мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
20 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд.
Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишвар, инчунин, вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд. Ҳамчунин, рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус масъалаи эълони афви навбатии муҳоҷирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия, муҷаҳҳаз гардондани артиши Тоҷикистон бо лавозимот ва техникаи муосири низомӣ тибқи барномаҳои қабулшуда баррасӣ шуданд.
Зимни мубодилаи афкор атрофи вазъияти байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо бо ишора ба ҳолати имрӯзаи нигаронкунандаи Афғонистон зарурати таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистонро таъкид карданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо матраҳ гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2019 №: 244 - 245 Мутолиа карданд: 5444