logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ. САҲИФАҲОЕ, КИ ДАР ТАЪРИХ ДУРАХШОНАНД

Мардуми шарафманди тоҷик 28 сол боз дар фазои Истиқлолияти давлатӣ умр ба сар бурда, дар ин давраи кӯтоҳи таърих бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаҳои рангину дурахшонеро дар таърихи давлатдории навини хеш боз намуданд.

Мутаассифона, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бар асари дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ  кашида шуд, ки боиси ҳалокати ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар гардид. Он замон кишварро хавфи парокандашавӣ таҳдид мекард. Дар чунин лаҳзаҳои душвор 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуда, оташи ҷангро хомӯш ва сулҳу суботро ба мардум армуғон оварданд. Ин шоҳкорӣ ё ҷасорати Президенти маҳбуби кишвар дар роҳи наҷоти миллат аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ дур намонд ва дар поёни асри XX собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан 10 ҳодисаи нодири қарнро номбар кард, ки яке аз онҳо эҷоди сулҳу ваҳдати миллии мо буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду инкишофи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистони азиз тадбирҳои боварибахшу ташаббусҳои байналмилалиеро анҷом доданд, ки обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ афзуд. Аз он ки феълан дар соири кишварҳои ҷаҳон ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷиконро самимона истиқбол намудаву онро татбиқ месозанд, ин эътибори давлат ва ифтихори ҳар шаҳрванди баномуси Тоҷикистони азиз аст.
Таҷрибаи инсонӣ собит месозад, ки ҳар нафари соҳибватан, ки бо амри тақдир дур аз Ватани худ афтодааст, ҳамеша дар ёди обу хоки сарзамини хеш буда, орзуи ниҳоияш баргаштан ба зодбуми аҷдодӣ аст. Ин орзуву ормон дар дили ҳазорон тоҷиконе, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам ба сар мебаранд, маъвои ҳамешагӣ дорад. Зеро Ватан ва хоку оби он барои ҳар инсон азизу муқаддас аст.
Табиист, ки ҳазорон ҳамватани бурунмарзии мо вобаста ба он чи дар Тоҷикистон мегузарад, таваҷҷуҳ доранд ва ба масоили дохиливу хориҷии мамлакат бефарқ нестанд. Онҳо аз пешрафту тараққиёти кишвари худ аз дуру наздик истиқбол намуда, аз нуфузи афзояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор доранд. Ифтихор аз он ки имрӯз ҳарфи аввалро вобаста ба ҳалли масоили глобалие чун оби тоза ва таъмини дастрасии сокинони сайёра ба онро дар ҷаҳон Тоҷикистон ва Сарвари давлати тоҷикон мегӯянд ва аҳли олам бо таваҷҷуҳ ба он гӯш фаро медиҳанд.
Воқеан, Тоҷикистон - хонаи умеди мо ва тамоми тоҷикони рӯи олам, дар пайи ибтикороти тозаву нав ба нави роҳбарияти олии кишвар сол ба сол ободтару зеботар ва мутараққӣ мегардад. Ҳаракат ба самти уфуқҳои тозаи рушду тараққиёти кишвари мо таҳти роҳнамоии оқилонаву ояндабинонаи Пешвои миллат ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва тавсифи коршиносону сиёсатмадорони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ қарор дорад. Чунончи Доналд Туск, Президенти Шӯрои Аврупо, ки 29 - 30 май бо  як ҳайати баландпоя бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ натиҷаҳои сафараш ба кишвари моро мусбат арзёбӣ намуда, чунин таъкид кард: «Воқеан, мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки мардуми бисёре аз кишварҳои сайёра доштани чунин сарварро орзу мекунанд».
Ҳоло вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад ва ба ифтихори Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо кардаанд. Ҳар рӯз аз ин ё он гӯшаи диёр вобаста ба бунёдкориҳо, сохта ба истифода додани иншооти таъйиноти гуногун хабару гузоришҳои фараҳбахш мерасанд, ки аз расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дарак медиҳанд.
Воқеан, ин ташаббуси Сарвари давлат як ислоҳоти муосири иҷтимоию иқтисодиест, ки барои беҳбудии рӯзгори мардум, тарзи ҳаёти солим ва пешрафти шаҳру ноҳия ва деҳоти Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад. Амалӣ намудани он дар кишварамон барои аз байн бурдани тафовутҳои ҷиддӣ байни шаҳру деҳот, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ таъсиргузор хоҳад буд.
Дар маҷмӯъ, Истиқлолияти давлатӣ ба Тоҷикистони азиз ва мардуми он роҳи мунаввару дурахшонеро боз намуд, ки имкон дорад бо заҳмати софдилонаю ватандӯстона рӯз ба рӯзу сол ба сол муваффақиятҳои аз ин бештареро соҳиб гардем.

Фатҳиддин БАҲРИДДИНОВ,
раиси кумитаи иттифоқи касабаи
кормандони маорифи ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2019    №: 243    Мутолиа карданд: 1043
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед