logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. ҲАМОҲАНГӢ ДАР МУБОРИЗА НАТИҶАОВАР АСТ

Дар ҷаҳони имрӯз  чанд зуҳуроти номатлуб вуҷуд доранд, ки хусусияти глобалӣ касб намуда, ба мушкилоти хоси ҳамаи давлатҳои олам табдил ёфтаанд. Аз ҷумлаи зуҳуроти манфии боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин коррупсия ва паёмадҳои ногувори вобаста ба он мебошад, ки бо вуҷуди талошҳои тӯлонӣ ва ҳамбастагиву иттиҳоди байналмилалӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо он, ҳамоно масъалаи мубрам ва печида боқӣ мемонад.
Созмони Милали Муттаҳид бо назардошти он ки коррупсия ниҳодҳои демократиро  заиф  сохта, ба волоияти қонун латма мезанад ва барои ҷинояткорон баҳри роҳандозии фаъолияти ҷинояткорӣ шароит фароҳам месозад, 31 октябри соли 2003 Конвенсияи алоҳидаи зидди коррупсияро қабул намуд, ки муҳимтарин санади муътабари сатҳи байналмилалӣ дар самти мубориза бо ин зуҳуроти нангин мебошад. Аксари кишварҳои дунё ин ҳуҷҷати соҳибэътибори ҷаҳониро ба тасвиб расонда, ба як ҷузъи таркибии низоми қонунгузории миллиашон табдил додаанд. Мамлакати мо низ бо нишони ҷонибдорӣ аз талошҳои байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимат бо коррупсия санади мазкурро ба тасвиб расонд.
Бинобар паёмадҳои зиёнбори коррупсия, Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи яке аз паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ чунин таъкид доштанд: «Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад».
Бо назардошти ин гуфтаҳои Пешвои муаззами  миллат, лоиқи зикр аст, ки ҷиҳати мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи қавии сиёсӣ дар сатҳи роҳбарияти олии кишвар мавҷуд аст. Низоми қонунгузории миллӣ тӯли чанд соли охир дар натиҷаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва қонунии танзимкунандаи маҷмӯи фаъолиятҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия заминаи созгорро фароҳам овардааст. Чандин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самтро кишвари мо ба тасвиб расонд. Мақомоти  алоҳидаи салоҳиятдори давлатӣ низ дар доираи такмили низоми ҳокимияти давлатӣ дар бахши мубориза бо коррупсия таъсис ёфт, ки тӯли чанд сол аст, фаъолияти пурсамар дорад. 
Усулҳои мубориза баҳри коҳиш додани шиддати амалҳои коррупсионӣ гуногунанд, лек роҳи муассир - ин муборизаи пайваста, муназзам, ҳадафманд ва маҷмӯист, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Ҷавҳари аслии ин шеваи мубориза бо коррупсияро тағйири мафкура ташкил медиҳад, ки он  тамоми раванди ташаккули як инсони боирода, соҳибмаърифат ва адолатпарварро дар бар мегирад.
Мубориза бо коррупсия фаъолияти дастаҷамъист ва ҳамоҳангии имконияту талошҳои ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва, дар маҷмӯъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо дорад. Аз ин рӯ, агар мо рушди давлат, саодати мардуми он ва таъмини зиндагии пуршарафи ҳар фарди кишварро хоҳем, бояд бо коррупсия дар ҳамоҳангӣ бо ҳама мақомоти масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза барем.
Боло бурдани савияи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ дар хусуси коррупсия, нишона ва паёмадҳои ҳуқуқии он низ як ҷанбаи муҳиму таъйинкунандаи коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ мебошад. Вақте шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ соҳибмаърифат ба ҳар ҳарфи қонун эҳтиром мегузоранд, ҳамаи амалу муносибатҳои худро дар доираи расмиёти қонунӣ ба роҳ мемонанд, дар маҷмӯъ, ҳокимияти қонун ба пуррагӣ ва бечунучаро таъмин аст, торафт доираи амалу ҳаракатҳои коррупсионӣ маҳдудтар мегардад. Бо эътимод метавон таъкид намуд, ки маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонуният садди мустаҳкамест пешорӯи амалҳои коррупсионӣ.

Суҳроб  РУШАНЗОДА, раиси суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2019    №: 244 - 245    Мутолиа карданд: 758
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед