқи шартномаи хариду фурӯш аз 15 сентябри соли 2006, таҳти № 1111 - 1174, манзили истиқоматиро ба номи ҷиянаш Шодмон Ҳазараев гузарондаст. Сипас, Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо манзили истиқоматиро ба мағоза табдил додаанд.
Бо ҳамин асосҳо байни Ҳазараевҳо баҳс пайдо шуда, Д. Ҳазараев 15 июли соли 2016 ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво, беэътибор донистани шартномаҳои харидуфурӯш ва эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба хонаи истиқоматии баҳсӣ, инчунин, кӯчондани Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо аз манзили мазкур муроҷиат кардааст.
Суди ноҳияи Шоҳмансур бо далелҳои боэътимод муайян кардааст, ки манзили истиқоматии баҳсиро Диловаршо Ҳазараев харида, муваққатан ба номи бародараш Олимшо Ҳазараев ва охирин онро бо мақсади барнагардондани манзили истиқоматӣ ба Диловаршо Ҳазараев ба номи ҷиянаш - Шодмон Ҳазараев гузарондааст.
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 195 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳди рӯякӣ, яъне аҳде, ки танҳо рӯякӣ, бидуни нияти барои он бунёд намудани оқибати дахлдори ҳуқуқӣ баста шудааст, эътибор надорад. Бо назардошти ин муқаррарот суд аризаи даъвогии Д. Ҳазараевро қонеъ намуда, шартномаҳои харидуфурӯши байни М. Я. Безродная ва Олимшо Ҳазараев, Шодмон Ҳазараев барасмият даровардашударо беэътибор донистааст.
Ваҷҳи дар муроҷиати Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо дарҷгардида оид ба он, ки суди марҳилаи якум муҳлати даъвои Д. Ҳазараевро ғайриқонунӣ барқарор кардааст, бо асосҳои зерин қобили қабул нест:  Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 224 Кодекси гражданӣ, ҷараёни муҳлати даъво аз рӯзе, ки шахс огоҳ гардидааст ё мебоист аз вайрон гардидани ҳуқуқаш огоҳӣ меёфт, оғоз мегардад. Мувофиқи моддаи 229 ҳамин кодекс, дар ҳолатҳое, ки суд сабаби гузарондани муҳлати даъворо узрнок эътироф кунад, ҳуқуқи вайронгардидаи шаҳрванд бояд ҳифз шавад.
Тавре аз далелҳои  парванда бармеояд, Диловаршо Ҳазараев дар Федератсияи Россия қарор дошта, аз вайрон гардидани ҳуқуқҳояш соли 2016 огоҳ гардида, худи ҳамон сол, яъне 15 июли соли 2016 ба суд бо даъво муроҷиат кардааст.
Бояд зикр кард, ки Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараев нисбат ба санадҳои судии дар боло зикргардида ба марҳилаи назоратии суди шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ шикоятҳои назоратӣ пешниҳод намудаанд. Бинобар беасос будан шикоятҳояшон беқаноат мононда шуда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал ирсол гардидааст. Ҳангоми омӯзиши такрорӣ низ барои овардани эътирози назоратӣ ҷиҳати тағйир додан ва ё бекор кардани санадҳои судӣ асос дарёфт нагардид.

А. ИСҲОҚӢ, муовини раиси Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 764
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед