logo

фарҳанг

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. ФАЛСАФАЕ, КИ САИДҶАЪФАР ҚОДИРӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

Ҳаёт андарзест, ки дар як калом тамоми дороияш барои инсонҳо моли муштарак аст. Дар таҳосуби сарвати маонӣ ҳеҷ касро ҳаққи ҷудогонае нест. Аз ин чашмаи ҳамеша ҷӯшон ҳама ба андозаи ниёзаш об бармедорад, ташнагиро фурӯ менишонад. Нигоҳи ӯ аз дурахши ахтарони осмон, тамошои нурфишонии моҳтоб, резиши сапедаи субҳгоҳӣ, вазиши насими саҳарӣ, мавҷи рақсони баргҳои сабзи дарахтон, шӯри рангҳо дар рухсори гулҳо об мехӯрад, вуҷудаш саршори эҳсоси нишотофарин мегардад. Ин нишоту шодии бархоста аз умқи ҷон, ҳамзамон неруи зояндаи умеду орзуро дар ниҳодаш эҷод мекунад. Ба идомати зиндагиву зистан дар ин паҳндашти бекарон ҳидоят месозад.

Такяи мо рӯи навиштаҳои устоди арҷманд, физикдон Саидҷаъфар Қодирӣ аст. Ӯ дар муассисаҳои  олии кишвар ба донишҷӯёну унвонҷӯён ва ташнагони илму маърифат дарс мегӯяд. Аз дидаҳову андӯхтаҳояш, асрори бознамудааш дар домони табиат китобҳое ҳам навишта, ки бар асоси онҳо донишҷӯён дарс мехонанд.
Ӯ омӯзгор аст. Аслан, омӯзгор будан ифтихори бузургест ва на ҳамаи касоне, ки онро пешаи худ қарор додаанд, ба решаи он мерасанд. Омӯзгорӣ кардан ин бо камоли сарсупурдагӣ, мардона, огоҳона, бе гом ниҳодан дар марзи афсӯсу пушаймонӣ, бо дигарон қисмат кардани умри гаронбаҳост. Дар ин радиф омӯзондани илму дониш дар замири насли наврас сабзондани тухми меҳру муҳаббат, садоқату дӯстдорӣ ба ин хоку сарзамин аст. Амалӣ гаштани ин ҳадаф ранҷу заҳмати фаровонро ба думбол дорад.
Истилоҳшиносӣ дар шакли луғат, фарҳанг, вожанома ва амсоли инҳо як бахши муҳими илми худшиносӣ маҳсуб ёфта, тадқиқу баррасии он тайи чанд соли охир аз ҷониби иддае аз муаллифон ё гурӯҳи муаллифон ба монанди С. Ҷ. Арзуманов, Ҳ. А. Аҳрорӣ, В. А. Капранов, Я. И. Калонтаров, Н. Маъсумӣ, Раҳим Ҳошим, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Воҳид Шарифов, Тӯхта Ҷӯраев, гурӯҳи муҳаққиқони тоҷик бо роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ ва донишмандони дигар рӯи чоп омадаанд, сурат гирифтааст. Дар байни ин дастранҷҳо «Луғати русӣ – тоҷикии истилоҳоти физика» - и таълифкардаи Саидҷаъфар Қодирӣ (1985) дар роҳи эҷоди луғатҳои дузабонаи нимтафсирӣ  таҷрибаи нахустин буда, зиёда аз 2200 истилоҳи физикиро фароҳам овардааст. Он дар риштаи истилоҳот падидаи саривақтӣ буд.
Гуфтугӯ аз дастранҷҳои устод Қодирӣ дар фанни физика, аз қабили радиоактивият, хосияти асосии ядроҳои устувор, моделҳои ядроҳои атом, бунёди физикаи ҳастаӣ, истилоҳшиносӣ, истилоҳсозӣ, нақди илмию адабӣ мавзӯи дигарест. Ҳадафи мо нигоҳе ба якчанд асарҳои алоҳидаи таълифнамудаи устод ба монанди «Абармарде дар роҳи илму фарҳанг», «Муаллим», «Пояи давлат намонанд бе маориф устувор», «Олами маънӣ шудему доғи ҷаҳл аз мо нарафт», «Бақара» ва «Сафои ботин» аст.
Омӯзишу таҳқиқ ва баррасии масъалаҳои марбути маорифу фановарӣ ва умуман, худшиносии миллӣ тӯли солҳост, ки бо шарофату борикбинию мӯшикофӣ ва фошгӯии ин абармарди маърифатпарвару саховатпешаи илм табдил ёфтааст.
Эҷодиёти гуногунпаҳлуи устод Қодирӣ, ки дар заминаи омӯзишӣ ҷанбаҳои фановарию маърифатӣ ва тарзу равиши тасвирофаринӣ иншо шудааст, бо тозакориҳову навгониҳои худ фарқ мекунанд.
Илова бар ин, устод дар таҳлили нигоштаҳои ҷудогонаи вобаста ба мавзӯҳои мубрам, ба кушодани баъзе аз муаммоҳои рамзиву ташбеҳоти тамсилӣ тавонистааст, ки бори дигар назариёти мувоҷеҳи имрӯз, бахусус тамаддуни моро, бо хонанда ошно сохта, ӯро бо сарчашмаҳои омӯзиши ирфон, ки гузаштагони мо аз ин замина асос ҷуста, комгору бархӯрдор будаанд, ба таҳқиқ мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад. Дар шинохти мантиқ ва рамзофаринӣ дар тасвири ирфонӣ, чунон ки дарк мешавад, пеш аз ҳама, ангезаҳои тахайюл, таҳайюр ва таваҳҳум метавонанд боровар бошанд, ки ин пардаҳои  мадракӣ сарчашмаҳои назари орифонро дар ҳама давру замон аз маърифат саршор кардаанд. Бинобар ин, нақши афкор ва ҳунари муҷизаофари Сайидҷаъфар Қодирӣ авроқи ҳастии моро бо хусусиятҳои гуногуни тасвироти бадеӣ оро медиҳад ва дар таълими ахлоқ ва маънавият нақше созгор гузоштаанд. Нигоштаҳои ӯ дар гиромидошти фазилати инсонӣ ва дарки маонӣ бо тасвири ғояҳои баландмазмуни инсонпарварона боқӣ мемонад.
Сарчашмаҳои офариниши тасвир дар осори эҷодиёти муаллим Қодирӣ ба пиндори дуруст, бо маърифату маънавияти мардум, андарзу пандномаҳои шифоҳӣ ва ҳикмати бузургони адабу фарҳанг, ҳодисаҳои раҳнамову заковатбор, вижаҳои мантиқии ривоёти бемисли мардум ва тафаккури зиндагисози халқ иртиботи амиқ дорад.
Сайидҷаъфар Қодирӣ пеш аз он, ки бо нигориши сувари хаёл мепардозад, аввал дар мутобиқоти андешаҳои мантиқи хеш иртиботи табиат ва инсонро дар ҳамоҳангӣ бо назари ифодагари ҷаззобият мебинад. Аз ин ҷост, ки хонанда ҳангоми мутолиаи эҷодиёти ӯ, ки марбути табиат аст, хешро дар ҷаҳоне дигар меёбад. Ин ҷаҳон аз назаргоҳи тахайюли ифодагар мавриди дидан ва нигориш қарор мегирад.
Сайидҷафар  Қодирӣ иддаои нависандагӣ надорад, вале ин андеша дар тору пуди зеҳнаш сангин нишаста, ки ҷузъи зиндагии ӯст. Дарёфта, ки бе дарки маонӣ, бе эҳсоси сояи равонбахшу неруангезу умедофарини он зистан мушкил ва гузаштан аз он номумкин аст.

Самардин  ЯҚУБОВ, номзади илмҳои техникӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2019    №: 241 - 242    Мутолиа карданд: 691
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед