logo

маориф

ХАТЛОН. БУНЁДИ 33 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Дар доираи корҳои ободонӣ то соли 2021 аз ҳисоби соҳибкорони  маҳаллӣ  ва  дигар  сарчашмаҳо дар ноҳияи Данғара 33 муассисаи  таҳсилоти миёнаи  умумӣ бунёду навсозӣ  мегардад, ки  ба рушди  минбаъдаи  соҳаи маориф  мусоидат хоҳад кард. То 10 декабри соли равон 16 иншооти таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Илова бар ин, дар деҳоти Лолазор муассисаи таълимии №25, дар деҳоти Исмат Шарифов №58, дар деҳоти Корез №79, дар деҳоти Оқсу №32 ва дар деҳоти Пушинг мактабҳои №№ 39,45 то моҳи сентябри соли 2020 ба истифода дода мешаванд.

- Тавре ба ҳамагон маълум аст, соли равон Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳия  ташриф оварда, бо  буридани лентаи рамзӣ як қатор иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои муассисаи таълимии  №№ 5, 28, 33 ва 51 - ро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 барои 1520 хонанда дар  ду  баст  дар  маркази  деҳаи Пушинг қомат афрохт, - гуфт зимни  суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Фаридун Давлатзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия.
Ба гуфтаи ӯ, муассисаи таълимии пешинаи деҳа куҳнаю фарсуда шуда,    ба шароити рӯз  ва талабот ҷавобгӯ набуд. Бо дастгирии Пешвои миллат  мушкилии сокинон  ҳал  шуд ва онҳо  соҳиби боргоҳи замонавии  илму  маърифат  гардиданд.
Бинои нави дуошёнаи МТМУ № 28 - и  деҳаи Шар - шари  деҳоти  Себистон дар масоҳати  2 гектар барои 480 толибилм бо истифодаи дастовардҳои муосири меъморӣ бунёд гардида, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зебу оро ёфтааст. Барои таълиму тарбияи  насли наврас  шароиту имконияти беҳтарин фароҳам оварда шудааст. Синфхонаҳо бо аёнияти таълимӣ, тахтаҳои электронӣ, компютер ва дастгоҳҳои лабораторӣ таъминанд.
Муассисаи таълимии № 33 - и  деҳаи Кӯли Сӯфёни деҳоти Оқсу аз  ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ барои дар ду баст ба таҳсил фаро  гирифтани 480 хонанда бунёд гардидааст. Иншооти ҷашнӣ дорои 10 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, физика, химия, биология, китобхона ва дафтарҳои корӣ мебошад. Қаблан дар деҳаи Кӯли Сӯфён  муассисаи таълимӣ бо 150 ҷойи нишаст фаъолият дошт, вале бо  сабаби  ҷавобгӯ набудан ба талаботи замони муосир ва афзоиши шумораи хонандагон сокинон мушкилӣ мекашиданд.
Бинои асосии МТМУ № 51 дар деҳаи Талхоби деҳоти Оқсу  аз ду ошёна ва 11 синфхона иборат буда, барои ба таҳсил фаро  гирифтани 528 хонанда дар ду баст бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Ба гуфтаи Фаридун Давлатзода, бинои нави  боргоҳи донишу  маърифат  дар ҷои  иморати  қаблии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51, ки  соли 1987 аз тарафи аҳолии деҳа тариқи  ҳашар барои 90 хонанда сохта шуда буд, қомат афрохт. Бинои мактаби нав барои хонандагони деҳаи Талхоб дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни бошукӯҳи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд ёфт ва мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳоло корҳои  сохтмонӣ  дар бинои  дуюми муассиса, ки дорои толорҳои  маҷлис, варзиш ва ошхона аст, идома доранд. Муҳлати бунёди ин  иншоот ду сол аст, вале сохтмончиён талош доранд, то онро пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз доштанд: «Сокинони  меҳмоннавозу заҳматпешаи  ноҳияи Данғара  барои дар сатҳи  баланд ва  бо эҳсоси  гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ истиқбол гирифтани Ҷашни  мубораку муқаддаси 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон азму талоши бештар мекунанд ва зодгоҳу диёри хешро боз ҳам ободу  пешрафта мегардонанд».
Соли равон дар арафаи Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳоти Себистон ва Пушинг ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ - №№ 18, 63  барои  480  хонанда  дар  ду  баст  сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, аз тарафи соҳибкорон мактаби № 57 дар деҳоти Оқсу мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сол ба сол шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия  зиёд шуда  истодааст, ки ин ба беҳшавии сифати таълиму тарбия мусоидат мекунад. Ҳоло иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бештар мегардад. Хонандагони ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли равон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 72 медал шуда, бо ин нишондиҳанда дар  вилояти Хатлон дар ҷойи якум мебошанд. Инчунин, соли равон 85 дарсади хатмкунандагони синфҳои 11 ба донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуданд.
- Дар оянда барои таъмин намудани шароити боз ҳам беҳтари илму  ҳунаромӯзӣ ва ба машқу тамрин фаро гирифтани хонандагон дар муассисаҳои навбунёд сохтмони толору майдончаҳои варзиш, маҷлисгоҳу ошхона ва дигар  иншооти ёрирасон, аз ҷумла  барои  таъминот  бо гармӣ  ва оби  нӯшоӣ, ба  нақша гирифта  шудааст, - гуфт Фаридун Давлатзода.

Кароматулло  АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2019    №: 244 - 245    Мутолиа карданд: 2789
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед