logo

иқтисод

АЛЮМИНИЙ. ҲАҶМИ СОДИРОТ МЕАФЗОЯД

Саноатчиёни мамлакат ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, барои саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳоло ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст, талош меварзанд. Дар пайи заҳмату талоши кормандони соҳаҳои саноати мошинсозӣ, мудофиа ва кимиё танҳо дар моҳи ноябри соли равон ба маблағи 205,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли гузашта 181,8 дарсад боло рафт. Назар ба моҳи ноябри соли сипаришуда 92,6 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол гардид.
Дар маҷмӯъ, корхонаҳои соҳа дар 11 моҳи соли равон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба 11 моҳи соли гузашта 384,8 миллион сомонӣ зиёд аст.
КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» дар ин муддат ба маблағи 398,1 миллион сомонӣ (90242 тонна) маҳсулот истеҳсол намуд. Корхонаҳои коркарди алюминий дар 11 моҳ 8900 тонна алюминийро коркард намуда, суръати афзоишро ба 134 дарсад таъмин намудаанд.
Коркарди алюминий дар ин муддат чун солҳои гузашта, асосан ба КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶДММ КМ «Тоҷпроф», ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶСП «Ноқили Турсунзода» рост меояд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар ёздаҳ моҳ корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия якҷо бо КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ба хориҷи кишвар, хусусан ба давлатҳои Аврупо, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Туркия, Эрон ва Афғонистон, ба маблағи 1,6 миллирд сомонӣ маҳсулот (молҳои саноатӣ, профилҳои алюминийӣ, қубурҳои металлӣ ва арматураҳои сохтмонӣ) содирот намуданд.  
КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ба хориҷи кишвар (асосан давлатҳои Аврупо) ба маблағи 158 миллион доллари ИМА маҳсулот фурӯхтааст.
ҶДММ «Талко Кемикал» аз моҳи апрели соли равон, тибқи нақша, ба истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ - алюминийи фтордор, криолит ва коагулянт шурӯъ намуда, дар ин муддат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 51,7 миллион сомонӣ расонд. 3605 тонна фториди алюминий, 417,6 тонна криолит, 438,3 тонна кислотаи сулфат ва 820 тонна коагулянт истеҳсол гардид. Ба маблағи 34,3 миллион сомонӣ (2496,8 тонна) фториди алюминий ба Федератсияи Россия фурӯхта шуд.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 700
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед