logo

фарҳанг

ФАЛАКРО ШИНОХТАЕМ?

Мусиқии фалак бо жанрҳои шеърӣ пайвастагии ногусастанӣ дошт ва дорад. Тамоми шаклҳои жанри шеърӣ дар мусиқии фалак таҷассум ёфтаанд ва иҷро мешаванд, аз қабили рубоӣ, дубайтӣ, мухаммас, ғазал, қасида, мадҳия ва ғайра. Адабиёти шифоҳӣ ба мусиқии фалак махсус робитаи зич дорад. Ин робита бештар ба равияҳои асили мусиқии фалак, яъне ба қаторовозхонии ғайримуқаррарӣ алоқаманд аст, чунки дар замонҳои қадим созҳои мусиқии миллӣ на пардабандӣ доштанду на адворбардорӣ. Бо ин намуди созҳои мусиқӣ эҷодкор тамоми ғаму андуҳ ё шодию хурсандиро бо матн ба пуррагӣ дар пардаҳои садодиҳӣ иҷро менамуд. Ин аз паҳно ва васеъ будани имкониятҳои озоди мусиқии фалак аст, ки то ба имрӯз болои дафтари адворбардорӣ ба назар намерасанд. Дар оянда, албатта, роҳҳои адворбардории мусиқии фалак дарёфт хоҳанд шуд.
Мусиқии фалак намудҳо ва равияҳои иҷрокунандагии хоси худро доро мебошад. Имрӯзҳо баъзан аз саҳна ё аз телевизион мебинему мешунавем, ки тарзи иҷрои овозхонии мардона аз тарафи занҳои овозхон иҷро карда мешавад, ё ин ки баръакси он. То ҳанӯз касе дар саҳифаи рӯзномаву маҷаллаҳо, ё аз тариқи радио ва телевизион,  китобҳои роҷеъ ба санъат дар ин бобат ҳарфе ҳам нагуфтааст. Ҳоло вақти он расидааст, ки сароянда бояд ҳаматарафа саводнок, дорои фаҳмиши баланди адабӣ, мусиқӣ ва созшиносӣ бошад.
Ҳатто, ҳисоботҳои (ритмҳо) мусиқиҳо ё оҳангҳои қадимии миллие, ки занҳо рубоихонӣ мекунанд, аз ҳисобҳои мардҳои овозхон фарқияти зиёде доранд. Ин ҳисобҳо дар фалаксароии занона нозукиҳои занона ва ғаму андуҳ, фироқ ё шодию хурсандии онҳоро ифода мекунанд. Фалакхониҳои мардҳо бошад, нангу номуси мардона, ҳисси ватандӯстӣ ва ҷасурию далерии онҳоро таҷассум менамояд. Мисоли одӣ ин аст, ки занҳо танҳо рубоихонӣ, каму беш таронахонӣ мекунанд ва сурудҳои маросимиро иҷро менамоянд. Ғазалхонӣ, қасидахонӣ, мадҳияхонӣ, мухаммасу мусаддасу достонхонӣ ва ғайраҳо хоси фалаксароии мардҳо мебошанд. Бинобар ҳамин, хусусиятҳои иҷрокунандагии мардона аз иҷрокунандагии занона нисбати тамоми равияҳои иҷроишӣ фарқияти зиёд доранд.
Ин хусусиятҳои фарқкунанда на танҳо дар мусиқии фалак, балки дар матн ҳам ба назар мерасанд. Дар шеър ҳам агар мухотаби шоир зан бошад, онро бояд мардҳо иҷро намоянд. Агар шеър ба мардҳо бахшида шуда бошад, онро метавонанд занҳо иҷро кунанд. Яъне сарояндагон, умуман, эҷодкорону оҳангсозон бояд қабл аз ҳама ба матни шеър, мазмуни он ва самти ҷинсии он диққати ҷиддӣ диҳанд, то ки иштибоҳе пайдо нагардад.
Иҷроиши занҳо ҳам то сад сол қабл дар чорчӯбаи қаторовозхонии ғайримуқаррарӣ буд. Ҳоло ҳам дар деҳоти мухталиф ин анъана боқӣ мондааст.
Мусиқии асили фалак дар Тоҷикистон аз лиҳози минтақаҳо бо равияҳои гуногун иҷро карда мешавад, вале аз як оҳангу як мароми бадеӣ сарчашма мегирад. Фалакхонҳо низ дар ҳар минтақа бо баъзе кашишҳои овозӣ ва талаффузи лаҳҷавӣ аз якдигар фарқ мекунанд.
Мусиқии фалак бо гузашти айём ва фаслҳои сол алоқамандии зич дорад. Ҳамин аст, ки ҳар як фасли сол таронахониву фалакхонии худро дорад. Албатта, адабиёт ҳам чунин аст. Матнҳову шеърҳо низ ба фаслҳои сол бахшида мешаванд. Ин шеъру ғазалҳо оҳангҳои худ ва тариқи иҷрои мавсимии худро дар дунёи мусиқии фалак эҳё ва пайдо месозанд. Аз ин ҷост, ки фалакро жанри мусиқии адабӣ ва илмӣ номидаанд.
Дар мусиқии фалак оҳангҳои рубоиётхонӣ аз оҳангҳои ғазалхонӣ хеле тафовут доранд. Ҳар дуи ин тарз дар навбати худ аз оҳангҳои мухаммасхонӣ ва мусаддасхонӣ фарқ мекунанд.
Баъзан, агар мо ба оҳангҳои «Базми фалак» диққат диҳем, оҳанги дуюм аз оҳанги аввалӣ ва оҳанги сеюм аз дуюм ва ғайра асос мегиранд ва пайдо мешаванд. Ин намуди иҷрокунандагӣ аз қадимулайём дар байни мардум маъруф буд ва ҳоло ҳам идома дорад. Онро пайвастахонӣ ҳам меноманд. «Базми фалак» аз як то якчанд соат тӯл мекашад.
«Базми фалак» дар ҳама гуна лаҳнҳои (тональностҳо) жанри мусиқии фалак иҷро карда мешавад. Ин лаҳнҳо вобаста ба мазмуну мундариҷаи матн интихоб карда мешаванд. «Базми фалак» ҳам дар лаҳни минорӣ (андуҳу фироқ, дурафтодагӣ, пазмонӣ, ғарибафтодагӣ, ҷудоӣ аз Ватан ва хешон ва ғайраҳо) ва ҳам дар лаҳни мажорӣ (шодию хурсандӣ, ишқи пок, ҳавои рақсу бозӣ, қаҳрамонию таҳамтанӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва ғайраҳо) иҷро карда мешавад.
Лаҳни мажорӣ дар фаровардҳои базм пайдо мегардад. Ин фаровардаҳоро гардиши ҳисобӣ ҳам меноманд, ки дар ҳавои онҳо фазои рақсӣ танин меандозад. Яъне, ҳисобҳои зарбӣ ва уфарӣ пайдо мешаванд ва дар қалби шунаванда завқи баланди бадеиро тавлид менамоянд, ки ба ваҷд меояду ба рақсидан медарояд.
Дар баъзе мавридҳо ҳар дуи ин лаҳнҳо бо ҳам дар омехтагӣ низ ҷо ба ҷо бандубаст пайдо менамоянд. Ин ҳолат ҳангоми иҷро аз тарафи сароянда беихтиёр пайдо мешавад, ки он ҳам асоси мантиқӣ дорад.

Давлатманд ХОЛОВ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 618
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед