номаҳо
ДУШАНБЕ ШАҲРИ ОРЗУҲО
Душанбе шаҳри орзуҳои ҷавонии ман аст. Инак, баъди дуриҳо ба дидораш омадам, чунки дар як гӯшаи дури кӯҳистон пазмон ва дар орзуи дидораш будам. Ростӣ, хаёл надоштам ба олами афсонавие меафтам. Сад дар сад дигар шудааст Душанбе.
Замоне роҳбари вақти Шӯравӣ Л. И. Брежнев ҳангоми боздидаш ба атрофиён шӯхиомез гуфтааст «Душанбе эта не город, а большой кишлак». Аммо, ростӣ, Душанбеи имрӯз шаҳри афсонавист…
Дар ташаккули симои шаҳр хидмати Х. Маҳмадназаров, М. Икромов барин шаҳрдорон боиси ситоиш аст. Боиси шодмонист, ки Рустами Эмомалӣ тавонист ормонҳои ин шаҳрдоронро рустамона рӯйи кор орад ва Душанберо гулшаҳр намояд. Кори нек, меҳнати некро ситоиш бояд кард.
Симои имрӯзаи Душанбе маро ба ҳайрату ҳаяҷон овард. Душанбе ба таври афсонавӣ тағйир ёфтаасту рушд кардааст. Фаъолияти шаҳрдории Рустами Эмомалӣ бояд барои тамоми шаҳрдорон намунаи ибрат бошад, чунки бархе шаҳрдорон ақалан барои тозагии шаҳрашон хизмат намекунанд. Дарахтонро об намедиҳанд, гулҳо ношукуфта пажмурда мешаванд, ҳазорон бех дарахт шинонда онҳоро мехушконанд. Бо чашми худ дидам, ки Рустами Эмомалӣ хидмати шоистае кардааст барои ободии Душанбе.
Душанбе ба мулки таърих чун гулшаҳр дохил мешавад. Замоне агар Бухоро чун пойтахти Давлати Сомониён шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда бошад, ҳоло Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфтааст.
Қадам мезанам дар кӯчаҳои гулпӯши Душанбе, дида медӯзам ба ҳар навигарии ону ҳайратам афзун мешавад. Месазад имрӯз дар бораи Душанбе васфнома навишт, чуноне ки замоне устод Лоиқ «Ушоқи Душанбе» - ро навишта буд. Боғҳои Айнӣ, Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Алишери Навоӣ инсонро ба ваҷд меоранд. Оромгоҳи Лучоб рӯҳи бузургони миллатро поянда медорад.
Душанбе хонаи умеди миллонҳо тоҷик ва форсизабонони дунё ва қадамҷойи бузургони миллат С. Айнӣ, М. Турсунзода, Б. Ғафуров аст. Шаҳрдори ҷавон ҳар як кӯчаю хиёбону шоҳроҳро навсозӣ карда, биноҳои боҳашамат ва қасру кӯшкҳо офаридааст. Зинда бош, Душанбе - хонаи умеди тоҷикону Тоҷикистон.
Х. САФАРЗОДА, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2019 №: 241 - 242 Мутолиа карданд: 4255